Дар Хуҷанд Маркази диллерии «Тойота» ифтитоҳ гардид

Дар шаҳри Хуҷанд дар доираи тадбирҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди инфрасохтори муҳими иҷтимоӣ сифати кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтару хубтар гардонида мешавад. Дар ин замина дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҳудуди варзишгоҳи "20 - солагии Истиқлолият"- и шаҳри Хуҷанд Маркази диллерии «Тойота» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо иқдоми ҶДММ «Таҷмоторс» Маркази диллерии «Тойота»-и кишвари Ҷопон ташкил гардида, минбаъд мустақиман автомашинаи ширкати маъруфи «Тойота» дар ин маркази савдо фурўхта мешавад. Ҳамзамон дар ин ҷо таъмир, хизматрасонӣ ва фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобилҳои “Тойота” ба роҳ монда хоҳад шуд. Фурӯши анвои гуногуни автомобилҳои масофаи муайянгаштаи тамғаи “Тойота” низ ҷорӣ карда мешавад.

Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин иқдоми ширкати ҶДММ «Таҷмоторс»-ро шоистаи таҳсин хонда, барои рушди минбаъдаи он, таъсиси ҷойҳои нави корӣ машваратҳо доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh