Гулчини хабар аз Гулистон

Саноат рушд меёбад

Дар се моҳи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 384 млн. 617,9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2015-ум 113млн. 542,5 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши истеҳсолот баробари 141,9 фоиз мебошад. Музди маоши миёнаи кормандони корхонаҳои саноатӣ 2361 сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо соли сипаригардида 565 сомонӣ афзудааст.

Дар давраи ҳисобӣ 29 корхонаи саноатии шаклҳои моликияташон гуногун фаъолият намуда, аз онҳо, 14 корхона пешравии истеҳсолиро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 118,3 фоиз то 259,4 фоиз таъмин намуданд. ҶМ ТКММ «Апрелевка», ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Хитой», «Зарфишон», «Фаровон», «Хубон», «Чархи гандумин» ва ҶСК «Комбинати фулузоти нодири Ленинобод» суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулотро бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.

Шаҳри Гулистон чун минтақаи рушдёфтаи саноат дар вилоят эътироф шудааст. Дар семоҳаи авали соли равон, корхонаҳои саноатии шаҳр 30,7 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоятро таъмин намуда, дар рушди иқтисодиёт саҳми намоён гузоштанд. Теъдоди миёнаи кормандони корхонаҳои саноатӣ 3750 нафарро ташкил дод, ки ин бо муқоиса ба ҳамин давраи соли гузошта 156 нафар зиёд аст.

Квота - имтиёз ба таҳсил

Бо мақсади татбиқи қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2015, таҳти №428 “Дар бораи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президентӣ барои солҳои 2016-2020” ва дар асоси қарори Раиси шаҳри Гулистон таҳти №84, аз 29-уми марти соли 2016 “Оид ба таъсиси комиссия дар бораи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи квотаи Президентӣ барои солҳои 2016-2020” чанде пеш дар Маркази  таҳсилоти иловагии шаҳр озмуни қабули хатмкунандагон баргузор гардид.

Дар озмун 70 нафар довталаби тибқи квота таҳсилкунанда фаъолона иштирок намуда, аз онҳо 41 нафар барои озмуни даври вилоятӣ пешниҳод шуданд.

ҳадаф аз ташкили квотаи Президентӣ таъмин намудани минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ бо мутахассисони маълумоти олидор, аз ҷумлаи духтарону писарон ва ба низом даровардани ҷараёни қабул ба мактабҳои олӣ мебошад.

Барои таҳсил бо квота ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ба шаҳри Гулистон 13 ҷой ҷудо шудааст.

Машварати судманд

Семинар – машварати Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шӯъбаи маориф, ки дар Гимназияи ба номи Бобоҷон Fафуров баргузор гардид, бо қироати шеъру манзумаҳои пурмазмун аз ҷониби толибилмон ифтитоҳ ёфт. Директори Марказ Фахриддин Фатҳиддинов тартиби баргузории семинарро шарҳ дода, сипас дар мавзӯи “Тавзеҳи истилоҳи истеъдод, лаёқат ва маҳорат”. “Нақши китоб ва худомӯзӣ дар рушди маънавии хонанда ва омилҳои бо он мусоидаткунанда” баромад намуд.

Баъдан перомуни мавзӯъҳои “Нақши равоншинос дар инкишофи зеҳнии хонандагони болаёқат” ва “Истифодаи шабакаи интернет ва аҳамияти он дар рушди истеъдоди наврасон” равоншиноси МТМУ №2 Маниҷа Очиқадамова ва  роҳбари Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои МТМУ №12 Шоҳид Норматов фикру андешаҳои ҷолиб баён намуданд.

Аъзои фаъоли Марказ Ҷасур ҳаитқулов дар бораи “Роҳҳои дарёфт намудани қобилияти зеҳнии хонандагон” маърӯза намуд.

Семинар – машварат моҳияти методию дастурдиҳӣ дошта, он ба самти иҷрои Барномаи давлатии рушди истеъдодҳо нигаронида шуда буд.

Рустамҷон ОДИЗОДА,
шаҳри Гулистон

Add comment


Security code
Refresh