Шиносоӣ бо сохтмони мактаби нав дар Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод

Дар Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 бунёд гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот хонандагон дар шароити беҳтарин таҳсили худро идома медиҳанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Иттилоъ дода шуд, ки бинои дуошёнаи таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои 600 хонанда дар як баст сохта мешавад.

Мактаби нав тибқи лоиҳа дорои синфхонаҳои фаннӣ, утоқҳои ёрирасон, толори варзишӣ, ошхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аснои боздид таъкид кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, ҳамасола садҳо иншооти замонавии соҳаро бунёд менамояд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 ноҳияи Зафаробод низ дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардида истодааст.

Ба роҳбарияти ноҳия, масъулони Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ва дигар муттасадиён дастур дода шуд, ки рафти корҳои сохтмониро зери назорат қарор дода, ба ободониву кабудизоркунии атрофи муассисаи таълимӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh