Абдураҳмон Қодирӣ сафири Фаронса дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедарро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот муносибати ҳасанаи ду кишвар ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар оғози мулоқот Раиси вилоят Ясмин Гуедарро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, баҳри густариши ҳамкориҳо омодагии худро  баён дошт. Тавре таъкид гардид, Ҷумҳурии Фаронса дар вилояти Суғд тавассути якчанд лоиҳаҳо, аз ҷумла ташкилоти байналмиллалии гуманитарии “Актед” дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеъа, хоҷагиҳои деҳқонӣ, тандурустӣ, маориф, таъминоти аҳолӣ  бо оби нӯшокӣ, ислоҳоти замин ва ғайра фаъолияти гутсурдаи худро ба роҳ мондааст. Раиси вилоят қайд намуд, ки дар вилоят минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият дошта, дар он 26 корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулот машғул аст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 6,9 миллиард сомонӣ расонида шуда, вилоят аз минтақаи аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ  табдил дода шудааст. Дар бахши кишоварзӣ бошад ислоҳоти соҳа идома дошта, таъсиси хоҷагиҳои хурди инифродиву оилавӣ боиси ҷалби шумораи бештари шаҳрвандон ба шуғли доимӣ ва то 40 дарсад коҳиш ёфтани сафи муҳоҷирони меҳнатӣ гардидааст. Инчунин соҳиби замин гардидани деҳқон боиси боло рафтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят гашт. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин раванд ба азхудкунии заминҳои бекорхобида диққати махсус дода, дар минтақаи Сомғор дар масоҳати умумии 4 ҳазор гектар заминҳои азхудшуда боғҳои интенсивӣ бунёд менамояд. Дар вилоят баробари азхудкунии заминҳои бекорхобида ҳамчунин бунёди шаҳракаҳои наву замонавӣ идома дорад.

Бо мақсади ҷалби занони хонашин ба шуғли доимӣ дар вилоят ба рушди ҳунарҳои дастӣ аҳмияти хоса дода шуда, то ин дам аллакай беш аз 2,5 ҳазор нафар занон соҳибкасб гардидаанд. Барои ҳавасманд намудани онҳо грантҳои Раиси вилоят таъсис дода шуда, мунтазам озмунҳои гуногун гузаронида мешавад.

Сафири Фаронса Ясмин Гуадер хушҳолии хешро аз сафар ба вилояти Суғд изҳор дошта, қайд намуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон аст.  Ясмин Гуадер ҳамчунин афзуд, ки соли ҷорӣ чанде аз ширкатҳои бузурги Фаронса барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо ба Тоҷикистон ташриф меоранд ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо вилояти Суғд боиси рушди муносибатҳо хоҳад гашт. Тавре таъкид гардид сафорати Фаронса нақша дорад дар вилояти Суғд маркази фарҳангии Бохатриёнро (Бактрия) бунёд намуда, ҳамчунин дар соҳаи маориф якчанд лоиҳаҳоро амалӣ созад.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳо дар оянда баён доштанд.

Бояд қайд кард, ки сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз  ДДХ, минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”, шаҳраки Сайҳун, Қасри Арбоб ва дигар мавзеъҳои таърихии вилоят боздид ба амал меорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh