Таъминоти сокинон бо маҳсулоти шоколадӣ

Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва имтиёзҳои муқарраргардида ба соҳибкорони ватанӣ корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар мамлакат, хусусан дар вилояти Суғд бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар баробари истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сокинони зиёд ба шуғли доимӣ ҷалб карда мешаванд. Дар вилояти Суғд молу маҳсулоти мухталифи воридотивазкунандаву рақопатпазир истеҳсол мешавад, ки сокинони вилоят аз он васеъ истифода мебаранд.

Ҳоло дар вилоят наздик 243 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад. Дар моҳҳои январ - апрели соли 2024 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 8072,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки бо истифодаи индекси нарх суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 107 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соҳаи саноат 1129 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки аз он 38 корхона хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд. Дар моҳҳои январ - апрели соли 2024 - ум 696 корхона ё 61,7 фоиз нисбат ба моҳҳои январ-апрели соли гузашта сатҳи истеҳсолро баланд бардоштанд.

Боиси зикр аст, ки дар вилоят молу маҳсулоти мухталфи саноатӣ истеҳсол гардида, сокинонро бо маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда таъмин карда истодаанд. Дар корхонаҳои саноатии вилоят чанд сол инҷониб истеҳсоли шоколад ба роҳ монда шудааст, ки маҳсулоти истеҳсолӣ на танҳо дар вилояти Суғд, балки марказҳои савдои ҷумҳуриро низ таъмин карда истодаанд.

Ин намуд маҳсулоти истеъмолӣ харидорони зиёде дошта, дар марказҳои савдо ва нуқтаҳои фурӯш намудҳои гуногуни он дастрас аст.

Дар вилояти Суғд асосан чор корхонаи истеҳсоли шоколад, аз ҷумла ҶДММ “Ҳаловати Суғд”, ҶДММ “Норматов”, ҶДММ “Баракат Исфара” ва ҶДММ “Моҳи пурнур” мавҷуд аст, ки дар давоми чор моҳи соли равон ба ҷуз ҶДММ “Баракат Исфара” ба миқдори 15,95 тонна ба маблағи 456,6 ҳазор сомонӣ шоколад истеҳсол кардаанд.

Корхонаи истеҳсоли шоколади “Ҳаловат”соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд бунёд ёфта, то имрӯз дар бозори дохилӣ мавқеи худро ишғол кардааст. Дар давоми чор моҳи соли равон дар корхона 15,95 тонна ба маблағи 192,5 ҳазор сомонӣ шоколад истеҳсол шудааст, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли сипарӣ 5,61 тоннаро ташкил кардааст. Бино ба иттилои сардори корхона Юсуфҷон Абдураҳимов маҳсулоти шоколадӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ тавлид гардида, дорои сифати баланд мебошад.

- Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардидааст. Дар ҳолати зиёд шудани талабот корхона имконият дорад, ки дар як шабонарӯз то 400 киллограмм маҳсулот истеҳсол кунад. Маҳсулоти шоколадӣ аз мағзи чормағзи заминӣ, асали тозаи табиӣ, орду равған, ширу қаймоқ ва дигар маводи хӯроквории иловагӣ истеҳсол мешавад.

Барои истеҳсоли шоколад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад, аз хоҷагиҳои ноҳияи Мастчоҳ чормағзи заминиро харидорӣ намуда, мағзи онро дар истеҳсоли беш аз 10 номгӯи шоколад васеъ истифода менамоянд, - гуфт Юсуфҷон Абдураҳимов.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур беш аз 13 номгӯй маҳсулоти шоколадӣ, ки бо шаклу андозаҳои гуногун, аз ҷумла “Сабантуй”, “Медвежонок”, “Фруктовый мармелад”, “Корона”,  “Трюфель” ва амсоли ин истеҳсол мешавад. Алҳол дар корхона 12 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки шоколадҳои истеҳсолнамудаи ин коргоҳ бо омехтаи мағзу асал ва меваи табиӣ сифати баланд дошта, дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир асту талабгори зиёд дорад.

Ҳамчунин корхонаҳои ҶДММ “Норматов” моҳҳои январ – апрели соли 2024 ба миқдори 5,52 тонна шоколад истеҳсол кардааст, ки маблағи он ба 140 ҳазор сомонӣ баробар аст. Нишондиҳандаи мазкур дар ҳамин давраи соли сипарӣ 14,5 тоннаро ташкил карда буд. Корхонаи ҶДММ “Моҳи пурнур” дар ин давра ба миқдори 4,95 тонна шоколад истеҳсол кард, ки маблағи истеҳсолӣ ба 124,1 ҳазор сомонӣ баробар шудааст. Нишондиҳандаи истеҳсолӣ дар ҳамин давраи соли 2023 – юм 4,6 тоннаро ташкил карда буд.  Дар давоми чор моҳи соли равон ҶДММ “Баракат Исфара” маҳсулоти шоколадӣ истеҳсол накардааст.

Соҳибкорзан Сокина Мирзоева бо фурӯши маҳсулоти қаннодӣ, аз ҷумла маҳсулоти шоколадӣ фаъолият менамояд. Ӯ ба ҷуз шоколадҳои воридотӣ ҳамчунин фурӯши маҳсулоти худиро ба роҳ мондааст.

- Наздик ду сол мешавад, ки соҳибкорони маҳаллӣ маҳсулоти шоколадии худро пешниҳод мекунанд. Имрӯз ба ин намуд маҳсулот талабот зиёд аст, зеро нархи он дастрас ва ҳам таъмаш аз маҳсулоти воридотӣ камӣ надорад.

Ростӣ, пештар харидорон маҳсулоти худиро кам интихоб мекарданд, ҳоло бошад, аз намудҳои гуногуни шоколади ватанӣ бо ҳавас харидорӣ мекунанд. Ҳам маҳсулоти воридотӣ ва ҳам маҳсулоти худӣ вобаста ба намуд, мазза ва нарх дар алоҳидагӣ харидорони худро доранд. Истеҳсолкунандагон дар халтаҳои махсуси ғунҷоишашон 500  ва 1000 грамма дастрас мекунанд, ки барои харидорон низ қулай аст. Ҳоло ба ҷуз шоколад мармеладҳои гуногунро пешниҳод мекунанд, ки он ҳам мақбули сокинон мебошад, - гуфт Сокина Мирзоева.

Абдурауф Раҳимов дар соҳаи таблиғ чанд сол инҷониб фаъолият дорад. Ӯ бештар маҳсулоти Россияро интихоб мекунад, зеро корхонаҳои истеҳсоли ин кишвар тавонистанд дар ҷаҳон мавқеи худро пайдо кунанд.

- Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки маҳсулоти шоколадӣ харидорони зиёде дошта, бештар намудҳои гуногуни он воридотӣ мебошад. Аксар харидорон то ҳол намедонанд, ки дар вилоят корхонаҳои истеҳсоли шоколад мавҷуд аст. Новобаста аз ин аксарият шоколади кишварҳои хориҷ, алалхусус Россияро интихоб мекунанд. Сабаби асосии интихоби онҳо пеш аз ҳама дар таблиғ аст.

Корхонаҳои истеҳсолӣ маҳз тариқи таблиғи дуруст тавонистанд харидоронро зиёд ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо кунанд. Шояд маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар тамъ аз баъзе воридотӣ хубтар бошад, аммо инро танҳо пас аз чашидан дарк кардан мумкин аст. Пас барои мавқеи худро дарёфтан танҳо таблиғи дуруст лозим аст, - гуфт таблиғгар Абдурауф Раҳимов.            

Бино ба иттилои масъулини Сарраёсати омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар давоми чор моҳи соли 2024 ба вилоят аз наздик 12 давлати хориҷи кишвар, ба монанди Белоруссия, Қазоқистон, Россия, Ӯзбекистон, Украина, Туркманистон, Литва маҳсулоти шоколадӣ ворид шудааст.

Аз ҷумла 824,3 тонна шоколад ба маблағи 3 миллиону 63,7 ҳазор доллар ворид шудааст, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2023 – юм ба миқдори 755,4 тонна шоколад ба маблағи 2 миллиону 572,2 ҳазор доллар ворид шудааст.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”  

Add comment


Security code
Refresh