Маҷлиси фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар нӯҳ моҳи соли 2022

11 октябр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маҷлиси фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нӯҳ моҳи соли 2022 баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода маҷлисро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ мусбат арзёбӣ мегардад.

Тавассути амалӣ гардонидани иқдомҳои созанда ва пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус нуктаҳои барномавии Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон дар вилоят ҷиҳати нигоҳ доштани тамоюлҳои мусбат дар рушди иқтисодӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот дар аксари соҳаҳои иқтисоди воқеӣ ва бахши хизматрасонӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, фарҳанг ва нигаҳдории тандурустӣ тадбирҳои судманд амалӣ гардиданд.

Сипас, доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар гузориш дод. Иттилоъ дода шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд.

Бо мақсади бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани санаи тақдирсоз – 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси коргоҳҳои саноатии нав, тавсеаи раванди рушди соҳаҳои савдою хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рушди сохтмон ва шаҳрсозӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав,  баланд бардоштани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолият қарор дод. 

Тибқи ҳисоботи оморӣ, аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иҷтимоию иқтисодии вилоят таъмин шудааст.

Дар соҳаи саноат давоми 9 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 17141,0 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ  2600,0 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 122,0 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона гардид. Аз ҷумла, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба миқдори 1004,9 ҳазор тонна семент ва 1396,5 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуд. Ҳамзамон, дар ин давра бо назардошти эҳтиёҷоти худӣ 1840,6 тонна калоба ва 5413,0 ҳазор метри мураббаъ газвори пахтагин истеҳсол карда шудааст.

Истеҳсоли маҳсулоти хӯроквории ивазкунандаи воридот сол аз сол тавсеа ёфта, дар 9 моҳи соли 2022 ба миқдори 3135,2 тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст, ки баробари 111,8 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ мебошад. Ба миқдори 32401,1 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол шуда, суръати афзоиш 110,8 фоиз таъмин гардидааст. Ҳаҷми истеҳсоли консерваҳо ба 27218,6 ҳазор қуттии шартӣ расонида шудааст, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 101,1 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи нақша дар соли 2022 ба истифода додани 145 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, бо 2904 ҷойи нави корӣ, пешбинӣ гардида, давоми 9 моҳи соли 2022 дар миқёси вилоят 130 корхонаву коргоҳи нав, бо 2685 ҷойи нави корӣ, ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар соли 2022 корбарӣ дар самти бунёди корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ ва истеҳсоли пойафзол идома ёфта, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 12 корхонаю коргоҳи нави дӯзандагӣ, бо 269 ҷойи нави корӣ ва 3 коргоҳи истеҳсоли пойафзол, бо 46 ҷойи корӣ, таъсис дода шуд.

Дар корхонаҳои дӯзандагии вилоят дар ин давра ба маблағи 220,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 27,0 млн. сомонӣ зиёд аст.

Дар вилоят фаъолияти 10 корхонаю коргоҳи пойафзолдӯзӣ ба роҳ монда, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ истеҳсоли пойафзол ба 290,6 ҳазор ҷуфт расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 50,9 ҳазор ҷуфт ё 21,2 фоиз зиёд аст. 

Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки пешбурди иқтисодиёти вилоят маҳсуб ёфта, нақши он дар  таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаҳои саноат, афзоиши имкониятҳои содиротии вилоят ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ хеле муҳим аст.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа  тадбирҳои судманд  андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар 9 моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 10 млрд 826,7 млн. сомонӣ расониданд, ки ба 112,0 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 баробар мебошад. Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 8115,7 млн. сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 2711,0 млн. сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 9,4 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 110,8 фоиз, 115,9 ва 109,6 фоиз таъмин гардидааст.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 396619,1 тонна картошка, 479305,9 тонна сабзавот, аз ҷумла 151624,4 тонна пиёз,  97886,3 тонна мевагӣ, аз ҷумла 55847,3 тонна зардолу, 52642,8 тонна ангур ва 139144,5 тонна полезӣ истеҳсол карда шудааст.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас буда, дар ин давра дар ҳаҷми 661,4 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд ва корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 1284,9 млн. сомонӣ иҷро гардид, ки мутаносибан 120,6 ва 130,8 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблиро ташкил медиҳад.

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 1991,5 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 267,5 км таъмири асосӣ, 916,7 км таъмири ҷорӣ ва 807,3 км шағалпӯш мебошад.

Барои корҳои иҷрошуда ҳамагӣ 169,3 млн. сомонӣ маблағ сарф шудааст. Аз ҳисоби буҷети вилоят 50,6 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 44,7 км роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ  ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, инчунин, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот дар вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 9 моҳи соли 2022 ба 11 млрд 218,7 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 3027,8 млн. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан 104,7 ва 110,0 фоизро ташкил намуд.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба 2 млдр 300,1 млн. доллари ИМА расонида шуда,  суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 143,1 фоиз таъмин гардид.          

Ҳаҷми воридот 1507,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 313,9 млн. доллар ё 26,4 фоиз афзудааст.

Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 792,7 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 378,0 млн. доллар ё 1,9 баробар зиёд  мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи татбиқи самараноки барномаҳо дар самти рушди содирот ва тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда, инчунин, дастрасӣ пайдо намудани соҳаи парандапарварӣ ба имтиёзҳои иловагӣ, воридоти гӯшту тухми паранда бамаротиб коҳиш ёфта, соли ҷорӣ қадамҳои аввалин дар самти содироти ин намудҳои маҳсулот гузошта шуданд. Дар 9 моҳи соли 2022 ба маблағи 981,0 ҳазор доллар ба миқдори 10,9 млн. дона тухм ва ба маблағи 34,5 ҳазор доллар ба миқдори 23 тонна гӯшти мурғ содирот шудааст.   

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 16,85 млн. доллари ИМА 1089 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 2,28 млн. доллари ИМА ва 186 тонна ба ҳисоб гирифта шудааст. Илова бар ин, ба маблағи 1,7 млн. доллар 516 тонна калобаи пахтагин содирот шудааст.

Баҳри фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар доираи ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида, дар давраи ҳисоботӣ ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 171,75 млн. доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш  нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 118,4  фоиз таъмин гардидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 153,15 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 18,6 млн. доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст.

Дар 9 моҳи соли 2022 нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 2605,2 млн. сомонӣ тасдиқ гардида, иҷрои нақша 105,7 фоиз таъмин ва ба буҷет 2752,6 млн. сомонӣ  ворид карда шуд, ки  нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 147,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.     

Дар ин давра, ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1821,9 млн. сомонии дар нақша пешбинигардида 1886,8 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 3,6 фоиз ё ин ки 64,83 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 1867,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, иҷрои он ба маблағи 1862,8 млн. сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 99,8 фоизи нақша мебошад.

 Баробари ин, чун ҳарвақта афзалият ба соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, ба соҳаҳои маориф 860,7 млн. сомонӣ, тандурустӣ 417,1 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 19,6 млн. сомонӣ, фарҳангу варзиш 199,6 млн. сомонӣ, дар маҷмӯъ, 1497,0 млн. сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона гардид, ки 80,2 фоизи хароҷоти умумии буҷетҳои маҳаллии вилоятро ташкил медиҳад.

Соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати  Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар  9 моҳи соли 2022 дар вилоят 31 иншооти соҳаи маориф бо 9448 ҷои нишаст, аз ҷумла дар назди 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 333 синфхона бо 8393 ҷойи нишаст, 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо 1050 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд.

Бо таҳлили вазъи соҳаҳои гуногун Раиси вилоят аз роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳо пурсиш ба амал оварда, барои тавсеаи рушди устувори соҳаи саноати вилоят, таъмини нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, саҳмгузорӣ дар ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллии мамлакат - саноатикунонии босуръати кишвар, пурра коркард намудани нахи пахтаи дар вилоят истеҳсолшуда ва содироти ҳарчи бештари маҳсулоти тайёр аз пахта, таъмини иҷрои саривақтӣ ва сифатноки нақшаи қисми воридоти андоз, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъатбахшии бунёду азнавсозии иншоот, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия, зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи сардхонаҳо ва  захираи маҳсулоти зарурӣ аз ҷониби хоҷагидорон ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, сари вақт ба охир расонидани ҷамъоварии картошка, шолӣ ва сабзавоту полезиҳо,  афзун намудани масоҳати  кишти тирамоҳии зироат ва шудгори тирамоҳӣ, бунёди боғҳо, таъмини фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ дар фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, иҷрои саривақтӣ ва сифатноки нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки фаъолони вилоят бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ чун ҳарвақта аҳлона заҳмат кашида, саҳми худро ба хотири ободии диёрамон, пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагӣ гузошта, ҷашни 30 - солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоиста ҷамъбаст менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh