ТАМОМИ ЗАХИРАҲОВУ ИМКОНИЯТҲОИ МАВҶУДА БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ТАЪРИХ БА КОР БУРДА МЕШАВАД

Нишасти матбуотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

Давоми шаш моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 8 миллиарду 976 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 133,2 фоиз таъмин гардидааст,- дар ин бора Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода санаи 26-уми июли  соли 2021 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ беш аз ҳафтод  рӯзноманигорон, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилояту ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Дар оғоз Раиси вилоят аз  натиҷаҳои ҷамъбасти нимсолаи аввали  соли 2021 маълумот пешниҳод намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ карда, таъмини рушди устувори иқтисодию  иҷтимоии  вилоятро таъкид сохт.

Қайд карда шуд, ки бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷмӯъ, ҷиҳати бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсиси коргоҳҳои саноатии нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тавсеаи раванди рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоиро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додааст.

Бино ба маълумоти пешниҳод намуда дар нимсолаи якуми соли 2021 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ)  ба андозаи 104,6  фоиз таъмин шуда, ба буҷет 1 миллиарду 540,1 миллион сомонӣ  ворид гардид, ки  нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 67,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.     

Ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи  1 миллиарду 92,5  миллион сомонӣ 1 миллиарду 157,9 миллион сомонӣ ворид гардид, ки  аз нақша 6,0 фоиз ё 65,4 миллион сомонӣ зиёд аст.

Нақшаи қисми хароҷоти буҷети вилоят дар шаш моҳи соли равон 1 миллиарду 144,6 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, дар доираи даромадҳои воқеии буҷет маблағгузории соҳаҳо таъмин карда шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин давра баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат як силсила тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-июни соли 2021 ба миқдори 664,5 ҳазор тонна семент ва 722,5 ҳазор тонна ангишт истеҳсол гардид, ки суръати афзоиш мутаносибан 116,2 ва 103,8 фоизро ташкил намуд. 

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2021 ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 3027 ҷойи нави корӣ пешбинӣ гардида, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда давоми 6 моҳи соли 2021 дар миқёси вилоят 61 корхонаву коргоҳҳои нав бо 475 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар ин давра корбарӣ дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол идома дода шуда, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 6 коргоҳи нави дӯзандагӣ бо 46 ҷойи нави корӣ ва 2 коргоҳи истеҳсоли пойафзол бо 20 ҷойи корӣ таъсис ёфт.

  Тибқи маълумоти оморӣ давоми 6 моҳи соли равон дар корхонаву коргоҳҳои дӯзандагии вилоят ба маблағи умумии 129,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд, ки суръати афзоиш 134,3 фоизро ташкил намуд.

 Дар вилоят фаъолияти 8 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ истеҳсоли пойафзол ба 153,8 ҳазор ҷуфт расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 96,3 ҳазор ҷуфт ё 2,7 баробар зиёд аст. 

  Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа  тадбирҳои судманд  андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 2 миллиарду 795,3 миллион сомонӣ расониданд, ки ба 105,3 фоизи нишондиҳандаи ҳамин  давраи соли 2020 баробар мебошад.

Дар соҳаи растанипарварӣ ба маблағи 1 миллиарду 485,2 миллион сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 1 миллиарду 310,1 миллион сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 5,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 100,2 фоиз, 111,8 ва 111,5 фоиз таъмин гардидааст.

Барои ҳосили соли 2021 дар масоҳати 279 ҳазору 755,5 гектар кишт гузаронида, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид.                                                                                    

 Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 43 ҳазору 192,3 тонна картошка, 81 ҳазору 266,7 тонна сабзавот, аз ҷумла 33 ҳазору 690,8 тонна пиёз,  34 ҳазору 589,7 тонна мевагӣ, аз ҷумла 30 ҳазору 434,2 тонна зардолу, 14 ҳазору 227,4 тонна полезӣ истеҳсол карда шудааст.

 Дар ин давра дар вилоят истеҳсоли гӯшти чорвою паранда бо вазни зинда 26 ҳазору 80,8 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 7 ҳазору 759,3 тонна, гӯшти моҳӣ 280,8 тонна, шир 136 ҳазору 946 тонна, тухм 285,7 миллион дона, пашм 1 ҳазору 312,2 тонна, пилла 163,2 тонна ва асал 185,1 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши ин навъи маҳсулот таъмин гардидааст.

Дар шашмоҳаи соли равон бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ 46 маротиба ярмарка гузаронида шуда, дар маҷмӯъ ба миқдори 4 ҳазору 511,9 тонна маҳсулот, аз ҷумла 781,5 тонна орд, 138,2 тонна равғани растанӣ, 74,5 тонна гӯшти чорвою паранда, 157,5 тонна шакар, 110 тонна биринҷ, 970,6 ҳазор дона тухм, 1147,6 тонна картошка, 439,9 тонна сабзӣ, 815,7 тонна бехпиёз ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шуд.

Дар вилоят ба соҳаи маориф, ки яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати  Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад, эътибори ҷиддӣ  дода мешавад.

   Давоми 6 моҳи соли равон 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии садамаӣ дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Спитамен, Кӯҳистони Мастчоҳ, Исфара, Конибодом ва Панҷакент  барқарор карда шуданд. Барқарорсозии бинои 15 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дорад. Аз 228 бинои муассисаҳои таъмирталаб 219 адад аз таъмир бароварда шуда, дар 6 муассиса корҳо идома дорад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят раванди бақайдгирии довталабон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои соли таҳсили 2021-2022 ба анҷом расида, аз шумораи умумии 34 ҳазору 423 нафар хатмкардагони соли хониши 2020-2021-ум  24 ҳазору 13 нафар барои дохил шудан ба мактабҳои олию миёнаи махсуси касбӣ ҳуҷҷат супориданд. Шумораи довталабон аз ҳисоби хатмкардагони соли ҷорӣ 69,8 фоизро ташкил медиҳад.

 Ҳамзамон, дар вилоят ба ҳифзи саломатии аҳолӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир шуда, баҳри амалӣ намудани барномаҳои соҳавӣ корҳои назаррас амалӣ мегарданд.

 Ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва азнавсозии 508 иншооти соҳа, аз ҷумла 77 беморхона, 123 бунгоҳи тиббӣ, 89 маркази саломатӣ, 21 таваллудхона, 98 нуқтаи хатна ва 100 дорухона  ба нақша гирифта шудааст.  Дар солҳои 2018-2020 ва  6 моҳи соли 2021 сохтмон ва таъмиру  азнавсозии 431 иншоот ба итмом расонида шуд, ки ба 84,8 фоизи нақша баробар аст. 

Бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID -19) дар вилояти Суғд тибқи амри Раиси вилоят аз санаи 1-уми апрели соли 2020, № 48 Ситоди вилоятӣ фаъолияти пурсамар дорад.

Тибқи нақшаи ситоди вилоятӣ алҳол корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ, тадбирҳои безараргардонии маҳалҳо, ҷойҳои оммавӣ,  муассисаҳо, бозорҳо пурзӯр карда шуда, нисбати пешгирии интиқол ва паҳншавии коронавирус тамоми имкониятҳо сафарбар гардидаанд.

Дар вилоят 3 беморхонаи касалиҳои сироятӣ бо 1030 кат фаъолият дошта, бар илова 1700 кати захиравии карантинӣ омода карда шудааст. ҳамзамон, 21 муасисаи нигаҳдории тандурустии вилоят бо 5075 кат дар ҳолатҳои зарурӣ фавран омода карда мешаванд.

Сипас, Раиси вилоят ба саволҳои рӯзноманигорон Фарҳод Ҷӯраев, Додохон Эгамзод, Қамари Аҳрор, Афзал Босолиев, Муслима Раҳимова, Осими Орифпур, Ҳалимҷон Ҷӯраев, Дилрабо Анорқулова,Мастона Муҳиддилозода, Мафтуна Шукурова, Фарзон Машарифов посух гуфт.

 Дар интиҳо Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки марҳала ба марҳала 80 нафар собиқадорони соҳаи матбуот ва кормандони воситаҳои ахбори омма барои барқарорсозии саломатиашон ба осоишгоҳ фаро гирифта мешаванд.

Сурайё Ҳакимова,

Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh