Кирмакпарварӣ - такони нав ба иқтисоди деҳот

Шинонидани 30 ҳазор бех ниҳоли тут дар Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент

Дар доираи татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сиёсати устувори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳёи ҳунарҳои суннатии мардуми тоҷик, дар Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент иқдоми муҳими кишоварзӣ-бунёди панҷ гектар замини тутзор ба анҷом расид. Дар ин минтақа зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳоли тути навъи буттагии паҳнбарг шинонида шудааст, ки заминаи боэътимод барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва истеҳсоли пилла хоҳад гузошт.

Кирмакпарварӣ яке аз соҳаҳои қадимаи ҳаёти иқтисодии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин ҳунар асрҳо боз дар байни сокинони водиҳои Тоҷикистон рушд карда, дар баъзе минтақаҳо ҳамчун манбаи асосии даромад хизмат кардааст. Тут чун дарахти серҳосил, ки дар бисёр деҳоти кишвар парвариш меёбад, на танҳо хӯроки асосии кирмакҳои пилла истеҳсолкунанда аст, балки нишонаи зебоии табиат ва фарҳанги деҳот низ ба шумор меравад.

Дар гузашта, пилла яке аз маҳсулоти муҳими содиротии Тоҷикистон буд. То солҳои 90-уми асри гузашта, Тоҷикистон яке аз таъминкунандагони асосии пилла дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Аммо бо шикасти сохтори иқтисоди шӯравӣ ва коҳиши дастгирии давлатӣ, ин соҳа низ ба буҳрони шадид рӯ ба рӯ гардид. Танҳо дар солҳои охир, бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва ҷорӣ шудани Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2020–2024, тадриҷан эҳёи соҳа оғоз гардид.

Бунёди панҷ гектар замини тутзор дар Ҷамоати деҳоти Саразм як намунаи рӯшани татбиқи барномаҳои давлатӣ дар сатҳи маҳаллӣ мебошад. Ба гуфтаи мутахассисон, ҳар бехи ин навъи тут метавонад то панҷ килограмм барг диҳад, ки ин барои таъмини хӯроки кирмакҳо хеле муҳим аст. Барги тут ғизои асосии кирмакҳо мебошад, сифат, миқдор ва таровати он бевосита ба ҳаҷм ва сифати пилла таъсир мегузорад.

Дар канори ин тутзор инчунин садҳо бех дарахтони дигар - ҳам сояафкан ва ҳам мевадиҳанда шинонида мешаванд, ки тарҳи экосистемаи маҳаллиро ғанӣ намуда, ба беҳтар гардидани муҳити зист мусоидат мекунанд.

Нигоҳубини ниҳолҳо дар айни ҳол бо риояи тамоми меъёрҳои агротехникӣ ҷараён дорад ва барои натиҷаи устувор, иштироки фаъолонаи аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бисёр муҳим аст.

Рушди ин соҳа на танҳо барои эҳёи як ҳунари суннатӣ муҳим аст, балки ҷузъи муҳими занҷираи саноати сабук низ ба шумор меравад. Бо истеҳсоли пилла, замина барои ташкили корхонаҳои коркарди он, истеҳсоли ресмон ва матоъҳои абрешимӣ ва ниҳоят маҳсулоти ниҳоии нассоҷӣ ба вуҷуд меояд. Ин ҷараён метавонад садҳо ҷойи корӣ фароҳам оварад ва ба таври ҷиддӣ ба иқтисодиёти маҳаллӣ таъсир гузорад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо дарки аҳамияти стратегӣ доштани ин соҳа, як қатор барномаҳо ва имтиёзҳоро роҳандозӣ намудааст, ки аз ҷумлаи онҳо метавон дастгирии хоҷагиҳои пиллапарвар, дастрасии осон ба ниҳолҳои тут, таъмини бозорҳои фурӯш ва дастгирии молиявии корхонаҳои коркарди пилла ном бурд.

Имкониятҳои рушди соҳаи кирмакпарварӣ дар Тоҷикистон хуб буда, шароити иқлимии мусоид, заминаи таърихӣ, таҷрибаи мардум ва бозори васеи истеъмолии дохилӣ ва хориҷӣ-ҳама ин омилҳо метавонанд Тоҷикистонро ба яке аз истеҳсолгарони муҳими бозори абрешим табдил диҳанд.

Дар баробари дастгирии давлатӣ, ҷалби сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ, таъсиси кластерҳои пиллапарварӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалӣ барои ворид кардани технологияи муосир ва таҷрибаи пешқадам низ нақши калидӣ мебозад.

Иқдоми шинонидани 30 ҳазор бех ниҳоли тут дар Панҷакент як намунаи равшани сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти кишвар дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва рушди саноати сабук мебошад. Бо пуштибонии сиёсӣ, дастгирии мардум ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, соҳаи кирмакпарварӣ метавонад дар оянда ба яке аз сутунҳои иқтисодиёти деҳот ва содироти маҳсулоти ватанӣ табдил ёбад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh