ОМӮЗГОР ВА МУРАББИИ СОЛИ ВИЛОЯТ МУАЙЯН ГАРДИД

Дар Муассисаи таълимии давлатии мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии вилоятии озмуни “Муаллими соли Тоҷикистон” ва “Мураббии соли Тоҷикистон” баргузор гардид.

Чорабиниро сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки озмунҳои вилоятии “Омӯзгори соли Тоҷикистон”, “Мураббии соли Тоҷикистон” аз зумраи тадбирҳои хеле муфид маҳсуб мешаванд, ки ба дарёфти омӯзгорону мураббиёни боистеъдод, навовару эҷодкор мусоидат карда, дар қадрдонии заҳмат, баланд бардоштани мақому манзалати ходимони соҳаи маориф дар ҷомеа, тарғиб ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам саҳми назаррас доранд.

Ин чиз шоистаи қайд аст, ки давоми солҳои охир намояндагони вилоятамон дар озмунҳои касбии ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон”,“Мураббии соли Тоҷикистон” ба дастовардҳои назаррас ноил мешаванд. Яъне, маорифчиёни вилоят дар ин озмунҳои бонуфуз пайроҳаи хосаи худро пайдо намудаанд ва солҳои зиёд аст, ки туфайли роҳпаймоӣ бо ин пайроҳа ба натиҷаҳои дилхоҳ сазовор мегарданд.

Сипас, ғолибони марҳалаи дуюми озмуни вилоятии “Мураббии соли Тоҷикистон” Ирода Ахмедова - мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №4-и шаҳри Конибодом, Таҳмина Ҳоҷибоева - мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №8 -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Манфиат Сафарова - мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии 7-и ноҳияи Мастчоҳаз рӯйи шарти муаррифии таҷрибаи корӣ дар доираи 20 дақиқа донишу маҳорати худро намоиш доданд.

Боиси қайд аст, ки ҳамаи иштирокчиён аз уҳдаи иҷрои шартҳо ба хубӣ баромаданд ва аз воситаҳои аёнӣ, диск ва таҷҳизоти дастисохт моҳирона истифода бурданд Дар ҷамъбаст мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №8 -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -Таҳмина Ҳоҷибоева сазовори ҷойи якум гардид ва ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт. Ба даври ниҳоии вилоятӣ Заррина Толибова - омӯзгори фанни физикаи муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи №15-и шаҳри Хуҷанд, Дилором Ҷалолова - омӯзгори фанни биологияи МТДМ хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Аҳлиддин Турсунов - омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи МТМУ №12-и ноҳияи Зафаробод ба даври ҷамъбастии озмун роҳхат гирифта, дар даври ҷамъбастӣ аз рӯи шарти муаррифии таҷрибаи корӣ баромад намуданд.

Дар ҷамъбаст Дилором Ҷалолова - омӯзгори фанни биологияи МТДМ хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи якум гардида ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт. Ёдовар мешавем, ки то замони баргузори даври вилоятӣ 11 нафар ғолиби даври шаҳриву ноҳиявии озмуни “Мураббияи соли Тоҷикистон” аз рӯи 5 шарт - баргузории машғулияти таълимӣ, мизи мудаввар, тасвир намудан ва сохтани манзара, санҷиши дониш ва маҳорати касбии мураббия, бартарафсозии ҳолатҳои равонӣ - педагогӣ бо ҳам рақобат намуда буданд.

Дар марҳалаи дуюми озмуни вилоятии “Омӯзгори соли Тоҷикистон” 15 нафар довталаб - ғолибони даври шаҳриву ноҳиявии озмун аз рӯи 6 шарт - дарси конкурсӣ, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, маҷлиси падару модарон, кор бо компутер ва саволу ҷавоб оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ширкат варзида, 3 нафари он ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Абдусабури АБДУВАҲҲОБ,

рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh