Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва волии Анталия Эрсин Язичӣ

Дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳро волии Анталия Эрсин Язичӣ ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз густариши робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия изҳори хушнудӣ намуда, таъкид кард, ки бо сиёсати роҳбарони олии ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган мамлакатҳо муносибатҳои хуби дӯстона доранд.

Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба вазъи иқтисодии вилояти Суғд, имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фазои сармоягузорӣ маълумот дода, хостори тақвияти робитаҳо бо вилояти Анталияи Туркия гардид.

Эрсин Язичӣ меҳмононро ба шаҳри Анталия, ки аз минтақаҳои маъруфи сайёҳӣ дар олам аст, хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки «сафари намояндагони вилояти Суғди Тоҷикистони дӯсту бародар барои беҳтаршавии муносибатҳо мусоидат менамояд». Волии Анталия ҳамзамон афзуд, ки Анталия аз муҳимтарин марказҳои сайёҳии Туркия аст ва он  бо зебоиҳои таърихӣ ва табиӣ, иншооти фарҳангӣ, минтақаҳои бостонӣ дар маркази таваҷҷӯҳи сайёҳон қарор дорад. Инчунин соҳаи кишоварзӣ низ дар ин минтақа рушд ёфта, маҳсулоти гуногуни хоҷагии қишлоқ дар Анталия истеҳсол мегардад.

Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки воқеан ҳам Анталия як шаҳри пешқадам дар бахши гардишгарӣ ва ҳам дар бунёди гармхонаҳои муосир аст ва дар ин самт ҷонибҳо метавонанд ҳамкориҳои пурсамар дошта бошанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки масъулон ва доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд бо таҷрибаҳои пешқадам шинос шуда, барои татбиқи навовариҳо дар оянда талош меварзанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh