САНОАТ ПЕШ МЕРАВАД

- Саҳми соҳаи саноат дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти минтақавии шаҳр сол аз сол афзоиш ёфта, дар нимсолаи аввали соли равон ба маблағи 2 миллиарду 245 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Дар ин давра 2 коргоҳи нав ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ намуд. Дар корхонаҳои саноатии шаҳр истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 64 намуд ба роҳ монда шуда, вазъи қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 34,3 фисад мебошад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми шаш моҳи соли равон ба корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон 36,1 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст. Доир ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ раиси шаҳр гуфт, ки нақшаи воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа сари вақт иҷро гардид.

Дар ин давра қисми даромади буҷети давлатӣ 112,1 миллион сомонӣ ё худ 105,2 фисади нақшаи пешбинишуда буда, ба буҷет 5,5 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардид. Баҳри истиқболи 30 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр бо дарназардошти иншооти ғайринақшавӣ сохтмон, таъмиру тармим, азнавбарқароркунӣ ва таҷдиди 204 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд. Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли равон 379 меҳмонони хориҷӣ ва 12751 истироҳаткунандаи дохилӣ ба осоишгоҳҳо ва марказҳои солимгардонии шаҳр ташриф оварда, дар маҷмӯъ 13130 нафар истироҳат намуданд. Ҳаҷми маблағи воридшуда дар нимсолаи якум аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ 13,6 миллион сомонӣ буда, ба рушди соҳаи туризм мусоидат кард.

Сипас, рӯзноманигорон оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19, бо ваксина фаро гирифтани сокинон, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, таъмини маводи ниёзи мардум ва оби нӯшокӣ, таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, муроҷиати шаҳрвандон, бо либоси мактабӣ фарогирии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, муаммои барқ, корҳои ободонӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, сармоягузорӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ба кор даровардани захираҳои иловагӣ дар соҳаи саноат, равобити тиҷоратӣ ва амсоли ин савол пешниҳод карда, посух гирифтанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh