Саҳм дар рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии давлат

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуд, санади муҳим барои муайянсозии самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва роҳнамо барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат маҳсуб меёбад. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат тамоми паҳлуҳои фаъолияти сохтору ниҳодҳои кишвар на танҳо дар як соли охир, балки таҳлили амиқи панҷ соли охири даврони Истиқлоли кишвар мавриди таҳлил қарор гирифт. Паёми навбатиро сокинони кишвар бо руҳияи баланд тамошо карда, сармашқи кори худ қарор додаанд.  

Эълон намудани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” барои рушди соҳаи омор низ муҳиму саривақтист. Чунки бе қабули санадҳои дахлдор, махзани мукаммали маълумотҳо, интернети босуръат ва аз ҳама муҳимаш омўзонидани кадрҳои баландихтисос, гузаштан ба иқтисоди рақамӣ ғайриимкон аст.

Сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромидин доир ба эълон намудани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” чунин гуфт:

- Кормандон чун ҳарвақта санаи 28 – уми декабри соли 2024 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар ироа гардид, дастаҷамъона тамошо намуданд. Зимни Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа натиҷагирӣ гардида, Роҳбари олии кишвар ҷиҳати таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бо баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030-ро “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намуданд. Аз ин лиҳоз, Роҳбари давлат супориш доданд, ки ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ дар панҷсолаи минбаъда ба 7 самтҳои асосии зерин, аз ҷумла такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ, то шабакаҳои панҷ - ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот ва ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Лозим ба қайд аст, ки дар мақомоти омори давлатӣ бо мақсади пурра фаро гирифтани субъектҳои хоҷагидор ва мукаммал гардонидани механизми ҷамъоварии маълумот дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои вилоят электроникунонии ҳисоботҳои оморӣ ба ҳолати 1 феврали соли 2024-ум 156 намуди шакли ҳисоботҳои соҳавӣ ба тариқи электронӣ ҷамъоварӣ гардида истодааст, ки ин 100 фоизи шаклҳои ҳисоботи омори маҳаллиро ташкил медиҳад.

Айни замон дар “Портали ягонаи оморӣ” модули хизматрасонии “Утоқи шахсии ҳисоботсупоранда” ҷойгир гардида, шахсони ҳуқуқӣ ҳисоботҳои худро дар шакли электронӣ пешниҳод намуда истодаанд. Инчунин дар асоси фармоиши муштараки байниидоравӣ ба андозсупорандагон додани рамзи оморӣ дар реҷаи вақти мустақим (онлайн) ба роҳ монда шудааст, ки ин ҳам бошад дар асоси Паёми қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид. Илова бар ин, лоиҳаи созишномаи байниидоравӣ “Оид ба табодули маълумот дар шакли электронӣ” байни мақомоти андоз ва омор дар лаҳзаи мувофиқа қарор дорад, ки ин иқдом низ баҳри рушди иқтисодиёти рақамӣ равона гардидааст.  

Кормандони мақомоти омори вилояти Суғд минбаъд низ барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳои неку созанда ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат корбарӣ намуда, тамоми кўшишу ғайраташонро баҳри тинҷию оромӣ ва рушди вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар равона менамоянд.

“Рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, суботи сиёсӣ ва оромиву осудагии мардуми Тоҷикистон аз таъмини амнияти миллӣ вобаста мебошад”, - ин нуктаи муҳим низ дар Паёми Пешвои муаззами миллат таъкид гардид. Замоне, ки дар кишвар оромиву сулҳ ва ваҳдату ҳамдилӣ ҳукмфармо бошад, он вақт сокинон орому осуда умр ба сар мебаранд. Доир ба ин масъала сардори Раёсати иҷро дар вилояти Суғд Оятулло Раҳматзода ибрози андеша намуд:

- Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кулли мардуми кишвар Паёми сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва маънавиву тарбиявӣ буд. Роҳбари давлат таҳлили вазъи на танҳо як соли охир, балки дастовардҳои панҷ соли гузаштаро мавриди таҳлил қарор доданд. Ҳамчунин дар мавриди амнияти кишвар хеле суханҳои ҷолибу таъсирбахш гуфта шуд, ки он барои осудагиву оромии сокинон нақши муассир дорад. Ҷоиз ба қайд аст, ки барои таъмини амнияти сокинони кишвар саҳми ҷавонон, мутахассисони соҳибтахассус, ҷавонони лаёқатманду соҳибилм ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ басо калону назаррас аст. Дар ин ҷода ҳар ҷавонро мебояд бо дарки масъулиятшиносиву меҳанпарастӣ дар назди Модар – Ватан қарзи худро адо намуда, минбаъд баҳри осудагиву оромии кишвар саҳми шоиста гузоранд. Дар ин самт сохтору мақомоти дахлдор чораҳои муассир андешида истодаанд.

Хизмат ба Ватан низ яке аз шохаҳои асосии таъмини амнияти кишвар ба шумор меравад, зеро маҳз дар мактаби мардонагӣ ҷавонон заҳмати шабонарӯзии падару модар ва қадри сулҳу суботро амиқ дарк мекунанд. Имрӯзҳо барои нигоҳдории амнияти кишвар ҳазорон хизматчиёни ҳарбӣ, сарҳадчиёну марзбонон шабонарӯзӣ марзу буми худро ҳифз ва ҳимоя карда истодаанд.

Моро месазад, ки меҳани хешро ҳифзу обод намоем. Воқеан хизмат ба ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

Пешвои муаззами миллат дар баромади хеш суханҳои муассиру таъсирбахшро ба забон оварданд, ки “Барои мову шумо муқаддастарин ҷузъиёт чӣ аст? Агар модар намешуд мову шумо дар ҳамин толор будем? Инсонро зан - модар ба дунё меорад. Вақте соҳиби ақл гаштем, чӣ қадар аз модар меҳрубонӣ шунидем. Он суханоне, ки модар ба фарзанд мегӯяд, он меҳрубоние, ки модар ба фарзанд мекунад ягон нафар намекунад. Нисбат ба бонувон, занҳои худ, духтарон беэътиноӣ, беҳурматӣ накунед...”, дар чашмони ҳар фарди меҳанпараст ашк ҷорӣ шуд. Ин суханон бештар ба мардон равона шуд, зеро мардон ҳимоякунандаи модару Ватан ҳастанд.

Дар навбати худ Хадамоти иҷро низ баҳри тарбия намудани мутахассисони ҷавону болаёқат ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо корҳои мушаххасро роҳандозӣ кардаанд. Боиси таҳсин аст, ки имрӯз шумораи ҷавонони болаёқату соҳибистеъдод афзуда, ҳар яке баҳри пешрафти кишвари маҳбубамон саҳми хешро гузошта истодааст. 

Дар Паёми худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ба масъалаи таъмин кардани шаҳрвандон бо шуғли пурмаҳсул таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Пешвои миллат қайд карданд, ки бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегӣ бояд зери таваҷҷуҳи доимии тамоми сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ қарор дода шавад.

Доир ба ин масъала муовини сардори Раёсати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят Наимҷон Тоҳирзода ибрози андеша намуд:

- «Бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани аҳолӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян гардидааст», - таъкид карданд дар Паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин замина, ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дода шуд, ки тамоми имкониятҳоро барои дар панҷ соли оянда дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъсис додани беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кории нав сафарбар созанд.

Яке аз тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо шуғли пурмаҳсул ин сатҳи муносиби музди меҳнат мебошад.

Дар Паёми навбатии худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад.

Инчунин, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Ин ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии консепсияю барномаҳои давлатӣ дар самти таъминсозии аҳолӣ бо шуғли пурмаҳсул ва баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамчунин Пешвои муаззами миллат бобати вазъи кунунии низоми пардохти ғайринақдӣ ибрози андеша карданд, гуфта шуд, ки “Ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷет, аз ҷумла дар масъалаи гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои ноил гардидан ба устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад”. Ин нукта бешак ба фаъолияти бонк ва ташкилотҳои қарзӣ вобастагии зиёд дорад. Муовини мудири Филиали КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд Шоира Машрафҷонзода чунин ибрози андеша намуд:  

- Дар Паёми навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон, инчунин тақвияти низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ибрози андеша намуданд. Роҳбари давлат рушд додани низоми мазкурро барои устувории молиявии давлат ва бевосита барои шаффофияти равандҳои иқтисодӣ заминаи муҳим шуморида қайд  намуданд, ки он роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти амалиёти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии коррупсия мебошад.

Дар ин раванд моро зарур аст, ки баҳри баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ чораҳои зарурӣ андешем, зеро таҷрибаи давлатҳои пешрафта бозгӯи он аст, ки густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб ёфта, барои таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши бениҳоят муҳим дорад.

Боиси тазаккур аст, ки дар давоми соли 2024 – ум дар вилоят 1158 постерминал дар 211 нуқтаҳои марказҳои савдои хизматрасонӣ ва ташкилоту муассисаҳо ва  1286 QR – рамзҳои ягонаи Бонки миллии Тоҷикистон дар  232 нуқтаҳои марказҳои савдои хизматрасонӣ ва ташкилоту муассисаҳо насб карда шудаанд. Боиси қайд аст, ки аз ҷониби Филиали КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд барои гузаронидани амалиётҳои ғайринақдӣ дар тамоми филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ инфрасохтори зарурӣ таъмин карда шудааст. Минбаъд низ дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри боз ҳам расидан ба натиҷаҳои баланд тамоми нерӯ ва қувваи худро сафарбар хоҳем кард.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh