НАЗОРАТИ МУҚАРРАРОТ

Иҷрои талаботи “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” имкон медиҳад, ки иштирокчиёни ҳаракати роҳ, аз ҷумла ронандагону мусофирон аз ҳодисаҳои нохуш дар амон ва ҳама гуна қонуншиканиҳо дар ин самт пешгирӣ гардад.

Тавре ки дар гузоришҳои пайваста таъкид менамоем, ки кӯдакони то синни 12 сола набояд дар курсии пеши во ситаи нақлиёт нишинанд. Ин муқаррароти маҳдудкунанда ба он хотир аст, ки ҳаёту саломатии кўдакон ҳифз карда шавад.

Мутаассифона таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар қаламрави вилояти Суғд дар давоми моҳи гузашта 3056 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои мусофиркашонӣ, яъне дар курсии пеши нақлиёт нишастани кӯдакони ноболиғ ба қайд гирифта, нисбат ба ронандагон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ин ҳолатҳои номатлуб, ки аз ҷониби ронандагон содир шаванда, метавонад, ба ҳолатҳои нохуши садамаҳои нақлиётӣ оварда расонад. Маълум аст, ки кӯдакон ҳангоми нишастан дар курсӣ пеш ба ҳар гуна бозиву дилхушӣ овора мешаванд ва ин ҳолат диққати ронандагонро ба худ ҷалб менамояд. Соҳибони воситаҳои нақлиёт ва ронандагон пеш аз ҳар амали худ бояд оқибати онро фикр намуда, ҷони худу дигаронро дар хатар нагузоранд.

Дар гузашта бо сабаби шинонидани кӯдакони ноболиғ дар курсии пеш ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ ба вуқуъ пайваста, дар натиҷа хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта шуд. Бо мақсади пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиётӣ аз тарафи роҳбарияти ШБДА РВКД ҶТ дар вилояти Суғд чорабиниҳои мақсаднок, аз ҷумла рейду санҷишҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пайваста гузаронида шуда, дар натиҷа ошкор карда шуд, ки ронандагон кӯдакони ноболиғи худро дар курсии пеш шинонида, бо ин амалашон талаботи моддаи 320 қисми 3‐и Кодекси ҳуқуқвайронкуни маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудаанд.

Нисбат ба чунин ронандагон дар доираи талаботи қонун чораҳои андешида шуда, барои дубора роҳ надодан ба ронандагон ҳушдор дода шуд. Зеро бо ин амалашон метавонанд, ҷони кӯдакони ноболиғ ва худро дар хатар гузоранд.

Бо пешниҳоди ин гузориш бори дигар ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки тибқи қонунгузорӣ нишастани кӯдакони ноболиғ дар курси пеши воситаи нақлиёт қатъиян манъ аст. Дар урфият мегӯянд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ аст ва ҳар нафар барои ҳифзи саломатии кӯдакон, дар умум иштирокчиёни ҳаракати роҳ масъул аст!

Ҳакимзода Ҷаҳонбин,          

сардори ШТТ ШБДА РВКД ҶТ

дар вилояти Суғд, майори милитсия

Add comment


Security code
Refresh