Баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ
- Details
- Published on Wednesday, 05 February 2025 10:05
Ҳамасола ироа гардидани Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамчун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои хоҷагии мамлакат буда, онро метавон ҳамчун барномаи амал ва роҳнамои стратегӣ, инчунин зиндагии осоиштаву босаодати сокинони мамлакат арзёбӣ намуд.
Иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат аз ҷониби Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд чӣ гуна ба роҳ монда шудааст? Доир ба ин ва дигар ҷанбаи фаъолият суҳбате доштем бо сардори Раёсат Ғайбулло Муҳиддинов, ки фишурдаи онро манзури муштариён менамоем:
-Дар раванди иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Пешвои миллат мутахассисони Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд чӣ корҳоро ба иҷро расониданд?
-Агар фаъолияти кормандони Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғдро дар соли сипаригардида таҳлил намоем, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини назорат ва иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору супоришҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Агентии Тоҷикстандарт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Аз ҷумла, дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, дар асоси нақша-чорабиниҳо суратҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии Тоҷикстандарт баҳри дастгирии соҳибкори ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, зиёд намудани истеҳсоли навъҳои гуногуни маҳсулот ва пешгирии воридшавии маҳсулоти пастсифат ба бозори дохилӣ хеле коркард ба сомон расонд. Баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусии соҳибкорон, риояи ҳатмии талаботи муқарароти техникӣ дар раванди истеҳсолот ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввал, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар субъектҳои пешниҳодкунандаи хизматрасонӣ аз ҷониби мутахассисони Раёсат корҳои омӯзишӣ ва тарғиботӣ тақвият дода шуд. Дар давоми соли сипаригардида нуҳ семинари омӯзишӣ ва мизи мудаввар барои роҳбарону мутахассисони корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо, соҳаи сайёҳӣ, марказҳо ва нуқтаҳои савдо баргузор шуд, ки дар он талаботи қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ техникӣ, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалӣ дар раванди истеҳсолот ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаи стандартонӣ ва метрология мавриди омӯзиш қарор гирифт.
-Дар Паёми соли гузашта Пешвои миллат вобаста ба ташкили озмоишгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ масъалагузорӣ намуда буданд, кадом корҳо дар ин самт амалӣ карда шуд?
-Воқеан яке аз масъалаҳои муҳими таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандгон аз таҷҳизонидани озмоишгоҳҳо бо таҷҳизотҳои навтарин ва мутахассисони касбӣ вобастагӣ дорад. Аз ин хотир баҳри амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба ташкили озмоишгоҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд ва Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи озмошгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзии Марказ, як ҳуҷраи нав, ташхиси нишондиҳандаҳои микробиологӣ барои маҳсулоти хӯрокворӣ ташкил карда шуда, он бо таҷҳизотҳои зарурӣ ҷиҳозонида шуданд.
Илова ба ин дар озмоишгоҳ барои ташхиси гандум таҷҳизоти замонавӣ харидорӣ шуд, ки ташхиси ин намуди маҳсулот ба маротиб осон гардида, нишондодҳои он ба таври электронӣ иҷро мегардад.
-Истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда аз амалисозии талаботи санадҳои меъёрии техникӣ вобастагии калон дорад. Дар самти таъмини корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ бо санадҳои соҳавӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ корҳо чӣ хел ба роҳ монда шудааст?
- Дуруст, бисёр суоли бамаврид аст. Дар ин самт низ нисбат ба солҳои қаблӣ корҳои зиёде ба роҳ монда шудааст. Соли сипаригардида аз ҷониби мутахассисон 264 субъекти хоҷагидор бо ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ таъмин карда шуданд.
Илова бар ин, бо намояндагони 437 корхонаи истеҳсолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста моҳияти муқаррароти техникӣ ва дигар санадҳои меъёрӣ ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони бахши тасдиқи мутобиқати системаи идоракунии сифат дар 222 субъекти хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба моҳият ва манфиати стандартҳои байналмилалии силсилаҳои дахлдор роҳандозӣ шуданд. Чунин системаи идоракунии стандарти мутобиқатӣ, аз ҷумла дар маркази савдои ҶДММ “АМИД”, ҶДММ “Шоҳшир”, ҶДММ “Насиби Ширин” ҷорӣ карда шуд. Инчунин, аз ҷониби роҳбарияти як қатор меҳмонхонаву корхонаҳо барои гузаронидани омӯзиш оид ба талаботҳои стандарт дархост қабул шуда, корҳои омӯзишӣ идома доранд.
-Бахшида ба пешвози сазовори ҷашни таърихии миллат 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва амалисозии қонунҳо ва стратегияҳои давлатӣ кадом дастовардҳоро номбар карда метавонед?
-Баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва амалисозии ташаббусҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба хотири фароҳам овардани шароит барои бозиҳои бачагон дар назди биноҳои баландошёна бо иқдоми роҳбарият ва кормандони Раёсати Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд майдончаи бозӣ барои кӯдакон ба истифода дода шуд. Иқдоми мазкур баҳри фароҳам овардани шароити хуби истироҳату фароғат ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дар ташаккули ҷисмонию маънавии кӯдакону наврасон нақши назаррас мегузорад.
Дастоварди дигар дастаи футболбозони Раёсат дар мусобиқаи ҷумҳуриявии футболи хурд сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Инчунин, ғолибияти Париноз Абдузода-фарзанди сармутахассиси шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии Раёсат Солеҳназар Абдуев дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. Номбурда дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик сазовори ҷойи 3-юм гардида, бо диплом ва 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.
Боиси қайд аст, ки дар давоми соли гузашта мутахассисони Раёсат ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар баргузории ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ҷалби корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ дар ярмаркаи мазкур саҳми назаррас доранд.
-Дар Паём ва баромадҳои хеш Пешвои миллат дар мавриди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дастуру ҳидоят медиҳанд ва дар ин раванд кадом корҳо аз ҷониби масъулини сохтори мазкур амалӣ гардиданд?
-Вобаста ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 “Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ” ва амри Раиси вилоят дар ин бобат ва бо мақсади забономӯзӣ, маъмурияти Раёсат соли сипарӣ бо ҷалби омӯзгори соҳибтаҷриба, барои мутахассисони Раёсат дар ду гурӯҳ курси омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ ташкил карда, ҷадвали баргузории машғулиятҳо барои якуним сол тасдиқ гардид.
-Яке аз самтҳои фаъолияти Раёсат ин ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошад. Ба андешаи Шумо барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии истеъмолкунанда чӣ бояд кард?
-Дар доираи амалисозии нақша-чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби мутахассисон корҳои зиёди тарғиботӣ-ташвиқотӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби мутахассисони шуъбаи нозироти савдо ва шуъбаи шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ дар вилоят дар ҳамкорӣ бо дафтари матбуоти Раёсат дар бозори “Ашроф”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, бозори марказии Спитамен, бозори “Фаровон”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд, инчунин якчанд марказҳои савдо ва муассисаҳои хӯроки умумии шаҳру ноҳияҳои номбурда садҳо адад ҳуҷҷатҳои маърифатӣ бо шарҳу тавсияҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии истеъмолкунандагон дар намуди варақаҳо нашр ва паҳн карда шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар партави Паёми Пешвои миллат имсол низ як қатор нақшаву чорабиниҳо тарҳрезӣ шуда истодааст ва мо масъулин ҷиҳати ба иҷро расонидани он боз ҳам бештару беҳтар дар ин раванд фаъолия хоҳем намуд.
-Барои суҳбат ташаккур.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”