Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён
- Details
- Published on Tuesday, 08 April 2025 10:53
Муҳтарам кормандони соҳаи иқтисод!
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” санаи 8 апрел ҳамчун Рӯзи иқтисодчиён ба қайд гирифта шуда, ҳамасола ин сана дар сатҳи баланд таҷлил мегардад.
Боиси таъкид аст, ки саҳми кормандони соҳаи иқтисод дар таъмини рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар беандоза буда, онҳо нақши калидиро дар таҳияи стратегияҳои рушди устувор, ҷалби сармоя, афзоиши истеҳсолот, таҳлили амиқи вазъи иқтисодӣ ва пешгӯии тамоюлҳои оянда мебозанд. Бо истифода аз маълумоти дақиқ ва таҳлилҳои илмӣ, ба роҳ мондани ислоҳоти сохторӣ ва баланд бардоштани самаранокии сармоягузорӣ кӯмак мерасонанд. Ғайр аз ин, барои ташаккул ва такмил додани сиёсати макроиқтисодӣ, беҳтар кардани муҳити бизнес ва таъсис додани шароити мусоиди рушди соҳибкории хурду миёна саҳм мегузоранд, яъне ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ бар ӯҳдаи онҳо вогузор гардидааст.
Аз ин лиҳоз, натиҷаҳои фаъолияти кормандони соҳа ва маҳсулнокии фаъолияти онҳо аз рӯи иҷрои сифатнок ва саривақтии нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ баҳогузорӣ карда мешавад.
Бо дастовардҳои назаррас ва нишондиҳандаҳои мусбӣ ҷамъбаст гардидани соли 2024, инчунин таъмин гардидани суботи макроиқтисодӣ дар соли ҷорӣ далели фаъолияти пурсамари кормандони соҳа ва мардуми сарбаланди вилоят мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимияти соҳаи иқтисод, барҳақ, зикр намудаанд: «Дар шароити ҳассоси замони муосир ҳадафи асосии давлат, пеш аз ҳама, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тавассути амалӣ кардани ислоҳоти низоми идораи давлатӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти он, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта ва дар ин замина ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад».
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рушди соҳаи иқтисодро аз самтҳои муҳими фаъолият арзёбӣ карда, барои таъмини рушди иқтисодӣ ва тавассути он баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, дар асоси ҳадаф ва афзалиятҳои ҳуҷҷати стратегии кишвар - “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” корбарӣ менамояд.
Маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар, таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат нишондиҳандаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ дар вилоят густариши тоза пайдо менамояд.
Ба ҳамаи Шумо зиндагии орому осуда, рӯзгори обод ва дар фаъолияти касбӣ дастоварду муваффақиятҳои беназир таманно дорам.
Иди касбӣ муборак!