Натиҷабардорӣ аз фаъолияти семоҳа

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, роҳбарияти шаҳр, фаъолон, сарварони сохторҳо ва ташкилоту муассисаҳо ҷаласаи ҷамъбастӣ баргузор гардид.

Дар он натиҷаи фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар се моҳи аввали соли ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Муовини раиси шаҳр Асрор Ғуфронзода дар назди иштирокдорон маърӯза намуд. Чуноне, дар ҷараёни ҷаласа зикр шуд, дар самти корҳои ободонӣ соли 2016 сохта, ба истифода додани 25 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ 7 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Оид ба таъмиру нигаҳдории роҳҳо ба маблағи 129743 сомонӣ корҳо ба иҷро расонида шуданд.

Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ аз роҳбарони корхонаҳое, ки дар ин давра тамоман фаъолият накарда, сабабҳои пастравию кашолкориҳо шудаанд, пурсон шуда, барои беҳтар ба роҳ мондани истеҳсолот супоришҳои қатъӣ дод.

Дар ҷаласа ҳамчунин муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ баромад намуда, оид ба дастовардҳо ва камбудиҳои ҷойдошта сухан ронд ва баҳри ислоҳи онҳо дастурҳои мушаххас дод.

Парвина АБДУЛЛОЕВА,
шаҳри Конибодом

Add comment


Security code
Refresh