ТАЪСИСИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ БАҲРИ ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАФТ

Дорои захираҳои бузурги канданиҳои фоиданок будани кишвари офтобрӯяи тоҷикон, дар қаъри кӯҳҳои сарбафалаккашида ҷойгир шудани ин минтақа, соҳиби сарватҳои нодир ва канданиҳои фоиданок будани мардуми ин сарзамин тамоми ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Ба гуфти тадқиқотчиёни солҳои охир дар қаламрави мамлакат зиёда аз 600 кони кандании фоиданок кашф шудаанд, ки дар онҳо беш аз 60 намуди ашёи минералӣ: тилло, нуқра, сурб, сурма, симоб, мис, қалъагӣ, сангҳои гаронбаҳову ороишӣ, намак ва дигар канданиҳои нодир маҳфузанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки соҳаи саноати кӯҳӣ – металлургӣ яке аз соҳаҳои фоидаовари хоҷагии халқи мамлакат ба шумор рафта, омили асосии ғанӣ гардонидани буҷаи давлат мебошад. Зиёда аз ин ин соҳа барои рушди истувори иқтисодиёти кишвар заминаи мустаҳкам гузошта, шароити мусоидро дорост. Хушбахтона, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷидду ҷаҳд ва саъю талоши худро баҳри таҷдиду рушди соҳаи саноати кӯҳӣ – металлургӣ равона сохтаанд.

Ин аст, ки муассисаю корхонаҳои ин соҳа аз нав таҷдид гардида, корхонаҳои ватанию муштараки нав ба фаъолият оғоз намудаанд. Таъкиди Сарвари давлат «Бунёди корхонаҳои саноатӣ оид ба коркарди маъдан, металлҳои ранга аз коркарди ашёи хом то маҳсулоти ниҳоӣ табдил додани металлҳои ранга ва сангҳои қимматбаҳо яке аз роҳҳои ғанӣ гардонидани буҷети давлат ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мебошад». Дар ин замина Ҳукумати мамлакат таҳияи «Барномаи омӯзиш ва арзёбии захираи металлҳои нодир барои солҳои 2015 – 2025» ро зарур дониста, татбиқи онро ба роҳ мондааст. Дар доираи ин Барнома дар мамлакатамон чандин корхонаҳои саноати кимиё, коркарди металлҳои ранга сохта, ба истифода дода шудаанд. Мошинсозӣ маҷмӯи соҳаҳои саноати вазнин буда, барои хоҷагии халқ мошин, таҷҳизот, дастгоҳ, асбоб ва ашёи маданию маишӣ истеҳсол менамояд. То инқилоби Октябр дар ҳудуди Тоҷикистон мошинсозӣ мавҷуд набуд. Якумин заводи мошинсозӣ – артели «Афзолҳои фулузини серистеъмол» (алҳол «Мошинҳои тиҷоратӣ») соли 1925 дар шаҳри Хуҷанд сохта шуда, таҷҳизоти технологӣ ва асбоби рӯзгор истеҳсол мекард.

Ҳамчунин, мошинҳо барои корхонаҳои саноати сабуку бофандагӣ, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли мошинҳои нефту газ, электротехника (трансформатор, ноқил ва таҷҳизот), истеҳсоли мошинҳои соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ, маҳсулоти серистеъмол (яхдонҳои хонагӣ, ашёи армуғонӣ) истеҳсол мешуданд. Заводи «Мошинҳои хоҷагии қишлоқи Ленинобод»‐и ноҳияи Нов (имрӯза Спитамен) ва филиали он дар посёлкаи Маҳрами шаҳри Конибодом заводҳои калонтарини мошинсозии соҳаи хоҷагии халқи кишвар маҳсуб мешуданд. Дар Тоҷикистон чаҳор заводи электротехникӣ (заводҳои трансформаторсозии Қӯрғонтеппа, кабелсозии Душанбе, «Асбобҳои равшанидиҳандаи Исфара» (шаҳраки Нурафшон), «Асбобҳои пастшиддати Адрасмон») мавҷуданд, ки трансформаторҳои баландшиддат, пастшиддат, кабел, симҳои гуногуни телефону телеграф, электрӣ, фурӯзонакҳои электрии гуногун ва ғайра истеҳсол менамоянд. Аслан саноати металлургия ба ду шоха ҷудо шуда, металлургияи сиёҳ ва рангаро дар бар мегирад.

Ҳарчанд дар мамлакат корхонаҳои калонтарини металлургияи сиёҳ мавҷуд нест, аммо дар дохили корхонаҳои мошинсозӣ сехҳои металлгудозӣ амал менамоянд. Аз метали дар ин сехҳо гудохташуда қисмҳои эҳтиётии мошинҳоро тайёр менамоянд. Сехҳои металлургияи сиёҳ дар заводҳои «Тоҷиктекстилмаш», «Торгмаш», ҶШСК «Ҳумо», заводи арматурии шаҳри Душанбе, «Қисмҳои эҳтиётии автомобил»‐и шаҳри Конибодом (ҶСШК «Бодом») комбинати «Абрешим»‐и шаҳри Хуҷанд мавҷуданд. Аввалин корхонаҳои металлургияи ранга дар Тоҷикистон солҳои 30‐юми асри гузашта сохта шудаанд. Дар ин корхонаҳои маъдани кӯҳӣ истихроҷи сурбу рӯҳ, мису молибден, волфраму флюорит, сурмаю симоб ба роҳ монда шуда, консентранти онҳо ба корхонаҳои Урал, Қазоқистон, Сибир, Ӯзбекистон ва Қирғизистон фиристода мешуданд. Марказҳои асосии истихроҷи металлҳои ранга дар қисмати шимолӣ ва марказии мамлакат – Адрасмон, Анзоб, Исфара, Майхура, Консой, Истиқлол, Зарнисор, Ҷилав ва Панҷакент мавҷуданд.

Баъди ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба имзо расидани як қатор шартномаҳои тарафайн дар соҳаи саноат низ тағйироти ҷиддӣ ба амал хоҳад омад. Зимни муҳокимаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор оид ба имкониятҳои татбиқи як қатор лоиҳаҳои нав, ки ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои тиҷорат ва тавсеаи ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои ду кишвар нигаронида шудаанд, табодули афкор сурат гирифт.

 Дар ин замина, ҷонибҳо масъалаҳоро дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар заминаи корхонаҳои соҳавии саноати сабук, хӯрокворӣ, маъдан ва металлургияи рангаи Тоҷикистон баррасӣ карданд, ки барои ояндаи дурахшони ҳар ду мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh