ШАҲРИ ТАМАДДУНОФАР ВА РУШДЁФТА

Панҷакент аз шаҳрҳои саноативу аграрии кишвари азизамон баҳисоб рафта, яке аз калонтарин шаҳрҳои вилояти Суғд шинохта шудааст. Ин шаҳри бостонӣ бо ёдгориҳои таърихии худ, чун Саразми бостон, Панҷакенти қадим, Оромгоҳи султони шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, манзараҳои нотакрори Ҳафткӯлу Кӯли Калон ва дигар мавзеъҳои зебою назаррабояш мавриди таваҷҷуҳи меҳмонони дохиливу беруна қарор гирифтааст.

ҶАБҲАИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ПАНҶАКЕНТ

Солҳои соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои шаҳри бостонӣ бо қомат афрохтани биноҳои баландошёна ва иншооти таъиноташон гуногун зебову назаррабо гардида, таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб намудааст. Пешвои миллат ҳангоми сафарҳои кориашон ба ин минтақа аз меҳмоннавозии мардумонаш ёдоварӣ карда, таъкид намудааанд, ки: «Мардуми Панҷакент фарҳангдӯст ва тамаддунсозанд». Маҳз, бо пуштибонию дастгириашон шаҳраки бостонии Саразм мамнуъгоҳи таърихӣ бостоншиносӣ эълон шуда, соли 2010 ба Феҳрасти мероси фарҳанги умумибашарӣ шомил гардид ва атрофи он панҷарабандӣ ва панҷ мавзеи ҳафриёташ болопӯш гардид. Соли 2020 низ барои сокинони шарафманди Панҷакент соли фаромӯшнашаванда ва пурифтихор ба ҳисоб меравад. Зеро дар ин сол Тоҷикистони соҳибистиқлол қадимтарин марказҳои таърихии башарият Саразми бостониро, ки сарзамини тоҷикони тамаддунофар аст, бо ширкати беҳтарин таърихнигорон ва сиёсатмадорони дунё истиқбол намуд. Зимнан, ҳунармандӣ дар Панҷакент таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад ва инро бозёфтҳои нодири аз ҳафриёти шаҳраки бостонии Саразм ва шаҳристони Панҷакенти қадим ёфтшуда собит менамоянд.

Ду сол муқаддам дар ҳафриёти қалъаи Санҷаршоҳ, ки ёдгории асрҳои VVII милодӣ аст, бори нахуст намунаи либоси пашмин ёфт шуд, ки бо ҳунари воло бофта ва дӯхта шудааст. Гузаштагони мардуми ин сарзамин ҳанӯз аз қадимзамон ба ҳунармандӣ, аз ҷумла, кулолгарӣ, бофандагӣ, оҳангарӣ машғул будаанд. Аз ин ҷост, ки бостоншиносон шаҳраки бостонии Саразмро яке аз марказҳои пайдоиши тамаддуни ҳунармандӣ, кишоварзӣ ва шаҳрсозӣ унвон кардаанд. Сокинон ва масъулини шаҳри Панҷакент чун дигар шаҳру навоҳии кишвар азми қавӣ доранд, ки дар пайи ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.

Раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар дар суҳбат гуфт, ки бахшида ба ҷашни миллӣ дар ҳудуди шаҳр сохтмони 405 биною иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилотӣ, беморхона, Қасри фарҳанг, майдончаҳои варзишӣ, ҳаммом, сартарошхона, меҳмонхона, корхонаҳои саноатӣ, таъмиру мумфаршкунии роҳҳо ва марказҳои савдою хизматрасонӣ ба нақша гирифта шуда, аз соли 2018 то 2020 – ум 381 адад биною иншоот сохта, ба истифода дода шуданд. Давоми шаш моҳи соли 2021 бошад, 14 иншооти гуногун дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Айни ҳол дар дигар биною иншоот корҳои сохтмонӣ идома дошта, масъулин азм доранд, то таҷлили ҷашни бузурги миллӣ иншооти боқимондаро сохта, мавриди истифода қарор диҳанд. Ҳамчунин, раиси шаҳр илова намуд, ки дар самти оммавигардонии варзиш дар ҳудуди шаҳр сохтмони толору майдончаҳои нави варзишӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Маврид ба зикр аст, ки давоми се сол ҳаҷдаҳ адад толору майдончаи муосири варзишӣ дар ҷамоатҳои деҳот, аз ҷумла, деҳаи Сарикамари Ҷамоати деҳоти Хурмӣ, деҳаи Сӯфиёни Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан ва деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатарош, Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷина, деҳаи Кабудсанги Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ ва деҳаи Чимқалъаи Ҷамоати деҳоти Саразм сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, бунёди ҳамагӣ беш аз 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз нуздаҳтои он, яъне дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Хурмӣ, деҳаи Пушти Қурғони Ҷамоати деҳоти Моғиён, деҳаи Шӯрноваи Ҷамоати деҳоти Саразм ва дар дигар деҳаҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳамзамон, тибқи нақша бунёди беш аз 30 бунгоҳи тиббӣ ва аз соли 2018 то имрӯз 22 бунгоҳ ва хонаҳои саломатӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр корҳои ободонӣ ва таъмиру навсозӣ хуб ҷараён доранд. Бино ба иттилои масъулин бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи нақша навсозӣ гардида, ҳамчунин дар назди он Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ гузошта мешавад. Парчам бо баландии 55 метр ва Нишони давлатӣ бо баландии 21,5 метр қомат хоҳад афрохт. Дар назар аст, ки бунёди гулгашти истироҳатӣ бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз сохта мешаванд, гуфт раиси шаҳр Холиқзода Абдухолиқ Санавбар. Сохтмони муҷассамаи «Рамзи китоб» бошад, бо баландии 14 метр дар маркази шаҳри Панҷакент ҷараён дорад. Он аз панҷ сутунпоя ишора ба номи қадимии Панҷакент, яъне шумораи «панҷ» ва «кат» аз забони суғдӣ – деҳа иборат мебошад. Дар сутунпояҳо нақшу нигор ва унсурҳои миллӣ ифода меёбанд. Дар болои сутунпоя давраи электронӣ ҷойгир аст, ки дар он мисраъҳо аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик ҳамчун сатри равон мунтазам пахш мегарданд. Аз болои давраи электронӣ кураи Замин бо ифодаи харитаи Тоҷикистон ва дар кунҷи чап номи Панҷакент омадааст.

Дар атрофи кураи Замини тасвирёфта хомаву ранг ва китоби кушода нишон дода шудаанд. Дар китоб мисраъҳо аз ашъори Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳаккокӣ мешавад. Имрӯз мардуми шарафманди шаҳр бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешанд ва бо саҳмгузорӣ дар ҷодаи ободонии кишвари азизамон ҷашни таърихии миллиро дар сатҳи баланд истиқбол хоҳанд гирифт.

РУШДИ БЕМАЙЛОНИ САНОАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон доштанд. Дар ин раванд ташкил ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаҳои хурду бузург дар кишвар рӯз аз рӯз зиёд гардида, сокинони маҳаллӣ бо корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба таҳкими нуфузи шаҳр ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридотӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши иқтидори содиротии шаҳр ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда истодааст. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии шаҳр таъмин шудааст.

Имрӯз бо шарофати сулҳу суботи кишвар соҳаи саноат дар шаҳр ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2019 нисбат ба соли 2016 зиёда аз 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст. Тамоюли тағйирёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр аз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаи ҶДММ КМ “Зарафшон” вобастагии калон дорад. Давоми солҳои 2015‐2020 номгӯи маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии шаҳр аз 17 то ба 31 намуд зиёд шудааст. Барои таъмини рушди соҳаи саноат ва ноил гардидан ба ҳадафи стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар, дар миқёси шаҳр захираҳо ва имкониятҳои фаровон мавҷуд аст. Дар давоми солҳои 2000 2020 дар шаҳр сохтори истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дигаргун гашта, масолеҳи бинокорӣ, хӯрокворӣ, профилҳои пластикӣ (дару тирезаҳо), маҳсулоти қаннодӣ, дӯзандагӣ (либоси мактабӣ), нӯшокиҳои ташнашикан, маҳсулоти ширию гӯштӣ ва хушкмева ба роҳ монда шуда, имрӯз баҳри хушсифат ва бозоргир истеҳсол намудани маҳсулоти номбурда масъулин кӯшиш намуда истодаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки давоми шаш моҳи соли равон ҳабдаҳ корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти он дар якҷоягӣ бо хизматрасонии пулакӣ ба беш аз ду миллиард сомонӣ расонида шуд. Маводи асосии сохтмонӣ аз қабили қуму шағал ба маблағи 221,6 ҳазор сомонӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 19 фисад зиёд аст. Аз ҷумла, маҳсулоти ширӣ 728,6 ҳазор сомонӣ ё 158,4 фисад истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 459,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Боиси хушнудист, ки давоми шаш моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳр ҳафт корхонаи хурди саноатӣ бо 33 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Баҳри коркарди маҳсулоти меваю сабзавот парки аграрӣ, технологӣ ва инноватсионии ҶСК “Маърифатпарвар”, воқеъ дар назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент фаъолияти назаррас дорад. Муассиси ин Парки аграрӣ, технологӣ ва иноватсионӣ Ансорӣ Муаззамхон буда, бобати коркарди маҳсулоти меваву сабзавот қайд намуд, ки сехҳои коркардкунӣ дар як шабонарӯз тибқи реҷаи корӣ то чаҳор тонна маҳсулоти хушкшударо коркард менамоянд. Коргоҳи мазкур мавсимӣ буда, 70 нафар сокини маҳаллиро метавонад бо кор таъмин намояд.

Масъулин азм доранд, ки оянда номгӯи маҳсулоти хушккардашударо зиёд намуда, бозори ватаниро бо маҳсулоти худи таъмин намоянд. Корхонаҳои саноатии миқёси шаҳр асосан ба коркарди тилло, ангишт, санги мармар ва травертин, маҳсулоти хӯрокворӣ (маҳсулоти ширӣ, маҳсулоти қаннодӣ, офтобпараст), маҳсулоти сохтмонӣ (дару тирезаҳои пластикӣ ва алюминӣ, қуму шағал, маҳсулоти бетонӣ, хишти пухта, хишти сементӣ), маҳсулоти сафолӣ машғуланд. Барои бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ ва таъмини рушди устувори саноат ва иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳр, дар доираи татбиқи барномаи мазкур, сохтмон ва ба кор андохтани ду корхонаи нави истеҳсолии бузург, тавассути сармояи ватанию хориҷӣ пешбинӣ гардидааст. Корхонаҳои навбунёд дар фаъолияти истеҳсолии хеш асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истифода хоҳанд намуд. Имрӯз дар шаҳри Панҷакент бо истифодаи захираҳои маҳаллӣ имконияти таъсис додани корхонаҳои калону хурд ва миёнаи истеҳсолие, ки маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва хушсифатро истеҳсол менамоянд, мавҷуданд.

Дар назар аст, ки дар асоси татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 20212025 ташкили корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ, коркарди ниҳоии металҳо ва омода намудани маҳсулот, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, масолеҳи сохтмонӣ (аз ҷумла қуму шағал, оҳак, хишт, гаҷ, хишти сементӣ), коркарди маҳсулоти меваю сабзавот, ангур, истеҳсоли мавиз, маҳсулоти гӯштию ширӣ, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, шарбатҳои мевагӣ, қуттиҳои пластикӣ, коркарди офтобпараст ва маҳсулоти нонӣ, истеҳсоли семент, гаҷ, шиша, оҳак ва сементи ранга, корхонаҳои логистикию нақлиётӣ, инчунин аз ҳисоби таҷдиди коргоҳҳои истеҳсолӣ дар заминаи корхонаҳои калони саноатӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

САЙЁҲӢ - МУАРРИФГАРИ ШАҲР

Аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2019 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, ки ин барои ташаккули соҳаи мазкур, аз ҷумла бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ хуб мебошад. Панҷакент табиати басо зебою нотакрор ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво, растаниҳову чашмаҳои шифобахш дорад, ки боиси ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ гардидааст. Соҳаи саёҳати экологӣ, кӯҳнавардӣ, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва дигар намуди он дар шаҳр хос буда, имрӯз аксарияти сайёҳони хориҷӣ ба мавзеъҳои нотакрори ин минтақаи рушдкарда меоянд. Панҷакенти бостонӣ дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиию фароғатие мебошад, ки барои рушди туризми дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд.

Имрӯз дар шаҳр беш аз бист ширкати сайёҳӣ, як Ташкилоти ҷамъиятии шӯрои Зарафшон оид ба туризм ва чаҳор маркази иттилоотии сайёҳӣ фаъолият доранд. Барои сайёҳони дохилию хориҷӣ пойгоҳҳои кӯҳнавардию сайёҳии «Артуч» ва «Марғузор» бо шароити зарурӣ, аз қабили ҷои хоб, майдончаҳои варзишӣ, толор ва хаймаҳои мавсимӣ барои гузаронидани семинар конфронсҳо, ҳаммоми табобатӣ ва дигар мавзеъҳо барои афрохтани гулхан ва шабнишинӣ дар хизмати сайёҳон аст. Бинобар сабаби ба саёҳати кӯҳӣ таваҷҷуҳи доштани сайёҳони хориҷӣ дар хатсайри «Ҳафткӯл» ва «Кӯли калон» пойгоҳҳои пазироии сайёҳон ташкил ва бунёди нуқтаҳои нави қабули сайёҳон дар дигар хатсайрҳои сайёҳии шаҳр идома доранд. Лозим ба ёдоварист, ки бештари сайёҳон баҳри шинос гардидан бо таърихи бою ғании миллати тоҷик ба ин шаҳри бостонӣ ташриф меоранд. Дар шаҳр чор осорхона ва пойгоҳи Бостоншиносии Саразм фаъолият менамояд. Ёдгориҳои табиии кӯҳҳои Фон, манзараҳои нотакрори табиӣ, мавзеъҳои истироҳатию сайёҳии Кӯлҳои Калон, Чуқурак, Мария, Бибиҷаннат, Миҷгон, Соя, Ҳушёр, Нофин, Хурдак, Марғузор ва Ҳазорчашма низ имрӯз диққати сайёҳони хориҷӣ ва дохилиро ба худ ҷалб намудааст, ки ҳамасола теъдоди онҳо бамаротиб меафзояд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш намуда, ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хубу хотирмон таҷлил менамоянд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

Истамҷон НАҶМИДДИНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Хуҷанд – Панҷакент - Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh