СОДИРОТИ МАҲСУЛОТ БА ШОНЗДАҲ ДАВЛАТИ ҶАҲОН

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар нимсолаи аввали соли 2021 баргузор гардид, ки дар он муовинони раиси шаҳр, роҳбарони шуъбаю сохторҳои шаҳр ва зиёда аз 40 нафар рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ иштирок намуданд. Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев иштирок кард.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2021 маълумоти муфассал манзур намуда, гуфт, ки барои ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми иқтидорҳою имкониятҳо самаранок истифода бурда истодаанд. Дар ин ҷода кулли сокинони шаҳр бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рӯзафзун андешида, нимсолаи якуми соли 2021‐ро бо дастовардҳои назаррас натиҷабардорӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ саноатчиёни шаҳр ҳадафи чоруми стратегии миллӣ саноатикунонии босуръати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, новобаста аз омилҳои бавуқуъпайваста чораҳои судмандро амалӣ намуданд. Дар натиҷа, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурӯши обу барқ ба 632,7 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 77,4 миллион сомонӣ ё 13,9 дарсад афзоиш ёфтааст. Аз ин миқдор ба маблағи 156 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 20,2 дарсад афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад. Дар ин давра 13 корхонаи нави хурду калони истеҳсолӣ пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 176 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби ин корхонаҳои нав 156 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Инчунин, аз ҷониби 70 адад корхонаи хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 260,5 миллион сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 51,3 миллион сомонӣ ё 24,5 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра аз 125 намуд маҳсулоти асосӣ, истеҳсоли 85 намуд ё нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 зиёда аз 100 фоиз таъмин карда шудааст. Инчунин номгӯи намуди маҳсулотҳои саноатӣ низ зиёд шуданд, ки онҳо асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол гардида, ба 16 давлати муштаракулманофеъ содирот шуда истодаанд. Ба онҳо истеҳсоли маргарин, ранг ва қумпардозии минералӣ, дӯхтани либоси варзишӣ, дӯхтани либоси ҳарбӣ, ноқилҳои электрикӣ ва маҳсулоти дару тирезаҳои муосир мисол шуда метавонанд.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки давраи сипаригашта дар шаҳри Хуҷанд тибқи иҷрои дастуру супоришҳо ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди нави истеҳсоли маргарин ва равғани зарди Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Субҳи заррин”, хатти нави истеҳсолӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Хуҷанд Агро” ва корхонаи коркарди маҳсулоти ордӣ ва нонии соҳибкори инфиродӣ Ҷумъабой Абдулҳакимов ифтитоҳ гардид. Дар ин корхонаҳо бо истифода аз технологияи муосир коркарди маҳсулоти воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда ба роҳ монда шудаанд. Чораҳои андешидашудаи босубот, барои зиёд гардидани иқтидори истеҳсолии маҳсулотҳои рақобатпазиру воридотивазкунанда, ҷойҳои нави корӣ, ҳаҷми сармоягузории дохилию хориҷӣ, ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ва манбаъҳои андоз ба буҷети давлатӣ заминаи устувор гузоштанд. Дар ин давра барои азнавсозии технология ва муҷаҳҳаз гардонидани корхонаҳои саноатӣ зиёда аз 8,5 миллион сомонӣ сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ ҷалб карда шудааст.

Шаҳрдор афзуд, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30‐солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14‐уми июни соли 2018 иборат аз 341 банд бо назардошти сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди беш аз 510 иншооти соҳаи хоҷагии халқ тасдиқ шудааст. Дар маҷмӯъ давоми солҳои 2018‐2021 ум 271 банди нақшаи чорабинӣ амалӣ шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30‐солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 497 адад иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ин иҷроиши 97,5 фоизи иншооти ба нақша гирифташударо дар бар мегирад. Гузашта аз ин дар ин давра беш 200 иншооти иловагии берун аз нақшаи тасдиқгардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Бо мақсади ба кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр зам намудани ҳусну таровати замонавӣ миқдори зиёди лампаҳою шилшилаҳои муосир, равшанкунакҳои светодиодӣ насбу васл карда шуда, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, боми биноҳо ва қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз шуданд. Дар ин раванд ҷиҳати кабудизоркунӣ дар кӯчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз ва гулҳои ҳархелаи ороишӣ шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор доранд.

Дар охир рӯзноманигорон вобаста ба раванди корҳои ободонӣ, вазъи хизматрасонии об, иҷрои нақшаи буҷет, рушди соҳаи саноат, сайёҳӣ, муҳити зист ва ғайраҳо ба раиси шаҳри Хуҷанд саволҳои хешро ироа намуда, посухҳои дақиқ дарёфтанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh