Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари ширкати “Carrera” Имерио Такелла

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муассиси корхонаҳои муштараки ҶДММ “Ҷавонӣ” ва ҶДММ “САТН”, роҳбари ширкати маъруфи итолиёвии «Carrera» — Имерио Такелла мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми корхонаҳои зикршударо дар пешбурди иқтисодиёти вилоят назаррас арзёбӣ карданд. 

Раиси вилоят аснои мулоқот таъкид кард, ки дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ҳамасола даҳҳо корхонаҳои нав ба фаъолият шурӯъ намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад.

Корхонаҳои муштараки “Ҷавонӣ” ва “САТН” аз зумраи корхонаҳои муваффақ маҳсуб ёфта, дар бозорҳои хориҷӣ Тоҷикистонро ба таври шоиста муаррифӣ мекунанд. Маҳсулоти ин корхонаҳо, ки пурра пахтагин аст, дар асоси фармоишҳои мизоҷони аврупоӣ истеҳсол гардида, ба кишварҳои Италия, Хорватия ва қисман ба Федератсияи Россия содирот мешавад.

Тавре таъкид гардид, корхонаҳои муштарак ҳанӯз 30 сол қабл бо ҷалби сармояи итолиёвӣ таъсис ёфта, имрӯз низ дар арсаи саноати сабук пешсафанд. Сол аз сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ — шимҳои мардона, занона ва кӯдакона дар ин ду корхона зиёд шуда, маҳсулот ба мизоҷон пешниҳод мегардад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аз шароити фароҳамшуда барои соҳибкорону сармоягузорон ёдовар шуда, барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак изҳори омодагӣ намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh