Шиносоӣ бо фаъолияти “Сомон-Кишоварз” ва сохтмони фабрикаи паррандапарварӣ
- Details
- Published on Wednesday, 09 April 2025 11:05
8 апрели соли 2025 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сомон-Кишоварз” шинос гардид.
Корхонаи мазкур соли 2022 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.
Тибқи маълумоти масъулин иқтидори истеҳсолии корхона то 120 тонна дар як шабонарӯзро ташкил дода, дар як моҳ 3600 тонна ва дар як сол 42 ҳазор тонна хӯроки омехтаи чорво ва паранда истеҳсол мешавад. Маҳсулоти корхона ба ферма ва фабрикаҳои чорводорӣ ва парандапарварии вилояти Суғд ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ пешниҳод шуда, бо арзиши дастрас ва сифати баланд талаботи бозори дохилиро қонеъ мекунад.
Бояд зикр намуд, ки роҳбарияти ширкат ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ ба маблағи зиёда аз 1 миллион доллари амрикоиро низ дар нақша дорад.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ширкат барои васеъ намудани доираи фаъолият ва татбиқи лоиҳаҳои нав тавсияҳо дод.
Сипас, роҳбари вилоят бо рафти корҳои сохтмонӣ дар коргоҳи паррандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Анко-Инвест" (Фаровон) шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони фабрикаи паррандапарварии ҶДММ "Анко -Инвест" моҳи феврали соли 2024 аз ҷониби соҳибкор Самандаров Исроилхӯҷа оғоз гардида, масоҳати он 3 гектарро дар бар мегирад.
Соҳибкор тасмим гирфтааст, ки то моҳи июли соли 2025 корҳои сохтмониро пурра ба анҷом расонад ва иншоотро ба истифода супорад.
Фабрикаи паррандапарварӣ дорои таҷҳизотҳои муосир буда, дар давоми 2 моҳ 150 ҳазор сар мурғро парвариш намуда, барои гӯшт омода мекунад.
Баъди ба истифода дода шудани фабрикаи мазкур зиёда 60 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд