ОШКОР ВА ПЕШГИРИИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНӢ ВА ҶИНОЯТҲОИ КОРРУПСИОНӢ

Дар бинои Прокуратураи вилояти Суғд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят доир гардид. Дар он ҳолати ошкорнамоӣ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта дар сохторҳои маориф, тандурустӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва зерсохторҳои он, инчунин таҷрибаи тафтишотӣ ‐судии ҷиноятҳо дар ин самт дар давоми соли 2021 ва 9 моҳи соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сараввал раиси Шӯро прокурори вилояти Суғд, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Фурқат Хоҷазода қайд кард, ки Прокуратураи вилояти Суғд дар ҳамоҳангии фаъолият бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба масъалаи пешгирии амалҳои зиддикоррупсионӣ, ошкор ва тафтиши ин қабил ҷиноятҳо диққати махсус зоҳир намуда истодааст.

Таҳлил муайян кард, ки мақомоти прокуратураи вилоят баҳри ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта кӯшиш ба харҷ дода, дар давраи соли 2021 дар натиҷаи санҷиши ариза ва иттилооти шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин санҷишҳо 237 ҷинояти коррупсионӣ ва хусусияти иқтисодии коррупсионидоштаро ошкор кардааст. Маблағи зарари аз ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардида 11,9 миллион сомонӣ, 258,114 доллари ИМА ва 5,2 миллион рубли Федератсияи Россияро ташкил дода, дар рафти тафтишот 5,5 миллион сомонӣ, 42.000 доллари ИМА ва 5,1 миллион рубли Федератсияи Россия барқарор карда шудааст.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ бошад, мақомоти прокуратураи вилоят дар маҷмуъ 215 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва ба қайд гирифта, 210 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, дар 5 ҳолат бо асосҳои ғайрисафедкунанда аз оғози парвандаҳои ҷиноятӣ рад карда шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҳудуди вилоят дар маҷмуъ аз тарафи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар соли 2021514 ва дар 9 моҳи соли 2022 531 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ба қайд гирифта шудааст.

Ҷоиз ба қайд аст, ки ҷиноятҳои бақайдгирифташуда дар соли 2021 бештар аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маориф, тандурустӣ, заминсозӣ, бонкӣ ва барқ содир шуда, дар ин соҳаҳо нисбат ба соли 2020 зиёд шудааст. Ин нишондиҳандаҳо дар 9 моҳи соли 2022 бошад, бештар аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маориф, тандурустӣ, зерсохторҳои Вазорати саноат, ШСХК “Барқи тоҷик” содир шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 зиёд гаштааст. Аз ҷумла дар соли 2021 дар ҳудуди вилоят аз ҷониби сохторҳои соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 57 ҷиноят аз тарафи 33 нафар содир гардида, дар 9 моҳи соли 2022 ум 54 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, ин кирдорҳо аз ҷониби 30 нафар содир шудааст. Аз ин шумора дар соли 2021 – ум 24 адад ва 9 моҳи соли 2022 – ум 15 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 47 нафар оғоз шуда, баъд аз тасдиқи фикри айбдоркунӣ 35 парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба судҳо ирсол шудааст. Таҷрибаи тафтишотӣ судии ҷиноятҳо дар ин самт нишон дод, ки бо ҳукмҳои судӣ нисбат ба 68 нафар ҷазои ҷарима, нисбати 2 нафар корҳои ислоҳӣ ва нисбат ба 5 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин шуда, 8 нафар маҳкумшуда бинобар татбиқи санади авф аз адои ҷазо озод шудаанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, худидоракунии шаҳраку деҳот, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар муассисаю ташкилоти давлатӣ дар самти пешгирии дохилиидоравӣ омилҳои коррупсионӣ байни кормандон, ошкор, оғоз ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ ва оғози парвандаҳои маъмурии коррупсионӣ мавриди таҳлил ва ҷамъбаст қарор дода шуд. Вобаста ба қонунвайронкуниҳои ҷойдошта дар фаъолияти мақомоту муассисаҳои номбурда ва баҳри тақвият бахшидани фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи коррупсия ва андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар мақомоту муассисаҳои давлатӣ қарори дахлдор қабул карда шуданд.

Аз ҷониби прокурори вилояти Суғд аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, муовинони прокурори вилоят, сардорони шуъбаву бахшҳои прокуратураи вилоят, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки дар ҳамоҳангсозии фаъолият бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷалби шаҳрвандон баҳри ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои коррупсионӣ дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва зерсохторҳои он, ҷамоатҳо, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар субъектон пайваста чораҳои қонунӣ андешанд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh