Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи «Оби зулол»-и шаҳри Истаравшан
- Details
- Published on Thursday, 20 June 2024 14:37
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Истаравшан бо фаъолияти корхонаи «Оби зулол» аз наздик шинос гардид.
ҶСП «Оби Зулол», ки соли 2000 мавриди истифода қарор дода шудааст, яке аз корхонаҳои калонтарини саноатӣ ба ҳисоб рафта, масоҳати умумиаш 10 гектарро ташкил медиҳад. Самти асосии фаъолияти ҷамъият истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли мураббо, афшураҳои мевагӣ ва истеҳсоли ғизои кӯдаконро дар бар мегирад.
Корхонаи мазкур имсол низ ба қабули мева оғоз карда, аз 8 июн то инҷониб аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 250 тонна зардолуро харидорӣ намудааст. Меваҳои воридшуда бо истифода аз технологияҳои муосир коркард шуда, маҳсулоти гуногун омода ва ба бозор ворид карда мешавад.
«Оби Зулол» вобаста ба мавсим зардолу, сиёҳолу, шафтолу, биҳӣ, себ, олую олуча ва сабзавотро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии кишвар қабул намуда, коркард менамояд.
Маҳсулоти истеҳсолшуда илова бар бозори дохилӣ ба Қазоқистон, Ӯзбекистон, Россия, Амрико ва дигар давлатҳо содирот мегардад. Дар панҷ моҳи соли равон аз корхона ба маблағи 5,5 миллион доллари ИМА маҳсулот содирот шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 баробар зиёд аст.
Раиси вилоят ба роҳбарияти корхона барои ҳарчи бештар харидорӣ ва коркард намудани меваҳои шаҳдбор тавсияҳо дода, дастур дод, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ боз ҳам зиёд карда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд