Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафар карда, бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди Деҳмой-Конибодом ба масофаи 51 км ва паҳноии 25 то 45 метр азнавсозӣ гардида, барои рафту омади сокинон вазъи роҳ беҳтар карда мешавад. Зимни шиносоии роҳбари вилоят бо рафти мумфаршкунии роҳи мазкур дар қитъаи Конибодом-Кӯчкак иттилоъ дода шуд, ки роҳи Деҳмой-Конибодом бо ҷалби мутахассисони ватаниву хориҷӣ навсозӣ шуда истодааст. Роҳ аҳмияти байналмилалӣ дошта, мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд карда мешавад. Тибқи лоиҳа дар доираи корҳои роҳсозӣ бунёди 11 пули мошингузар низ ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят барои татбиқи босифати лоиҳа ва тозаву озода нигоҳ доштани шафати роҳи мазкур ба масъулин супоришҳо дод.

Дар идома роҳбари вилоят ҷараёни татбиқи лоиҳаи хатти оби полезӣ, сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 барои 480 нафар, кӯдакистонҳо, тарабхонаи замонавӣ, коргоҳи пойафзолбарорӣ ва коргоҳи коркарди меваро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои бо сифати баланд омода намудани иншооти ҷашнӣ ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини дахлдор дастур дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh