Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи металлургии шаҳри Истиқлол

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Корхонаи металлургии «Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой», воқеъ дар шаҳри Истиқлол боздид намуда, бо фаъолияти он шинос гардид.

Бино ба иттилои масъулин корхонаи металлургӣ маҳсулоти хомро аз «Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой» дастрас карда, ба истеҳсоли сурб машғул мебошад. Ин корхонаи калони саноатӣ иқтидори бузурги истеҳсолӣ дошта, тибқи лоиҳа он метавонад дар як сол то 50 ҳазор тонна сурб истеҳсол намояд. Дар як моҳи охир дар корхона 1200 тонна сурб истеҳсол шуда, роҳбарияти он барои тавсеаи фаъолият тадбирандешӣ намуда истодааст.

Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидааст ва аз ин лиҳоз бояд корхонаҳои калон фаъолияти муназзам дошта бошанд. Барои тақвиятбахшии фаъолияти корхона, ки дорои иқтидори бузург мебошад, зарур аст, ки аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.

Раиси вилоят ҳамзамон иброз дошт, ки ашёи хом фаровон буда, барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ таваҷҷуҳи хоса равона карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh