Мусоидат ба рушди соҳибкорӣ

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он раиси ноҳия, намояндагони мақомот ва рӯзноманигорони васоити ахбори омма ширкат варзида, масъалаҳои ҳалталабу соҳаҳои гуногуни хоҷагии ноҳияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Қайд карда шуд, ки ноҳияи Ашт яке аз минтақаҳои кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, бозорҳои дохилию ҷаҳониро бо маҳсулоти хушсифату коркарди ашёи табиии маҳаллӣ таъмин менамояд. Соҳаҳои асосии хоҷагии ноҳия пахтакорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ буда, деҳқонону кишоварзон намудҳои гуногуни зироатҳоро кишт мекунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории соҳаи кишоварзӣ ба миқдори 6937, 5 тонна гӯшт, 8126,2 ҳазор дона тухм, 221, 4 тонна пашм, 13 тонна пилла, 39,9 тонна асал ва 588,8 тонна моҳӣ истеҳсол шудааст. Инчунин, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 555385, 9 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 11037,9 сомонӣ зиёд шудааст, ки суръати афзоиши он ба 102 фоиз баробар мебошад.

Дар ноҳия 27 корхонаву коргоҳи саноатӣ мавҷуд аст, ки 24 ададашон то ин ҷониб фаъолият дошта, 15 адади он ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли гузашта зиёд намудааст. Мутаассифона, се корхонаи дигар аз фаъолият боз мондааст, ки раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода сабаби онро дар нарасидани маблағ арзёбӣ намуд.

Давоми соли 2024 дар ноҳия панҷ корхонаву коргоҳи саноатӣ таъсис дода шудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳо дар марҳилаи ҳисоботӣ мувофиқи мақсад мебошад. Масалан, Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Меваи Ашт» 200 тонна меваи хушк истеҳсол намуда, ҳамзамон 4 ҷойи корӣ дар Ҷамоати деҳоти Шодоба таъсис додааст. Тибқи иттилои раиси ноҳия таъсиси боз 15 корхонаи саноатӣ дар нақша аст, ки фаъолияти он барои пешбурди соҳаи саноат ва кишоварзӣ муҳим арзёбӣ шудааст.

Маълум гардид, ки Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Рахшона» 22 ҳавзи моҳипарвариро дар деҳоти Ошоба таъсис додааст, ки дар он беш аз 10 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад. Ҳамзамон, дар ду ҳавз зиёда аз 10 ҳазор мурғобӣ парвариш ёфта, давоми соли 2024 боз 500 адади дигар мурғобиро ворид намуданд. Тавре аз суҳбатҳои рӯзноманигорону масъулин маълум шуд, макони моҳипарварии деҳоти Ошоба ба як мавзеи сайёҳӣ мубаддал шудааст, ки сайёҳону меҳмонон метавонанд он ҷо сафар кунанд.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба масъалаҳои роҳу сохтмон, фаъолияти корхонаҳо савол дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Манзура БАХТИЁРЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh