РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТ, КОРКАРД ВА ТАЪМИНИ СОДИРОТ

Дар шаҳри Исфара чун минтақаи саноатӣ корхонаҳои истеҳсолӣ мақоми хос доранд. Яке аз чунин корхонаҳое, ки ба коркарду бандубасти хушкмева машғул аст, Ҷамъияти дорои масъулияи маҳдуди “Баракат – Исфара” мебошад. Бояд гуфт, ки таъсиси корхонаҳои вобаста ба коркарди мева, бахусус дар шаҳри Исфара ин афзун намудани иқтидори содиротии вилоят мебошад. Зеро Исфара макони меваҳои шаҳдбор буда, ҳамзамон соҳибкорони ин минтақа дар соҳаи содироти ин намуди маҳсулот таҷрибаи хуб доранд. Корхонаи “Баракат‐Исфара” низ ашёи хом, яъне навъҳои гуногуни хушкмеваро аз хоҷагидорон ва бозорҳои дохила гирифта, пас аз коркарду бандубаст онҳоро дар шакли маҳсулоти тайёр асосан ба давлати Русия ва Аврупову Амрико содирот мекунад.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти фаъолияти ҶДММ “Баракат‐Исфара” шинос шуда, бо соҳибкорони ватанӣ оид ба рушди истеҳсолот, коркард ва таъмини содирот суҳбат намуд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар вилоят бо афзоиши талаботи бозори ҷаҳонӣ ба меваҳои хушконида дар коркарду бандубасти стандартӣ беш аз 20 коргоҳу корхонаи коркард фаъолият доранд, ки 12 адади он ба шаҳри Исфара рост меояд. Маҳсулоти ин корхонаҳо аз нигоҳи сифат, стандарт ва бандубаст дар бозори ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат‐Исфара» бо сармоягузории мустақими ширкати русии «АБ‐Маркет Трейд», дар шаҳри Исфара таъсис дода шудааст. Корхонаи мазкур бо хушконидан, андозакунӣ, буридан ва банду басти меваҳои хушк машғул аст. ҶДММ «Баракат‐Исфара» дар майдони масоҳаташ 2,4 гектар ҷойгир шудааст ва ғайр аз муассисаи истеҳсолӣ инчунин анбор, яхдонҳои калонҳаҷм ва базаи логистикиро дар бар мегирад, ки бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин шудааст.

Афзалияти рақобатии «Баракат‐Исфара» истифодаи танҳо ашёи хоми босифати ватанӣ ва назорати қатъии технологӣ дар ҳамаи марҳалаҳои истеҳсолот мебошад. Коргоҳи «Баракат‐Исфара» навъҳои гуногуни меваҳои хушкро истеҳсол мекунад: баргак (зардолуи хушки бедонак), омехтаи меваҳои хушк, хушкмеваҳои бурида, себ ва хучи хушконидашуда ва дигар меваҳои хушки маъмулӣ. Маҳсулот аз ашёи хоми дар минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза рўёнидашуда тайёр карда шуда, дар таркибаш ГМО ва консервантҳо надорад. Корхонаи мазкур соли 2009 ба фаъолият шурўъ намуда, то ҳол иқтидорҳои худро васеъ намуда истодааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки солҳои 2015‐2017 корхона тадбири аз нав таҷҳизониданро амалӣ намуда, таҷҳизоти замонавиро ба маблағи 24 миллион сомонӣ ворид ва васлу насб намуд, ки он ба сифати маҳсулот таъсири мусбат расонда, маҳсулоти истеҳсолшаванда ҷавобгўи меъёрҳои сифатии ҷаҳонӣ гардид. Дастгоҳу таҷҳизоти асосии технологӣ аз Русия ва Туркия харида шуда, маҳсулоти он бо пуррагӣ ҷавобгўи меъёрҳои сифатии ҷаҳонӣ гардид. Баҳри истеҳсоли маҳсулоти озуқавории ба саломатии инсон фоидаовар, рақобатпазир ва ҳифзу нигоҳдошти маҳсулот дар корхона озмоишгоҳ, анбор ва бо ғунҷоиши беш аз 1000 тонна сардхонаи махсус мавҷуд аст. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид аз сардхонаи корхона таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, масъулинро барои самаранок истифода бурдани он дастур дод. Корхона дорои сертификати мутобиқат буда, зиёда аз чор сол аст, ки маҳсулоти худро мувофиқи сертификати мазкур бо сифати баланд барои мизоҷони дохиливу хориҷӣ пешкаш менамояд. Оғоз аз соли 2017 истеҳсоли маҳсулоти худро бо сертификати маҳсулоти органикӣ низ ба роҳ мондааст.

Дар доираи сафари кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ба корхона ташриф оварда, аз шароиту имконияти он дидан карданд. Бояд гуфт, ки дар коргоҳ тамоми силсилаи коркарди меваҷот ба роҳ монда шуда, маҳсулоти тайёр ба Федератсияи Русия, Қазоқистон, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА содирот мешавад. Номгўи маҳсулоти банду бастшаванда бо намудҳои меваи хушк, чормағз, боз ҳам зиёдтар карда шуд. Дар чорчўбаи азнавсозии хати маҳсулоти нав – гирдаи мевагӣ (ҳалво) ба кор оғоз кад. Корхона дар шароити кунунии фаъолияти худ вобаста ба талаботи бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Кўшиш ба харҷ дода истодааст, ҳарчи бештар маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба саломатии инсон фоидаовар истеҳсол ва пешниҳод намояд.

Барои ноил шудан ба ин мақсад корхонаро лозим аст, ки маҳсулоти истеҳсолшавандааш мувофиқ ба сертификатҳои байналхалқӣ бошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки корхона соли 2013 сертификати XACПП‐ро қабул карда, аз соли 2014 то 2020 барои гирифтани сертификати FCC22000 тамоми истеҳсолотро омода ва назорати сифатро қатъитар гардонид, ки ин боис шуд дар соли 2021 иҷозати додани сертификати мазкур аз ҷониби назоратчиёни стандартии байналмилалӣ қабул гардад. Билохира санаи 17‐уми марти соли ҷорӣ сертификати FCC 22000‐ро қабул кард. Моҳи март корхона тасмим гирифта буд, ки сертификати дигари байналхалқиро бо номи ҲАЛОЛ қабул кунад ва ин намуди сертификатро ҳам қабул намуд. Мақсади олии гирифтани ҳамаи сертификатҳои байналхалқӣ дар он аст, ки ба тамоми ҷаҳон муаррифӣ намудани маҳсулоти истеҳсолшавандаи корхонаро, ки пурра аз ҷиҳати экологӣ тозаанд, ба роҳ монад.

Инчунин, лозим ба таъкид аст, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Исфара ҶДММ «Баракат – Исфара» ягона корхонаест, ки хушкмеваҳои аз ҷиҳати экологӣ истеҳсол менамояд. Санаи 17‐уми апрели соли 2022 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба корхонаи ҶДММ «Баракат‐Исфара» ташриф оварда ба сехи қаннодӣ ифтитоҳ бахшиданд. Иқдоми мазкур дар доираи «Солҳои рушди саноат» саривақтӣ ва бомақсад буда, барои ривоҷи маҳсулоти воридотивазкунанда муҳим арзёбӣ гардид. Қайд кардан бамаврид аст, ки давоми 8 моҳи сипаригаштаи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхона ба 11773,1 миллион сомонӣ баробар гашта, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ум 116,3 фоиз мебошад. Аз ин миқдор маҳсулот ба маблағи 11763,4 миллион сомонӣ маҳсулот содирот шуд.

Алҳол дар ҶДММ «Баракат‐Исфара» 20 намуд маҳсулот истеҳсол мешавад ва дар ин марҳала асосан зардолуи хушк ва омехтаи мевагиҳои хушккардашуда, аз ҷумла зардолу, шафтолу тути хушконидашудаи бадахшонӣ дар корхона бандубаст шуда истодааст. Дар корхона 142 нафар коргар фаъолият бурда истодаанд ва тамоми шароит барои иҷрои кор муҳайё шудааст.

Бо бунёд ва ифтитоҳи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ зиёд гашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба хориҷи кишвар низ афзун мегардад, ки ҳамаи ин барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишвар, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони мамлакат замина мегузорад.

Аминҷон ШАРИФЗОДА,

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh