КОҲИШЁБИИ САТҲИ ҶИНОЯТКОРӢ

Нишасти матбуотӣ оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бӯстон дар нимсолаи аввали соли равон бо иштироки раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода, Хуршедахон Хоҷазода – сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони сохторҳои гуногун ва рӯзноманигорон маълум сохт, ки нақшаи даромадҳои умумии буҷети шаҳр 107 фоиз иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта наздик 15 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 273 миллиону 759,2 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки дар қиёс ба соли рафта наздик 2 миллион сомонӣ ё худ 100,7 фоизро дарбар мегирад. Дар 37 корхонаи саноатии шаҳр зиёда аз 1400 нафар бо тамоми шароити мавҷуда фаъолият доранд ва инчунин 5 корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳанд шуд.

Раиси шаҳр аз вазъи соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, вазъи омодагӣ ба ҷашни миллӣ, таъминоти оби нӯшокӣ, танзими нархҳо дар бозори шаҳр, ҷавонон ва варзиш маълумот дода, афзуд, ки дар ин самт пешравиҳо ба назар мерасанд. Маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар ин муҳлат зиёда аз 12 миллион сомониро ташкил дода, бо маблағи зиёда аз 1,3 миллион сомонӣ таҷҳизот харида шуд.

Мушкилоти дигар дар шаҳр норасоии оби нӯшокӣ ба ҳисоб мерафт, ки хушбахтона аз рӯи лоиҳаи “Баланд бардоштани системаи обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон” ҳалли худро ёфтааст ва аҳолӣ бо оби нӯшокии доимӣ таъминанд. Давоми шашмоҳаи аввали соли равон ҳамагӣ 98 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 62 адад кам мебошад. Хабарнигорон оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва имрӯзу фардои шаҳр суолҳои худро ироа доштанд.

Шабнам ШӮҲРАТЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh