Маҷлиси фаъолони шаҳр оид ба ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2016

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  санаи 14 декабри соли 2016 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти фаъолияти  рушди иқтисодию иҷтимоии  шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2016 баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ оғоз бахшид.

Сараввал, дар назди ҳозирин бо маърӯзаи муфассал муовини Раиси шаҳр ҳомидӣ И.М., доир ба «Ҷамъбасти фаъолияти рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2016» баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ёздаҳ моҳи соли 2016 фаъолияти худро баҳри ҳамаҷониба татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин баҳри амалӣ намудани «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Конибодом барои солҳои 2016-2020», «Стратегияи тараққиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр то соли 2020» ва таъмини иҷрои нақшаю вазифаҳои вогузоргардида равона карда, дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нишондиҳандаҳои мусбӣ ба даст оварда шуданд, аз он ҷумла:

- ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ–109 млн. 889,4 ҳазор сомонӣ;

- ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ–316 млн. 147,2 ҳазор сомонӣ;

- сармоягузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо– 21 млн. 166,2 ҳазор сомонӣ;

- ҳаҷми гардиши савдои чакана– 310 млн. 55,6 ҳазор сомонӣ;

-хизматрасонии пулакӣ– 170 млн. 779,3 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шуданд.

Нақшаи даромад аз андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ дар ёздаҳ моҳи соли 2016 – 49614,5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар ин давра 44102,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шуд, ки 88,9 фоизи нақшаро ташкил намуда, нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр ба андозаи 88,8 фоиз иҷро шудааст. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳр ба маблағи 49605,7 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, ба маблағи 43729,4 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, баробари 88,2 фоизи нақша мебошад.

Аз сабаби бемасъулиятии соҳибмулкон коргоҳҳои саноатии ҶС «Конибодом» ва ҶС «Ресмон» дар давраи ҳисоботӣ тамоман фаъолият накарданд. Дар асоси нақшаи амал оид ба таъсиси  коргоҳҳои нави саноатӣ, дар соли ҷорӣ 6 коргоҳҳои саноатӣ бо 170 ҷойи корӣ ба истифода дода шуданд. Дар арафаи ҷашни Иди байналхалқии «Наврӯз» бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркарди нафти ҶДММ «Нафтрасон» бо иқтидори 70 ҳазор тонна коркарди нафт дар як сол бо  таъсиси 80 ҷойи кори доимӣ ва коргоҳи банду басти меваи хушки ҶДММ «Меваи Канд» бо иқтидори 1200 тонна коркарди меваи хушк дар як сол бо таъсиси 20 ҷойи корӣ ба истифодадодашуда, инчунин дар давраи ҳисоботӣ коргоҳҳои истеҳсоли гаҷ ва гипсокартон бо таъсиси 60 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Дар ҳудуди шаҳр 222,3 км роҳҳо таъмиру тармим гардида, 102,3 фоизи нақшаро дар бар гирифт. Инчунин, зиёда аз 5 км роҳҳо пурра мумфарш гардида,  54,1 км роҳҳо шағалпӯш ва дар 165,2 км роҳҳо таъмири ҷорӣ бо асфалт ба итмом расонида шуданд.

Сипас, Раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият дар ёздаҳ моҳи соли 2016 аз  муовини аввал, муовинони раиси шаҳр ва як қатор роҳбарони соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, нозироти андоз, раёсатҳои кишоварзӣ, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи барқ, бахши кор бо ҷавонон, корхонаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, тандурустӣ, шӯъбаи кор бо занон ва оила, бахши кор оид ба дин, шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, раисони ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллӣ оид ба фаъолияташон дар давраи ҳисоботӣ пурсиш ба амал овард.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ  намояндаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   вилояти  Суғд-муовини Раиси вилояти Суғд  Файзуллозода З.Қ.,иштирок намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр аз як қатор роҳбарони соҳаҳо пурсиш ба амал оварда, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ёздаҳ моҳи соли 2016 ва вазифаҳои минбаъда мухтасар баромад намуда, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳо ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд  дар масъалаҳои пешрафти ҷомеа, боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар фарҷоми маҷлис, фаъолияти ҳамаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ  мавриди таҳлил  ва  баррасӣ  қарор  дода шуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта  шуданд.

Парвина АБДУЛЛОЕВА,
шаҳри Конибодом

 

Add comment


Security code
Refresh