Дар ноҳияи Зафаробод беш аз 440 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шудааст

29 январ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Ноҳияи Зафаробод бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардида, бо бунёди иншооти таъиноти гуногун ҷойҳои нави корӣ ташкил ва шароити арзандаи кору зиндагӣ ба сокинон фароҳам гардид.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёду таҷдид ва навсозии қариб 600 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз беш аз 440 иншоот бо харҷи қариб 110 миллион сомонӣ ба истифода дода шудааст.

Зимни сафари корӣ ба ноҳия роҳбари вилоят сохтмони як қатор иншооти ҷашниро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Дар партави сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумат бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 бунёд гардида истодааст. Зимни суҳбат бо омӯзгорону сокинони ноҳия роҳбари вилоят аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф ва баланд гардидани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ёдовар шуд. Аснои суҳбат сокини ноҳияи Зафаробод Ҳалимбой Турсунов дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун роҳнамо қабул намуда, ваъда дод, ки барои фарзандони диёри худ кӯдакистон бунёд менамояд. Номбурда иброз дошт, ки саҳм гузоштан дар ободии Ватан қарзи шаҳрвандӣ ва рисолати ҳар фарди ватандӯст ба шумор меравад

Сипас, Раиси вилоят бо корҳои сохтмонии фабрикаи нави паррандапарварӣ барои истеҳсоли тухми инкубатсионӣ шинос шуд. Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чӯҷаи фаровон” дар заминаи дастгириҳои давлатӣ нақша доранд, ки бо амалӣ намудани лоиҳа парвариши парандаи модарии бройлерро бо мақсади истеҳсоли тухми инкубаторӣ, ки барои парвариши мурғҳои бройлерӣ (барои гӯшт) пешбинӣ мешавад, ба роҳ монанд.

Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки барои татбиқи ин лоиҳа 2 миллион доллар сармоягузорӣ карда шуда, дар марҳиллаи аввал 10 ҷойи навӣ корӣ ташкил мегардад ва бо амалӣ шудани нақшаҳои пешбинишуда 30 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин мешаванд. Масоҳати умумии фабрика қариб 9 гектар буда, минбаъд он самаранок истифода шуда, дар соли авали фаъолият дар назар аст, ки 1 миллиону 566 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шавад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ин иқдоми соҳибкоронро муҳим арзёбӣ намуда, барои сари вақт омода намудани иншоот ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ масъулинро вазифадор намуд.

Дар идомаи боздид роҳбари вилоят бо сохтмони маркази хизматрасонӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд мегардад, шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи корҳои сабзу хуррамгардонӣ дар ду шафати роҳҳои мошингарди ноҳия ва дигар ҷойҳои пешбинишуда дарахтони ороишӣ, ҳамешасабзу сояафкан шинонида мешавад. 

Дар поёни сафар роҳбари вилоят аз ҳоли собиқадорони меҳнат Эшназар Ҳасанов ва Ҳомид Амонов хабар гирифт ва ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh