Боздиди кории Раиси вилоят аз шаҳри Бӯстон

Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, рушди шаклҳои нави кумаки тиббиву санитарӣ аҳамияти хоса медиҳад. Назорати қатъии сифати доруворӣ бошад, яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад.

Бо дарки ин нуктаи муҳими Паёми Президенти кишвар имрӯзҳо дар вилояти Суғд низ иқдомҳои манфиатбахш ҷиҳати бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳи ташхиси маводи доруворӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ иқдомҳои хушбинона амалӣ карда мешавад.

Яке аз мақомотҳои нозири соҳаи ташхиси дорувори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ мебошад, ки Раёсати вилоятии онро дар шаҳри Бӯстон Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ мавриди боздид қарор дод. Дар ин раёсат 26 нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва 5 нафар кормандони ҳайати хизматрасонӣ фаъолият мебаранд. Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати рушди соҳаи фарматсевтӣ бо тавсияи роҳбарияти вилоят Раёсати мазкур ният дорад доираи фаъолияти худро васеъ намояд ва дар ин замина, ба коркард ва истеҳсоли гиёҳҳои шифобахши ватанӣ рӯ овардааст. Ба андешаи Абдураҳмон Қодирӣ, бунёди коргоҳи мукаммали дорусозӣ ба манфиати кор хоҳад буд, зеро дар ҳудуди вилоят номгӯи зиёди гиёҳҳои давоӣ мерӯянд ва бо ин роҳ на танҳо талаботи дохилиро бо маводҳои хушсифати табобатӣ қонеъ кардан мумкин аст, балки содироти онро низ метавон ба роҳ монд. Дар ин сурат таъкид карда шуд, ки бояд пеш аз ҳама ба дастурамали таҳиясозии доруворӣ такя  карда, ҳамзамон таҷрибаю нишондоди донишмандони миллат, аз ҷумла Абӯалӣ ибни Синоро истифода бурд.

Дар ду ташхисгоҳи раёсат бошад 14 нафар мутахассисони соҳаи фарматсевтӣ сифати доруворӣ, маводҳои ороишию гигиенӣ, иловагиҳои фаъоли биологӣ ва ғизои бачагонаро аз санҷиш мегузаронанд. Дар воқеъ, имрӯз масъалаи маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, хадамоти мазкурро зарур аст, ки барои кам кардани муомилоти дорувории қалбакӣ ва пастсифат дар мамлакат чораҳои зарурӣ андешад. Дар соли 2016 аз ҷониби ин Раёсат 13 намуди дорувории қалбакии бо роҳи қочоқ воридшуда ва миқдори муайяни маводҳои ороишию гигиенӣ ошкору боздошт ва нобуд карда шудаанд.

Раиси вилоят ба масъулини раёсат дастур дод, ки кормандони хадамот ҳамкории ҳамешагиро бо дорухонаҳои вилоят ба роҳ монанд ва дар таъмини онҳо бо маводҳои табобатии хушсифат мусоидат намоянд.

Дар шаҳри Бӯстон Раиси вилоят ҶДММ “Элегант”-ро низ мавриди боздид қарор дод. Раёсати ин корхона, ки асосан ба коркарди сангҳои ороишӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз онҳо машғул аст, ният дорад  гармхонаи инноватсионии гидропоникиро ташкил намояд. Чунин тарзи гармхона имконият медиҳад, ки сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза на дар майдони хокӣ балки бо истифодаи пахтаҳое, ки корхона аз сангҳои базалтӣ истеҳсол мекунад, парвариш карда шаванд. Чунин таҷриба дар миқёси ҷумҳурӣ аввалин буда, дар баъзе мамлакатҳои хориҷӣ истифода мешавад. Дар гармхонаи инноватсионӣ аҳли коргоҳ тасмим гирифтаанд, ки қабл аз ҳама помидору бодиринг ва қулфнайро парвариш намоянд.  Илова бар ин, дар  назди ҷамъият ташкили озмоишгоҳи махсус ҷиҳати тайёр намудани нуриҳои минералӣ барои  сабзавот ва ниҳолҳо ба нақша гирифта шудааст. Зеро, дар гармхонаи гидропоникӣ зироатҳо ғизоҳои заруриро аз хок нагирифта, балки моддаҳои лозима тавассути обёрии қатрагӣ ба онҳо расонида мешаванд. Дар баробари ин, роҳбарияти корхона дар гармхонаи дигар парвариши дарахтони мевадиҳандаи ситрусиро аз қабили лиму, мандарин ва апелсин дар нақша дорад.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “СуғдПак” низ дидан намуд.

ҶДММ “СуғдПак” соли 2012 дар шаҳри Бӯстон таъсис ёфта, ба истеҳсоли халтаҳо машғул аст. Иқтидори корхона истеҳсоли 15 миллион дона халта дар як сол буда, харидори асосии маҳсулоти он асосан ширкатҳои ватании истеҳсолкунандаи орд мебошанд. Шумораи коргарони ҷамъият 132 нафарро ташкил медиҳад. Роҳбарияти корхона ният дорад хати нави технологиро фаъол намояд ва бо ин мақсад таҷҳизоти замонавии истеҳсолиро аз давлати Австрия ворид намудааст. Васлу насби таҷҳизот бошад, дар ояндаи наздик ба роҳ монда мешавад.

Ифтитоҳи хати нав имкон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсолоти корхона афзуда, аз 15 миллион то ба 20 миллион дона халта дар як сол расонида шавад. Ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти ҷамъият Раиси вилоят ба роҳбарияти он дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh