Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

10 ноябри соли 2022 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, инчунин сафири ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, намояндагони доимии Бонки Ҷаҳонӣ ва ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ва роҳбари минтақавии Бонки Осиёгии рушд иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур ин фароҳам овардани имконият барои назорати рафти иҷрои лоиҳаҳои дуҷониба ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкориҳо бо донорҳо дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор бо назардошти таъмини шуғл, имкониятҳо барои гирифтани таҳсилоти касбии дастрас, инчунин хифзи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, диверсификатсия ва тақвият бахшидан ба бозори меҳнат мебошад.

Мақсад аз гузаронидани чорабинии мазкур дар вилояти Суғд ин ҷалби донорҳо ва шарикони рушд бо имкониятҳои мавҷудаи вилоят ҷиҳати таъсиси ҷойҳои корӣ ва тавсеи шуғли пурмаҳсул барои сокинони минтақа, рушди хизматрасониҳои рақамӣ, ташкили омӯзиши касбу малакаҳо, рушди ҳунармандӣ ва иштироки ҷавонон дар экосистемаи иқтисодии кишвар ва дар маҷмуъ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии саноатикунонии босуръат ва тавсеаи рушди пурмаҳсул дар кишвар мебошад, ки ин барои рушди вилояти Суғд муфид арзёбӣ мегардад.

Зимни ҷаласа рунамои як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла “Харитаи роҳи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ба ҳозирин пешниҳод шуда, ҷиҳати ҳамкориҳои судманди минбаъда тасмимҳо гирифта шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh