УСТУВОРИИ ИҚТИСОДИЁТ - ОМИЛИ ПЕШРАВИИ КИШВАР

Бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят иншооти саноатии мухталиф мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор гирифт. Боиси таъкид аст, ки имрӯз саноатчиён дар истеҳсоли маҳсулоти босифат, содирот ва рақобатпазир малака ва қувваи худро сафарбар кардаанд.

Иштирок дар намоишҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ҳамзамон, муаррифии маҳсулоти хушсифати вилоят боиси зиёд гардидани талабот дар бозори ҷаҳонӣ ва дохилӣ гардидааст. Ҷоиз ба зикр аст, ки баробари афзудани корхонаҳои саноатии хурду бузург сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин шуда истодаанд.

Бино ба маълумоти оморӣ, дар нимсолаи якуми соли 2021 корхонаҳои саноатии вилоят якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 8976 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 133,2 фоизро ташкил кард.

Боиси таъкид аст, ки аз 206 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшавандаи корхонаҳои саноатии вилоят дар моҳҳои январиюни соли 2021 истеҳсоли 147 номгӯй афзуда, 55 номгӯй кам шудааст ва 4 номгӯй истеҳсол нагардидааст. Алҳол дар вилоят 711 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки аз он 38 корхона хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд. Аз 673 корхонаи саноатии ҳисоботдиҳанда дар моҳҳои январиюни соли 2021‐ум 411 корхона ё 61,1 фоиз нисбат ба моҳҳои январ‐июни соли гузашта сатҳи истеҳсолиро баланд бардошта, 141 адад ё 20,9 фоизи корхонаҳо сатҳи истеҳсолиро паст намуданд.

Айни замон миқдори корхонаҳои бо сифр ҳисобот пешниҳоднамуда 121 адад ё 18 фоизро ташкил медиҳад. Ноҳияи Мастчоҳ низ дар нимсолаи аввали соли 2021 ум ба нишондиҳандаҳои баланди саноатӣ ноил гардидааст. Тавре мутахассиси пешбари рушди иқтисод ва савдои ноҳия Ҳафизхон Файзиев иттилоъ дод, алҳол дар ноҳия 31 корхонаи саноатии хурду калон фаъолият дорад, ки сокинони ноҳияро бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардаанд. Аз ҷумла, нишондиҳандаҳои хуби истеҳсолӣ дар коргоҳҳои ҶДММ «Нури Сафар», ҶДММ «Чорбу», ҶДММ «Суғдсемент» ва ғайра ба назар мерасанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ корхонаҳои саноатии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2021 ба маблағи 89 миллиону 908 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 18 миллиону 109 ҳазор сомонӣ зиёд аст, ки 125,2 фоизро дарбар мегирад.

Корхонаҳои саноатӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 дар шакли асл 63,6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 63,6 тонна маҳсулоти ширӣ, маҳсулотҳо аз чӯб ва халтаҳои полиэтиленӣ истеҳсол намудаанд, гуфт номбурда. Ҳамзамон, иттилоъ дода шуд, ки давоми нимсолаи якуми соли 2021 дар ноҳия гардиши савдои чакана 150 миллиону 951 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ зиёд буда, 119,7 фоизро дарбар мегирад. Боиси таъкид аст, ки соли 2009 коргоҳи сементбарории ҶДММ «Суғдсемент» ба фаъолият оғоз карда буд. Сардори коргоҳи мазкур Комилҷон Камолов иттилоъ дод, ки аз аввали ташкили коргоҳ то ба имрӯз нишондиҳандаҳо бамаротиб афзудаанд. Дар нимсолаи аввали соли равон мо тавонистем маҳсулоти худро бо нишондиҳандаҳои баланд ҷамъбаст намоем.

 Давоми шаш моҳ беш аз 32 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол карда, маблағи фурӯш беш аз 14 миллион сомонӣ, андозаи ҳисобшуда 27 миллиону 741 ҳазор сомонӣ, андозаи фурӯш 2 миллиону 774 120 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар як моҳ коргоҳ беш аз 6 7 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол мекунад, гуфт номбурда. Боиси қайд аст, ки дар коргоҳ дар аввали фаъолият 110 нафар корманд фаъолият мебурд ва шумораи онҳо имрӯз ба 215 нафар расонида шудааст. Аз онҳо 8 нафар зан мебошанд. Музди миёнаи маоши кормандон 1577 сомониро ташкил медиҳад. Чанд муддат аст, ки дар коргоҳи сементбарорӣ фаъолият бурда истодаам. Аксар бар он ақидаанд, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ метавонӣ бештар маблағ ба даст орӣ, вале гумон мекунам, ки дур аз Ватану ёру дӯстон, падару модар ва фарзандон будан мушкил аст. Банда низ ҳаваси муҳоҷирати меҳнатиро доштам. Ростӣ, ба муҳоҷират ҳам рафтам, вале дар мамлакати бегона зиндагиву кор бароям душвориҳои зиёде овард. Ҳоло дар коргоҳи сементбарорӣ ба ҳайси сардори сехи барқӣ фаъолият бурда истодаам ва се фарзанду падару модарро бо ин васила таъмин карда истодаам, гуфт сокини ноҳияи Спитамен Шавкат Носиров.

Тавре роҳбари коргоҳ иттилоъ дод, онҳо минбаъд нақша доранд, ки дар ояндаи наздик боз як заводи пуриқтидорро ба истифода диҳанд. Аз Ҷумҳурии Халқии Хитой барои амалӣ кардани фаъолияти минбаъда, яъне ташкили сехи калонҳаҷм сармоягузорон ҷалб гардида истодаанд. Дар ҳолати амалӣ шудани нақша умед дорем ҳаҷми истеҳсолотро зиёд ва ҷойи кориро бештар гардонем. Баробари ин содироти маҳсулоти баландсифатро ба кишварҳои дуру наздик ба роҳ монем. Алҳол маҳсулоти мо бозори дохилиро таъмин карда истодааст, афзуд Комилҷон Камолов. Ҷоиз ба қайд аст, ки масъулин қувва ва неруи худро баҳри иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар равона карда, барои ташкил ва бунёди корхонаҳои нави саноатӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Саноатчиёни ноҳия кӯшиш доранд, ки ҷашни бошукӯҳи миллии таърихӣ 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишондиҳандаҳои назаррас пешвоз гиранд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh