Рафти маъракаи кирмакпарварӣ

Имрӯзҳо маъракаи кирмакпарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ босуръат идома дорад. Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи парвариш ва нигоҳубини кирмак сарвари идораи фаръии пиллаи шаҳр Рауфҷон Бобоҷонов дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Раҷаб ҳамробоев  ва Эргаш Шарифов аз якчанд хонадони кирмакпарварон дидан намуд.

Кирмакпарварони хоҷагиҳои инфиродии АХД ба номи М.Назаров аввалинҳо шуда, ба парвариши кирмак шурӯъ намуданд. Мафтуна Абдуалиева, ҳабиба ва Нодира аз хоҷагиҳои деҳқонии Хамирҷӯй якҷоя имсол парвариши 40 гр кирмакро ба ӯҳда гирифтанд, ки имрӯз дар синни 2-3 –юми парвариш қарор дорад. Кирмакпарвар Зулфия Холматова бошад, аз 20 гр кирмак 80-100 кг пиллаи хушсифат ба даст оварданист.

Кирмакпарварони хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди Ҷамоати Раҷаб ҳамробоев  саргарми парвариш ва нигоҳубини кирмак аз рӯи қоидаҳои агротехникӣ мебошанд.

Маъракаи кирмакпарварӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов низ бомаром идома дорад. Кирмакпарварон Сарвиноз Умарова ва Нигора ҳайдарова аз 20 гр кирмак 80-100 кг пиллаи хушсифат ба даст оварданианд.

                                                                                  Парвина АБДУЛЛОЕВА,
                                                                                  шаҳри Конибодом

Add comment


Security code
Refresh