Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Бӯстон
- Details
- Published on Tuesday, 08 April 2025 10:59
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба шаҳри Бӯстон бо раванди сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ аз наздик шинос гардид.
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр тадбирҳои судманд амалӣ гардида истодааст, ки дар он саҳми соҳибкорон низ назаррас аст.
Бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Дадоматов дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газоблок бунёд шуда истодааст. Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияи муосир маҳсулоти босифати сохтмонӣ истеҳсол хоҳад кард. Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ таъкид дошт, ки таъсиси чунин корхонаҳо ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ мусоидат менамояд. Дар марҳилаи аввали фаъолият дар корхона аз 40 то 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Дар шаҳр инчунин бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Наврӯз Сабзаев сохтмони тарабхона дар заминаи бинои қаблан бекорхобида ба роҳ монда шудааст. Иншооти мазкур, ки аз ду ошёна иборат аст, бо беҳтарин шароити хизматрасонӣ омода гардида, то 40 нафар сокини маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад кард.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ ва мулоқот бо меъморон ва масъулони шаҳр саҳми соҳибкоронро дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар баланд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки чунин иқдомҳои ватандӯстона бояд идома ёбанд.
Ҳамзамон, корҳо барои навсозӣ ва таҷдиди кӯли шаҳр ва меҳмонхонаи «Хуҷанд» бо суръат идома доранд. Бинои меҳмонхона, ки аз 14 ошёна ва 187 ҳуҷра иборат аст, барои қабули 294 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Тибқи лоиҳа бунёду навсозии тамоми утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои истиқоматӣ, тарабхона бо 200 ҷойи нишаст, ошхона барои 126 нафар, маҷлисгоҳ, ҳавзи шиноварӣ, амфитеатр, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки ободонии ин мавзеъ ба ҷалби бештари сайёҳон ва рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Дар доираи сафари корӣ Раиси вилоят инчунин аз мактаби санъати шаҳр, ки айни замон дар он корҳои навсозиву таҷдид идома дорад, боздид ба амал овард. Иншооти мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ва аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ “Сайҳуни Хуҷанд” навсозӣ шуда, 20 нафар коргар ба он ҷалб гардидаанд. Навсозии бино имконият фароҳам меорад, ки хонандагон дар шароити беҳтарин дарс омӯзанд.
Дар охир Раиси вилоят аз ҳоли сокини 88-солаи шаҳри Бӯстон, собиқадори соҳаи тандурустӣ Салима Мелсаидова хабар гирифта, аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ тӯҳфаҳо тақдим кард. Салима Мелсаидова беш аз 40 сол дар соҳаи тиб фаъолият намудааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд