ТАЛАБОТ БА СОДИРОТИ ХУШКМЕВА АФЗУД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили асосии тараққиёти кишварро дар рушд додани ҳамаи соҳаҳои ҷамъият, аз ҷумла иқтисодию иҷтимоӣ, маданиву маишӣ маънидод мекунанд. Аз ин ҷост, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ солҳои 2022 – 2026 – умро “Солҳои рушди саноат” эълон карданд.

Соҳаи саноат торафт рушд карда, коргоҳҳои хурду бузурги вилоят имкони содироти маҳсулоти хушсифатро ба давлатҳои мутараққӣ пайдо намудааст. Баробари содироти маҳсулоти маишиву сохтмонӣ, инчунин теъдоди содироти меваҳои хушки ватанӣ рӯз ба рӯз зиёд гардидааст. Меваҳои шаҳдбори кишвари тоҷикон дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд доранд. Ин аст, ки коргоҳҳои истеҳсол, коркард ва бандубасти меваҳои хушк рӯ ба афзоиш ниҳода, сатҳи некӯаҳволии сокинони вилоят беҳ гардида истодааст.

 Тавре аз Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд иттилоъ дода шуд, давоми чор моҳи соли равон аз вилоят 14 ҳазору 917 тонна меваи хушк содирот шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 - 191,24 фоиз аст. Соли 2021 ҳамагӣ 6 ҳазору 827 тонна меваи хушк содирот шудааст.

Миқдори зиёди содироти меваи хушк бештар ба давлатҳои Белорусия 150 396 килог-рамм, Олмон 149 500 килограмм, Ироқ 943 298 килограмм, Қазоқистон 10 944 612 килограм, Россия 1 969 158 килограмм, Туркия 165 500 килограмм равона гардидааст. Доир ба истеҳсол ва коркарди меваи хушк масъулини шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иттилоъ доданд, ки дар чор моҳи соли 2022 – ум 2 ҳазору 622 тонна меваи хушк истеҳсол гардид, ки ин нишондод дар соли 2021 - ум 2 ҳазору 102 тоннаро ташкил дода буд. Суръати афзоиш 125,1 фоиз ё худ 527 тонна нисбат ба соли гузашта зиёд шудааст.

Алҳол дар вилоят беш аз 20 корхонаву коргоҳҳои коркарди меваи хушк мавҷуд аст, ки бештари коргоҳҳо дар шаҳри Исфара, аз ҷумла ҶДММ “Баракат Исфара”, ҶДММ “Исфара фуд”, ҶДММ “Субҳи Ватан”, ҶДММ “Меваи тилло”, ҶДММ “ОРО Исфара”, ҶДММ “ШАФИ ТҶ”, ҶДММ “Нурфуд”, ҶДММ “Чил фрукт”, ҶДММ “Экофрут”, ҶДММ “Висол”, ҶДММ “Фозилов Ф” ва амсоли ин фаъолият доранд. Баробари ин коргоҳҳои истеҳсоли меваи хушк дар шаҳру навоҳии Конибодом ҶДММ “Канд К”, ҶСК “Конибодом”, ҶДММ “Меваи Канд”, дар шаҳри Хуҷанд ҶДММ “Донаи Алмос”, дар ноҳияи Ашт ҶДММ “Аштфрут” фаъолият мебаранд.

Давоми чор моҳи соли равон дар коргоҳҳои мазкур коркард ва истеҳсоли зардолуи хушк ба миқдори 66,05 тонна, олуи сиёҳи хушк 32,85 тонна, себи хушк 20,43 тонна, ноки хушк 0,5 тонна, омехтаи меваи хушк 506,54 тонна, хуч 19,89 тонна, кайса 611,27 тонна, мағзи дона 114,81 тонна, коркарди писта 188 тонна ва сабзавоти хушк 99,99 тонна ба роҳ монда шудааст. Яке аз коргоҳҳои азими вилоят, ки аз соли 2009 – ум ба коркарди меваи хушк машғул аст, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Баракат Исфара" мебошад. Корхонаи мазкур бо сармоягузории соҳибкорони Федератсияи Россия бунёд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Дар ҶДММ "Баракат Исфара" коркарди маҳсулот бо истифода аз буғи гарм, нарм сохтани зардолу ва сиёҳолу, гирифтани донак, коркарди безараркунӣ, ташхиси озмоишӣ, ба навъҳо ҷудо кардан ва бандубасти меваҳо ба роҳ монда шуда, маҳсулоти коркардшуда асосан ба Федератсияи Россия содирот мегардад. Тавре директори кулли коргоҳ Дилшод Расулзода иттилоъ дод, дар давоми чор моҳи соли равон истеҳсоли маҳсулот 6,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 1,5 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 130 фоизро ташкил медиҳад.

 Маҳсулоти истеҳсолшудаи коргоҳ пурра содирот шудааст. Беш аз 17 намуд маҳсулот банду баст ва коркард гардида, маҳсулоти тайёр дар қуттиҳои махсуси ғунҷоишаш аз 10 то 75 килограммӣ бандубаст мешаванд. Қайд гардид, ки маҳсулоти асосии корхона меваҳои хушки органикӣ маҳсуб мешаванд, ки имрӯзҳо дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи худро ишғол кардааст. Оид ба истеҳсоли маҳсулоти органикӣ гуфта шуд, ки меваҷоти аз нигоҳи экологӣ тоза ва барои саломатӣ муфиду безарар аст. Дар парвариш ва коркарди ин гуна маҳсулот барои таъмини пурдоштӣ, хуштаъмӣ ва хушнамудии сунъӣ ягон навъи моддаҳои кимиёвӣ истифода намегардад.

Маҳсулоти органикӣ бештар дар давлатҳои Амрикову Аврупо талабот ва харидорони зиёд дорад ва яке аз харидорони асосии коргоҳ ширкати амрикоӣ мебошад. Дилшод Расулзода қайд кард, ки содироти маҳсулот ба Федератсияи Россия барои зиёд намудани воридоти асъори хориҷӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти шаҳр мусоидат мекунад.

Ширкат дар тендери соли 2022 ғолиб омада, соли равон бо ширкати бонуфузи амрикоӣ ҳамкорӣ хоҳад кард. Талаботи чунин ширкатҳо нисбат ба сифат ва дороии баъзе элементҳои кимиёвие, ки набояд дар таркиби маҳсулот бошад, сахттар аст ва азбаски маҳсулоти истеҳсолшавандаи коргоҳ органикӣ аст, ба тамоми талаботи онҳо ҷавобгӯ гардид. Коргоҳ ашёи хомро аз вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон дастрас мегардонад.

Ҷоиз ба қайд аст, ки иштирок дар намоишҳои мухталифи сатҳи ҷаҳонӣ боис ба зиёд гардидани талабот ба маҳсулоти баландсифат аст. Баробари ин тарзи пешниҳод, бандубасти он имконияти бастани шартнома байни кишварҳои ҷаҳон ва боло рафтани сатҳи иқтисодиёти кишвар хоҳад буд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh