ТАЪМИНОТИ АҲОЛӢ БО ГӮШТ ВА ТУХМИ ПАРАНДА

Солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воридоти маҳсулоти саноативу кишоварзӣ нисбат ба солҳои пешин кам ниёз дорад, зеро коргоҳҳои истеҳсолии хурду бузурги кишвар имконият доранд, ки талаботи дохилиро қисман таъмин кунанд. Баробари ин содироти ашёи хом, алахусус маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ беш гардида, имконияти рақобатнокиро ба даст овардаанд.

Ҷоиз ба қайд аст, ки соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва дарёфти роҳҳои мухталиф кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсулоти истеҳсолшавандаро бо сифати баланд ва нархи дастрас ба давлатҳои мухталиф содир кунанд.

Аз ҷумла соҳибкорон дар самти таъсиси коргоҳҳои парандапарвариву истеҳсоли гӯшт ва тухми он бо кишварҳои дуру наздик шартнома баста, содироти онро ба роҳ монда истодаанд. Ҳамчунин дар ин самт коргоҳҳои парандапарварӣ имконият пайдо кардаанд, ки бозори худиро ба пуррагӣ таъмин кунанд, зеро мутахассисони соҳа тарзи истеҳсоли гӯшти мурғи баландсифат, аз ҷумла гӯшти бройлерро ба таври васеъ ба роҳ мондаанд. Боиси таъкид аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 51 корхонаи парандапарварӣ фаъолият доранд, ки истеҳсоли гӯшт ва тухми парандаро ба роҳ монда, маҳсулоти тухмӣ ва гӯштии парандаро дар бозори дохилӣ ва берун аз кишвар таъмин мекунанд.

Аз 51 коргоҳи мавҷуда 15 коргоҳ самти гӯштӣ ва 28 коргоҳ дар самти тухмӣ фаъолият бурда истодаанд. Боиси таъкид аст, ки имрӯз талаботи аҳолӣ ба гӯшти паранда, аз ҷумла гӯшти бройлер афзудааст. Гӯшти бройлер чӣ гуна истеҳсол мешавад ва фарқи он аз гӯшти мурғи хонагӣ дар чист? Барои ба ин суол посух гирифтан ба духтури молшинос (бойтор) аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дилшод Холматов муроҷиат кардем. Мавсуф қайд кард, ки тарзи нигоҳубин кардани чӯҷаи бройлер нисбат ба парандаҳои тухмдеҳи хонагӣ мушкилтар аст, зеро он нигоҳубини хосаро талаб мекунад.

‐Чӯҷаи бройлер тақрибан дар давоми 40 45 рӯз барои забҳ кардан омода мешавад. Дар баъзе ҳолат парандапарварон онро дар 30 – 35 рӯз забҳ мекунанд, зеро харидорон вазни лозимаро талаб мекунанд. Барои ин намуд чӯҷа хӯрок, витамину минералҳои махсус дода мешавад, яъне гӯшти бройлер серғизо ва барои саломатӣ муфид аст. Ин навъи чӯҷаҳо камҳаракатанд, зеро вазнашон зиёд аст.

Дар аксар маврид соҳибкорон тухми инкубатсиониро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар баъзе маврид чӯҷаи якрӯзаро ворид мекунанд. Аслан, ин намуд чӯҷа тез вазн мегирад, зеро он танҳо барои истеҳсоли гӯшт аст. Мурғҳои оддии хонагӣ ё тухмдеҳ бошад, аз табиат ҳама намуд ғизоро истеъмол мекунанду парандапарварон бештар ба онҳо калтсий медиҳанд, зеро барои тухм кардан онҳоро омода месозанд. Гӯшти мурғи тухмдеҳ низ ҳам аз ҷиҳати таъм ва ҳам аз ҷиҳати вазн куллан фарқ мекунанд, ‐гуфт Дилшод Холматов.

Яке аз коргоҳҳое, ки дар самти истеҳсоли гӯшти бройлер ба нишондиҳандаҳои баланд ноил гардидааст коргоҳи парандапарварии ҶДММ “Назар” аст. Коргоҳ чанд сол инҷониб дар самти парвариш ва истеҳсоли гӯшти бройлер фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Нигоҳубин ва истеҳсоли гӯшти бройлер масъулиятро бештар талаб мекунад. Коргоҳ аз соли 2021 то инҷониб фаъолият дошта, алҳол 35 – 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин ҳастанд. Аллакай дар самти парвариши чӯҷа таҷрибаи кофӣ дорем ва чӯҷаро дар коргоҳ истеҳсол (инкубатсия) мекунем. Алҳол саршумори паранда 46 ҳазору 638 сар буда, истеҳсоли гӯшти паранда то якуми октябри соли равон 350 тоннаро ташкил дод, ‐гуфт корманди коргоҳ.

Бино ба иттилои мутахассиси раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мирзоолим Ҳомидов, дар давоми нӯҳ моҳи соли равон саршумори паранда ба 2 миллиону 812 ҳазору 685 сар баробар гардидааст. Истеҳсоли гӯшти паранда дар ин давра ба 7 ҳазору 2,1 тонна баробар гардида, истеҳсоли тухм 363 миллиону 382 ҳазор донаро ташкил кардааст.

‐Ҳоло дар ҳудуди ноҳия коргоҳҳои калонҳаҷм фаъолият доранд, ки онҳо барои таъмини аҳолӣ бо тухм ва гӯшти паранда саҳми назаррас доранд. Аз ҷумла коргоҳҳои ҶДММ “Чӯҷаи Байзо” (истеҳсоли гӯшти паранда 3 ҳазору 38 тонна, саршумори парранда 182 ҳазору 114 адад), ҶДММ “Эҳёи нав” (истеҳсоли гӯшти паранда 1091 тонна, саршумори паранда 19 ҳазор адад), ҶДММ “Насиби ширин” (истеҳсоли гӯшти паранда 217,3 тонна), ҶДММ “Паранда – 2017” (истеҳсоли тухм 122 миллиону 412 ҳазор дона, саршумори паранда 753 ҳазору 318 адад, мурғи тухмдеҳ 567 519 сар), ҶДММ “Амина – К” (истеҳсоли тухм 62 миллиону 175 430 дона, саршумори паранда 328 ҳазору 833, аз он мурғи тухмдеҳ 293 ҳазору 410 сар), ҶДММ “Чӯҷаи заррин” (истеҳсоли тухм 43 миллиону 341 ҳазор, саршумори паранда 264 ҳазору 764 адад, мурғи тухмдеҳ 213 ҳазору 212 сар) дар давоми нӯҳ моҳи соли равон ба нишондиҳандаҳои баланд ноил гардидаанд.

Бино ба иттилои масъулини Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар давоми нӯҳ моҳи соли равон аз вилояти Суғд 627 тонна тухм ва 23,1 тонна гушти мурғ содирот шудааст. Баробари ин ба вилоят дар ин давра 373,2 тонна тухм ва 520,6 тонна гӯшти мурғ ворид шудааст. Ҳамчунин, дар ин давра дар коргоҳҳои парандапарварии вилоят 12 ҳазору 742,7 тонна гӯшти мурғ ва 582 миллиону 645,1 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст. Алҳол дар вилоят 136 корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият доранд.

Корхонаҳои калонтарини парандапарварӣ, ки саршумори парандаашон аз 100 ҳазор зиёд аст, дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ҶДММ “Амина К”, ҶДММ “Парандапарвар 2017”, ҶДММ “Воҳидов А”, ҶДММ “Чӯҷаи заррин”, ҶДММ “Чӯҷаи Байзо”, ноҳияи Ҷаббор Расулов ҶДММ “Ганҷи ҳилол”, шаҳри Истаравшан ҶСК “Симурғ”, ноҳияи Спитамен ҶДММ “Файзи саҳар”, ноҳияи Мастчоҳ ҶДММ “Суғдиён Сверловск” ва шаҳри Гулистон ҶДММ “Анко инвест” фаъолият доранд. Боиси таъкид аст, ки зиёд гардидани коргоҳҳои истеҳсолӣ боиси таъмин гардидани сокинон бо ҷойи корӣ ва баланд шудани иқтисодиёти кишвар хоҳад гардид. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дастгирии соҳибкорон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда истодааст.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh