КОРКАРДИ ПИСТА БА РОҲ МОНДА МЕШАВАД

Давоми шаш моҳи аввали соли равон маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба 118,2 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 180,4 фоиз ё 52,7 миллион сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар МОИ «Суғд» ба 664,8 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 2,6 маротиба зиёд гардидааст.

–Ҳоло дар МОИ «Суғд» аз 30 субъекте, ки аз аввали сол ба қайд гирифта шуда буд, 15 адади онҳо бо фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хизматрасонӣ машғул шуданд. Айни ҳол аз ҷониби 7 корхона, аз ҷумла ҶДММ «Оҳанкор», ҶДММ «Азияполитекс», ҶДММ «Сомон Кейс», ҶДММ «Донаи Алмос», ҶДММ «Покзарф» ва ҶДММ «Суғдиёна Агро» корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизот бомаром идома доранд,–изҳор дошт зимни нишасти матбуотӣ роҳбари МОИ «Суғд» Илёсиддин Камолиддинзода. Молу маҳсулоти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодӣ ба ғайр аз кишвар ба давлатҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон Қазоқистон, Олмон, Ироқ ва Туркия содирот шуда истодаанд, ки маблағи он ба 39,6 миллион сомонӣ баробар гардид, ки 20,2 миллион зиёд аст.

 Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» миқдори умумии ҷойҳои корӣ аз оғози фаъолият ба 716 адад расид. Аз ҷониби субъектҳои МОИ «Суғд» ба буҷети давлатӣ 2,6 миллион сомонӣ маблағи андоз пардохт шудааст. МОИ «Суғд» дар самти ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва таъсиси корхонаи нав мунтазам фаъолият мебарад. Дар маъмурият бо намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, сафоратхонаҳои Украина, Ӯзбекистон, Фаронса, шарикони рушд ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ вохӯриҳо гузаронида шудаанд.

–Мо имсол асосан бо доираҳои соҳибкорон, сармоягузории ватанӣ ва доираҳои соҳибкорону сармоягузорони хориҷие, ки бо гирифтани иҷозатномаҳои махсус ба Тоҷикистон омадаанд, корбарӣ намудем. Дар натиҷа моҳи июни соли равон як субъекти нав – ҶДММ «Суғдиёна Агро», ки самти фаъолияташ ба коркард ва бастубанди писта равона шудааст, ба қайд гирифта шуд. Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маблағгузории зиёда аз 500 ҳазор доллари амрикоӣ ва таҷҳизоти замонавии коркарди писта таъсис дода шуда, дар сурати пурра ба кор шуруъ намудани он зиёда аз 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

 Ҳаҷми сармоягузории мустақим дар шаш моҳи соли равон ба 10,8 миллион сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 122,7 фоиз зиёд ва аз оғози фаъолият зиёда аз 107,9 миллион таъмин гардид. Рӯзноманигорон ба суолҳои худ посухҳои амиқ гирифтанд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh