Баргузории ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 11 моҳи соли 2016

Имрӯз, 15 декабр дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 11 моҳи соли равон баргузор гашт.

Дар кори ҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ  ва бо иштроки муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид  доир гашт, муовинони Раиси вилоят, мудирону шӯъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси вилоят, сохтору мақомотҳои вилоятӣ, раисони шаҳру навоҳӣ, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, раисони ҷамоату деҳот, намояндагони мақомоти андоз ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа Раиси вилоят таъкид дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд дар ҳамаи бахшҳо корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, рушди ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи вилоят таъмин гардидааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, давоми соли ҷорӣ як қатор иншооти гуногунсоҳа бунёд ва мавриди баҳбарадорӣ қарор гирифтааст ва ба ин васила шумораи зиёди шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ перомуни натиҷаҳои соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят дар соли 2016 ҳисобот дод. Ҳамин тариқ, иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра қисми даромади буҷети вилоят ба андозаи 103,2 фоиз иҷро гардида, дар маҷмӯъ ба буҷет 1 миллиарду 246 миллиону 219,4 ҳазор сомонӣ мабалағ ворид гардидааст.  Дар баробари ин, иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Деваштич, Конибодом,  Зафаробод ва Спитамен таъмин нагардидааст.

Давоми 11 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 6,2 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо дарназардошти индекси нархҳо 139,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар баробари  ин дар соҳаи саноати вилоят имкониятҳои истифоданашуда хело зиёд мебошанд. Чунончӣ, дар ин давра аз  625 корхонаҳои саноатии ҳисоботдиҳанда 324 корхона ё 51,8 дарсад аз теъдоди умумӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуда бошанд, аз шумораи боқимонда 193 адад ҳаҷми истеҳсолотро  нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам намуда, 108 адади онҳо умуман фаъолият набурдаанд.

Давоми соли равон дар вилоят таъсиси 98 коргоҳҳои саноатӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 92 адад корхонаҳои нав бо зиёда аз 2,5 ҳазор ҷойҳои корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Дар ин давра кишоварзони вилоят низ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Ин аст, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5,5 млрд. сомониро ташкил дода, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 110,2 фоиз баробар гардид. Дар давраи ҳисоботӣ дар вилоят  беш аз 315 ҳазор тонна ғаллагиҳо, 433 ҳазор тонна сабзавот, 348 ҳазор тонна картошка, 108 ҳазор тонна мевагиҳо, зиёда аз 36 ҳазор тонна гўшт,  218,5 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

То ба имрӯз дар навоҳии пахтакори вилоят беш аз 85 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамоварӣ карда шуд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 11 ҳазор тонна зиёд мебошад. Дар 11 моҳ 1410 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 1270 гектар боғ ва 140,2 гектар токзор бунёд гардидааст, ки 129,5 фоизи нақшаи тасдиқгардидаи дурнамои соҳаро ташкил медиҳад. Саршумори чорвои калони шохдор дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ нисбати соли гузашта 19,8 ҳазор сар зиёд шуда, ба 624,1 ҳазор сар баробар шуд. Саршумори бузу гўсфанд бошад нисбати ҳамин давраи соли гузашта 69 ҳазор сар ё худ наздик 5 фоиз афзоиш ёфт.

Нақшаи захираи маҳсулот барои зимистони солҳои 2016-2017 ба миқдори 2090 тонна тасдиқ гардида буд ва ин нақша барзиёд иҷро гардид, яъне 2335 тонна маҳсулот захира карда шуд.

Бояд қайд кард, ки дар вилоят солҳои охир бо дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи хосаи Раиси вилоят ба обёрии заминҳо аҳмияти махсус дода шуда, як қатор заминҳои бекорхобида дубора ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ боз ҳам зиёд гардид. Чунончӣ, бо мақсади  саривақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо аз буҷети вилоятӣ наздик 6  млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Новобаста аз ин, имрӯзҳо зиёд шудани ҳаҷми қарзи хоҷагиҳои обрасонии вилоят аз андоз, нерӯи барқ ва маош зиёд шудааст, ки ин ислоҳро металабад.

Дар раванди корҳои ободониву созандагӣ ва ба пешвози ҷашнҳои миллӣ давоми соли равон аз ҳисоби буҷети вилоят ва бо ҷалби сармояҳои дохилӣ силсилаи иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуданд.Аз ҷумла, ба истиқболи ҷашни Наврўзи байналмилалӣ ва 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон силсилаи иншооти ҷашнӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Мастчоҳ, Ашт, Бўстон, Зафаробод, Кўҳистони Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷаббор Расулов мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми вилоят мебошад.

Айни ҳол дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят 159 марказҳои таълимию истеҳсолӣ фаъолият доранд, ки  дар онҳо 490 адад дастгоҳҳои адрасу атласбофӣ насб гардидааст. Теъдоди ҳунармандони адрасу атласбоф дар ин марказҳо 248 нафар ва шогирдони онҳо 1196 нафарро дар  бар мегирад.

Давоми 11 моҳи соли равон дар вилоят як қатор иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ таъмиру тармим ва азнавсозӣ гардида, омӯзгорону кормандони соҳаи тандурустӣ ҳамаҷиҳата дастгирӣ ёфтанд.

Дар идомаи ҷаласаи ҷамъбастӣ Раиси вилоят фаъолияти ҳамаи соҳаҳо ва шаҳру навоҳии вилоятро таҳлил намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла аз иҷро нагаштани нақшаи андоз дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Истаравшан, Деваштич, Зафаробод ва  Спитамен изҳори нигаронӣ карда шуда, зимни пурсиш ба роҳбарияти мақомоти андози ин минтақаҳо ва мақомоти вилоятии он дастур дода шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда баҳри саривақту босифат таъмин намудани нақшаи андоз саъю талош варзанд.

Аз иҷро нагаштани  нақшаи ҷамъоварии андоз, пардохти ҳаққи барқ ва оби истифодагашта, кам шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва майдони кишти пахтаву ҷамъоварии он дар шаҳри Конибодом изҳори нигаронӣ карда шуда, ба роҳбарияти шаҳр супоришҳои қатъӣ дода шуд.

То ҳол фаъолият доштани омӯзгорони ғайриихтисос дар муассисаҳои таълимии вилоят, иштироки шумораи ками хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявиву байналмиллалӣ аз  шаҳру навоҳии Панҷакент, Зафаробод, Истаравшан, Кӯҳистони Мастчоҳ, ҷиноятсодиркунӣ байни хонандагон ва ғайра аз масъалаҳое мебошанд, ки бояд роҳбарияти Раёсати маорифи вилоят  баҳри ислоҳи онҳо тавваҷҷӯи бештар зоҳир намояд. Раиси вилоят зимнан таъкид дошт, ки маҳз бо дастгирӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти соҳаи маориф барномаҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешавад. Инчунин таъкид карда шуд, ки бо дастгирӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар таътили зимистона 100 нафар омӯзгорон, 500 нафар хоанандгони фаъол ва 200 нафар донишҷӯёни пешқадам ба истироҳат фаро гирифта хоҳанд шуд.

Тавре таъкид карда шуд дар ноҳияи Деваштич фарогирии телевизиони вилояти Суғд 18 дарсад ва радиои ҷумҳурӣ 47 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин нигаронкунанда мебошад. Инчунин роҳбарияти ноҳия бояд ба таъмини пурраи нақшаи андоз, баланд бардоштани ҳосилнокии картошкаву сабзавот таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намояд.

Ба сардори Раёсати кишоварзии вилоят дастур дода шуд, ки ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои корам ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ташкили марказҳои хизматрасонии техникиву маслиҳатдиҳӣ, зообайторӣ, нуқтаҳои фурӯши заҳрхимикатҳо чораҳои муассир андешад.

Дар идомаи ҷаласа муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид  зимни суханронии худ таъкид дошт, ки дар вилояти Суғд дар давраи ҳисоботӣ пешрафти ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи вилоят таъмин гардида,  рушди босуботи вилоят эҳсос карда мешавад. Чуноне қайд карда шуд, дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 12,3 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки ин тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад. Давлаталӣ Саид ҳозиринро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, истифодаи захираҳои воқеъӣ ҳам дар соҳаи саноат ва ҳам кишоварзӣ ҳидоят намуд.

Дар фарҷом Раиси вилоят баҳри фаъолияти пурсамари ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи вилоят ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, масъулин баҳри ҷамъоварии ҳақи оби истифодашуда ва барқ, таъмини саривақтӣ ва босифати ҳамаи намуди андозҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва хизматрасонии тиббӣ, баррасӣ ва ҳалли мушкилоти сокинон ва ғайра муваззаф гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Add comment


Security code
Refresh