Гулгашти муҳаббат ва садоқат ба ватан

Рўзе, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сафари хизматӣ доштем, нахуст аз рафти қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳия Комил Салимзода воқиф гардидем. Дар толори интизорӣ 10 нафар шаҳрванд дар навбат меистоданду бо масъалаҳои гуногуни хеш мехостанд, аз раиси ноҳия ёрии моддиву маънавӣ гиранд. Агар сокини ҳамин ноҳия Сайфинисо Икромова бо масъалаи зиёд намудани нафақаи фарзанди маъюбаш ба раис арзи ҳол карданӣ бошад, Ойбек Қодиров мехост, ки иҷозатномаро дар назди варзишгоҳи «Пахтакор» барои бунёди толори варзишӣ бигирад. Абдуманнон Эшонқулов бошад, аз Ҷамоати деҳоти Гулхона соҳиби саҳми замин шудан ва таъсиси хоҷагии деҳқониро хоҳон буд.

Комил Салимзода аз моҳи январи соли 2016 ба вазифаи иҷрокунанда ва аз чоруми апрели ҳамин сол бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъйин гардид, тавонист дарозои фаъолияташ ба муваффақиятҳои бештаре ноил гардад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар давоми се моҳи аввали соли 2016 барои рушди иқтисодиёт ва соҳаҳои мавҷудаи хоҷагии халқ, тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, баиҷрорасонии корҳои ободонӣ, ободу зебо намудани шаҳраку деҳот, рушди соҳибкории хурду миёна ва мустаҳкам намудани ваҳдати миллии сокинони ноҳия мусоидат намуд. Маҷмўи маҳсулоти дохилии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2016 ба 40 миллиону 203,3 ҳазор сомонӣ расонида шудааст. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет ва тадриҷан кам кардани бақияпулиҳои андоз ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида шуда, ҷамъи воридоти андозу даромадҳо аз 14 миллиону 699,7 ҳазор сомонии нақшавӣ 15 миллиону 210,8 ҳазор сомонӣ иҷро гардид. Хурсандиовар он аст, ки хизматрасонии пулакии аҳолӣ дар ноҳия хуб ба роҳ монда шуда, 101,3 фоиз таъмин гардидааст. Аз ҷониби филиалҳои бонкие, ки дар ноҳия фаъолият мебаранд, ба корхона, ташкилот, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 25 миллиону 129,6 ҳазор сомонӣ ҳамчун қарзҳои кўтоҳмуддат барои фаъолияти минбаъдаи онҳо ҷудо карда шуд, ки корафтодагон метавонанд, аз имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода баранд.

Аз дастранҷи деҳқон – ҳосил шавад фаровон!

Имрўзҳо мавсими корҳои саҳроист. Деҳқонону кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов алҳол серкору серташвишанд, зеро дар баробари киштукори баҳорӣ ҷидду ҷаҳди онҳо баҳри ба даст овардани ҳосили фаровон ва дилхоҳ дар доираи омодагиҳо ба ҷашнҳои бузурги дарпешистода мебошад.

Кишоварзони ноҳия то кунун дар майдони 943 гектар, аз ҷумла 35 гектар помидор, 34 гектар бодиринг, 750 гектар пиёз, 5 гектар сирпиёз ва 5 гектар сабзӣ, 150 гектар картошка, инчунин дар 41 гектар сабзавоти тухмӣ кишт карда, ҷаҳд доранд, ки дар ободии дастархони мардум ҳиссагузор бошанд. Пахтакорони ноҳия дар майдони 4465 гектар кишти пунбадонаро ба роҳ мондаанд, ки айни ҳол аз замин чигитҳо сар кашидаанд. Инчунин, деҳқонон аллакай кишти зироатҳои хўроки чорво, ғаллагиҳои баҳорӣ, ҷуворимакка барои дон ва зироатҳои равғандеҳро ба роҳ мондаанд. Дар ин раванд деҳқонони ҷамоатҳои Fўлакандоз, Ҳаёти Нав, Гулхона, Сомониён ва Деҳмой пешсаф буда, Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби «А.Самадов», «Чашма-2014», «Тоҷикистон», «Fаллакор-2014», «Маданият», «Тоҷикобод», «Нурафшон», «Чириқ», «Заркор», «Гулистон» ва «Паррандапарвар-2» тамоми кўшишу ғайрати худро барои рўёнидани ҳосили босифат, гузоштани заминаи мустаҳкам ва ба даст овардани ҳосили фаровон равона кардаанд.

Ҷашни бузурги таърихӣ 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бе дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тасаввур кардан имконнопазир аст. Кормандони тамоми соҳаҳо бахшида ба ин ҷашни пуршукўҳ омодагии ҳамаҷониба доранд. Дар ин раванд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ пеш аз ҳама, дар сохта ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ ҷидду ҷаҳд карда истодаанд. Сохтмончиёну бинокорон ҳамарўза дар талошанд, ки то санаи муҳими таърихӣ биноҳои ошхонаи миллии дуошёна, мағозаи фурўши мебел, мағозаи тиҷоратӣ, марказҳои савдо, ташхисию солимгардонӣ, хизматрасонӣ ба аҳолӣ, сехи дўзандагӣ, синфҳои ронандагӣ, нуқтаҳои бонкӣ ва биноҳои истиқоматии бошандагон дар ҳудуди хонаи пиронсолон ва маъюбон, бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои Тоҷикободу Баҳористон, бинои маъмурии наву замонавии «Маркази адлия», бинои иловагӣ дар назди боғчаи бачагонаи № 6, мактаб-гимназия, чойхона, тўйхона, хобгоҳ, сехҳои қаннодӣ, дўзандагӣ, равғанбарорӣ, корхонаи хурди хишти хом ва хишти блоки сементӣ, хонаҳои истиқоматиро сохта ба истифода супоранд.

Дилшод – родмарди ватан

Дар байни нафароне, ки имрўзҳо ба корҳои сохтмон ҷалб гардидаанд, шахсонеро дидан мумкин аст, ки бо амри дилу виҷдон фаъолиятро ба роҳ монда мехоҳанд, ки ҳар чӣ зудтару хушсифат сохтмони иншоотҳои ҷашниро ба итмом расонанд.

Бахусус, ғайрату матонати ҷавонони фидокору ватандўст дар арсаи меҳнат нишони қаҳрамонист. Агар бархеи ҷавонон дар корзори меҳнат бурдборона қадам ниҳанд, гурўҳи дигар бо амри дилу виҷдон хизмати Ватан-Модарро ихтиёр кардаанд. Байни онҳое, ки имрўз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон худро обутоб медиҳанд, 132 нафар ихтиёриёнро дидан мумкин аст, ки дар даъвати баҳорӣ озими майдони қаҳрамонӣ гардидаанд. Ҷавонони наваскар дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори хеш қарор дода, дар ҳифзи марзу буми кишвар мебошанд. Самараи пойдории сулҳу ваҳдат дар кишвар аст, ки имрўз ҷавонони бонангу ор ва фидокору ватандўст ихтиёран ба хизмат сафарбар мешаванд. Дилшод Қодиров зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Хитойи Ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов буда, баробари хатми дабистон ва пурра шудани синну солаш худро ба комиссариати ҳарбӣ номнавис кард. Зеро ў бо ҳисси баланди ватандўстӣ дарк намуда буд, ки ҳимояи марзу буми кишвар вазифаи мардон аст ва дар майдони шуҷоатмандӣ инсон далеру фидокор камол  меёбад. Ба қадри обу хоки Ватан, падару модар ва наздикону пайвандони хеш мерасанд. Маҳз, номи пуршарафи сарбозӣ буд, ки ҳазорҳо родмардони Ватан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамониҳо нишон дода, бо душмани ғаддор дастбагиребон шудаанд ва ғолибият ба даст овардаанд.

-Имрўз, ки мардуми Тоҷикистони ободу ҷоноҷони мо дар фазои сулҳ, тинҷиву оромӣ зиндагӣ доранд, чаро фарзандонамон ба ҳимояи Ватан нараванд? Писарам Дилшод бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат карданро ба худ ихтиёр кард ва боварӣ дорам, ки шаъну шарафи халқу миллати хешро пос дошта, номбардори Ватан мегардад. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2016 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мўҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1989-1998 ба хизмати ҳарбӣ» мехоҳам, ки ҳамаи падарони мо фарзандонашонро ба хизмат сафарбар намоянд, зеро алҳол дар ҳама ҷо барои аскарон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст,-изҳор дошт падари аскарбача Ўктам Қодиров.

Бале, хизмати Ватан-Модар қарзи шаҳрвандии ҳар фарди баору номуси кишвар аст. Агар фарзандонро дар рўҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ, худогоҳиву ифтихори миллӣ тарбия намоем, бешак, метавонем, бо ворисони арзандаи диёр ифтихор дошта бошем.

Мутахассисон намерасанд!

Мактаб макони дониш ва илму маърифат аст. Кўдаки гирёнро ба остонаи дабистон меорему ўро инсони баркамол қабул мекунем. Маҳз мактабу соҳаҳои дигари маориф ҳастанд, ки фарзандонамон дар ҳама ҷода ба муваффақиятҳои беназир ноил шуда, дар зиндагӣ роҳи хешро дармеёбанд.

Маорифчиёну омўзгорон ва мураббиёни чиҳил муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаби ибтидоӣ, мактаб-кўдакистон ва 20  муассисаи тарбияи томактабии дар ҳудуди ноҳия фаъолиятдошта шукри даврони соҳибистиқлолӣ карда, алҳол ба таълиму тарбияи фарзандони мардум машғуланд. Самараи заҳмату талош ва шабзинадориҳои омўзгорону устодони дабистонҳои ноҳия буд, ки аз 57 нафар хонандаи синфҳои 11 дар олимпиадаи вилоятӣ иштироккарда шаш нафарашон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, 3 хонанда ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштаанд.

Бо вуҷуди таъмин будани синфхонаҳо бо компютерҳои замонавӣ, ки шумораашон ба 604 адад мерасад, корбарӣ дар ин самт суст ҷараён дошта, дар аксари муассисаҳои таълимӣ қисми зиёди компютерҳо дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд.

Агар 22 июли соли 1989 забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифта бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009 инҷониб амал дорад. Дар ин раванд аз 36 муассисаи таълимашон ғайритоҷикӣ дар 34 адади онҳо омўзиши забони давлатӣ ба роҳ монда шуда бошад ҳам, мутаассифона, рафти иҷрои Барномаи давлатии рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016 дар ноҳия ғайриқаноатбахш маҳсуб меёбад. Зеро норасоии мутахассисон, яъне донандаи забони тоҷикӣ дар ин маҳал дида мешавад. Бо вуҷуди он ки масъулини соҳа дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанду омўзгорони фанни забони тоҷикӣ ҳамасола дар курсҳои омўзишии Филиали муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд дараҷаи донишашонро баланд мебардоранд, аммо вазъият ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад.

Занон дар мақоми роҳбарӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри иҷроиши Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» аз 1-уми ноябри соли 2006, қарори Раиси вилоят аз 12-уми октябри соли 2007 чораю тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Дар ин раванд ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба корҳои роҳбарикунанда яке аз мақсадҳои асосӣ буда, айни ҳол шумораи занони роҳбар дар ноҳия 225 нафар мебошад. Аз байни кадрҳои захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 47 нафар занҳо буда, ҳашт нафари онҳо дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таҳсил ва малакаи касбиашонро баланд мебардоранд. Ташкили Рўзи ҷавондухтарон дар назди бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия яке аз тадбирҳои интихоб ва ҷобаҷогузории духтарони лаёқатманд ба корҳои давлатӣ мебошад. Аз ин рў, 25 нафар хонандагони синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ҳафтае як маротиба ба омўзиши кори бахш ҷалб гардида, лаёқати худро ба мақоми роҳбарикунанда месанҷанд. Дар мактабҳои ноҳия бошад, дарсҳои омўзиши  асосҳои рўзғордории оила ва маҳфилҳои қолинбофию сўзанидўзӣ, қуроқдўзию кашидадўзӣ, чакандўзию тоқидўзӣ фаъолият намуда, ҷавондухтарон аз ҳунармандони соҳибтаҷриба маҳорати касбӣ - мардумӣ меомўзанд.

Инчунин, баланд бардоштани маърифати фарҳангии занону духтарон мўҳтавои асосии боби чоруми Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон мебошад. Дар ҳамаи мактабҳои ноҳия Шўроҳои занон ва духтарон амал карда, ба масъалаҳои таълиму тарбияи духтарон, ҷалби онҳо ба таҳсил, интихоби касб ва тайёрӣ ба меҳнат, эҳтироми арзишҳои маънавии ниёгон мусоидат мекунад. Дар ин радиф чорабиниҳои гуногуни омўзишӣ, маҳфилу озмунҳо бо номҳои «Ҷавондухтарони фаъоли замони Истиқлол», «Баробарҳуқуқии гендерӣ-асоси пешрафти ҷомеа», «Зан ва маориф», «Лидер мешавам», «Зан-сарвар» ва ғайра гузаронида шуда, минбаъд низ фаъолияташонро дар ин самт ба роҳ хоҳанд монд.

Биҳомида – соҳиби грант

Дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар самти «Таъсиси грантҳо барои дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли 2015» ҳунармандони чобукдаст, бахусус занону духтарони ноҳияро шод гардонд.

Барои дастгирии соҳибкорони хурду миёна аз байни занону духтарон, рушд ва эҳё намудани ҳунарҳои дастӣ, омўзиши асосҳои кори тиҷоратӣ ва касбӣ гузаронида шуда, имрўз ба ҳунарҳои ниёгони миллии тоҷикон (қолинбофӣ, сўзанидўзӣ, адрасбофӣ, қуроқдўзӣ) аҳамияти калон медиҳанд. Дар ин раванд барои рушди ҳунарҳои мардумӣ сехи қолинбофӣ дар Ҷамоати шаҳраки Пролетар таъсис ёфта, зани хушсухану чевари чобукдаст Биҳомида Абдуллоева ба 20 нафар занону духтарон ҳунарҳои дастии тоҷиконаро меомўзонад. Бонуи ҳунарманд бо гирифтани 10 ҳазор сомонӣ гранти Раиси вилоят барои таъсиси ин марказ иқдом намуда, ният дорад, ки дар оянда фаъолияташро васеътар ба роҳ монад. Имрўз Биҳомида Абдуллоева бо арўсони хонадон Мавҷуда Усмонова, ки зардўз аст, бо Наргиза Обидова, ки адрасбоф аст, духтаронаш Холидабонуву Умедаи дўзанда фахр мекунаду ба шогирдон ҳунарҳои аҷдодӣ меомўзад. Агар озими маркази ҳунарии ин оилаи ҳунарманд гардед, бешубҳа, худро дар олами зебо ва афсонавии шаҳраки ҳунармандон тасаввур хоҳед кард. Биҳомида Абдуллоева, ки аз синни шонздаҳсолагӣ ба ҳайси дўзанда шинохта шуда, солҳои тўлонӣ дар фабрикаи либосдўзии ба номи Крупскаяи шаҳри Хуҷанд фаъолият дошту дар як вақт метавонист, аз ўҳдаи идора кардани 12 дастгоҳи бофандагӣ барояд, имрўз устоди кори худ аст. Чевар медонад, ки барои дўхтани як куртаи занона 300 метр ресмон масраф мешаваду дўхтани як шим то 17 ва костюм то 61 амалиётро дар бар мегирад. Дар маркази ҳунарӣ алҳол то 27 намуд либос ва намудҳои дигари ҳунари дўзандагӣ дўхта шуда манзури мизоҷон мегардад. Аҳли ҳунар имрўзҳо аллакай барои дўхтани либоси мактабии хонандагон фармоиш гирифтаанду кор дар ин самт хеле хуб ҷараён дорад. Инчунин, ҳунармандон дар марказ дўхтани матрас, рўйпўши бистару болинро ба ўҳда гирифта, пешкаши мизоҷон мегардонанд. Маҳлиёбонуву Мавлудахон, Ҳидоятҷону Башоратҷон, Таманнохону Зебохон ва Фаридабону кўшиш доранд, ки маҳсули дастранҷашон пешкаши харидорони зиёд гардида, шумораашон ба маротиб афзояд.

Фаъолон ташаббускоранд

Соли 2016 «Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод» эълон шудааст. Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷоя бо фаъолон дар қаламрави ноҳия ҷиҳати аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, фарҳанг ва либоси бегона, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла худкушӣ ва сўиқасд ба ҷони худ дар заминаи муноқишаҳои оилавӣ хона ба хона гашта, бо мардуми ҳамаи ҷамоату шаҳраку деҳоти ноҳия ҳамсўҳбат шуданд.

Дар сўҳбату мулоқотҳо оид ба тарбияи дурусти духтарон, одоби либоспўшӣ, таомули оиладорию рўзғордорӣ, шавқи илмомўзӣ, касбомўзӣ ва ҳолатҳои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, ҷиноятсодиркунӣ, авбошӣ, роҳ надодан ба никоҳи хешутаборӣ ва раванди иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» баромад намуда, даъват ба амал оварданд, ки баҳри ободии диёр ва Тоҷикистони азиз саҳмгузор хоҳанд буд.

Инчунин, дар ин раванд маҳаллаҳои Марказии №№ 1,2, ки 24 кўча, 1053 оила, 890 хоҷагӣ ва 4896 нафар аҳолиро фарогир аст, дар маркази таваҷҷўҳи ҳамагон қарор дошта, баҳри ба даст овардани ғолибият дар озмун ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бузурги таърихӣ 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд.

 Аҳолии ин маҳал дар ободию кабудизоркунӣ ва тозагии муҳити атроф, гулзоркунию сохта ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ, баргузории шанбегию шинонидани ниҳолу дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда, ободии қабристону гирду атрофи маҳал корбарӣ карда, ҷашни Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтанианд. Барои ин фаъолони маҳалла Омина Бойзоқова, Сайдулло Файзуллоев, Юсуф Эргашев, Маъруф Маҳкамов, Лайло Мирмўҳсинова, Нўъмон Отаев, Башорат Холматова, Раъно Акбарова, Муборак Ваҳҳобова ва Саврӣ Нурматова ҳатталимкон кўшиш ба харҷ медиҳанд, то дар маҳалли истиқоматиашон фазои сулҳу ваҳдат ва тинҷию оромиро нигоҳ дошта, бо кору пайкори худ дар пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳиссагузор бошанд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh