ОҒОЗИ БУНЁДИ ЗЕРИСТГОҲИ БАРҚИИ НАВ

Дирӯз бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, роҳбари филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” Кароматулло Нарзуллозода, роҳбари филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Гулистон Муҳиддин Аҳмадзода ва намояндагону масъулини соҳоти мухталифи ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Палдорак сохтмони зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВт оғоз гардид.

Бино ба иттилои масъулин зеристгоҳи мазкур аз ҳисоби филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимот ва интиқоли неруи барқи шаҳри Гулистон” ва бо мақсади сабук намудани бори зеристгоҳи барқии 3510 ва “Дилварзин-1” бунёд мегардад, - мегӯяд сармуҳаррири рӯзномаи “Машъал”-и ноҳия Фитрати Ҳикмат.

Роҳбарияти ноҳия зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба роҳбарону масъулини Шабакаҳои барқи ноҳия суҳбат намуда, ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо дастуру маслиҳатҳои мушаххас дод.

Бино ба иттилои сардори Шабакаҳои барқи ноҳия Собирҷон Валиев, дар зеристгоҳҳои барқии 3510 ва “Дилварзин-1” дар фаслҳои тобистону зимистон бо сабаби дароз будани хатҳои шиддатноки барқ ва аз ин ду зеристгоҳ истифода бурдани ҷоҳҳои амудӣ ҳамеша талафоти неруи барқ ба миён меомад. Бо сохта шудани зеристгоҳи барқии нав талафоти неруи барқ ва садамаҳо дар ин минтақа аз байн хоҳад рафт.

- Бо сохта шудани зеристгоҳи мазкур дар ин минтақа як трансформатор бо тавоноии 16 кВт ва 4 адад чашмакҳои содиротӣ васлу насб хоҳад гардид, ки дар натиҷа бори зеристгоҳи барқии 3510 ва “Дилварзин-1” сабук гардида, сифати шиддат мувофиқи меъёр таъмин мегардад”,- гуфт С.Валиев.

Ҷоиз ба зикр аст, ки алҳол дар ноҳияи Мастчоҳ 12 зеристгоҳи барқӣ мавҷуд буда, мунтаззам ба аҳолӣ тавассути онҳо неруи барқ интиқол дода мешавад. Ба гуфти масъулини соҳаи барқи ноҳия дар як шабонарӯз дар фасли гармо агар беш аз 800 ҳазор кв/с сарф гардад, ин нишондод дар фасли сармо нисбатан бештар гардида, 1 миллиону 700 ҳазор кв/соат неруи барқ масраф мегардад.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh