НАВОВАРИВУ ИХТИРОЪКОРӢ ҲОСИЛИ ЗЕҲНИ КОМИЛ

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ҷиҳати татбиқи нуктаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат дар самти рушди илм ва маориф, аз ҷумла фанҳои табиию риёзӣ ва дақиқ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардида, дар ин самт муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда шудааст.

Бино ба иттилои муовини директори донишкада Усмонҷон Ахмедов фаъолияти илмӣ - тадқиқотӣ ва навоварии устодону донишҷӯён дар асоси стратегия ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 - 2020, Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020, Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020 ба роҳ монда шудааст.

Дар ин замина, донишкадаи мазкур таҳти роҳбарии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода масъалаи мустаҳкам намудани пояи моддию техникиро барои ҷалби ҷавонони ихтироъкор яке аз вазифаҳои асосии худ қарор додааст. Ҳоло дар донишкада 36 озмоишгоҳ, 2 сехи истеҳсолӣ ва 1 минтақаи таълимиву таҷрибавӣ фаъолият мекунанд. Дар донишкада донишҷӯёни навовар хело зиёд буда, дар чандин озмунҳои дохиливу хориҷӣ иштирок ва мақоми сазоворро ноил гардиданд. Яке аз онҳо магистранти курси 1 Муҳаммадҷон Абдуғаффоров мебошад, ки соли 2020 дар озмуни “Ихтироъкорон ва навоварон” - и вилоят бо лоиҳаҳои инноватсионии худ дар мавзӯи “Системаи муайянкунии шахсият аз рӯи чеҳра” иштирок намуда, сазовори ҷои аввал гардид. Бино ба иттилои Усмонҷон Ахмедов барномаи мазкур дар асоси алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ, махсусан, шабакаҳои нейронӣ асос ёфтааст.

Он имконияти омӯзонидани чеҳраҳои нав, муайян кардани монандӣ, тафтиши мавҷудият дар пойгоҳи маълумотро дорад. Барномаи мазкур зимни санҷиш 90,9 фоиз самаранокии шинохтан бо чеҳраҳои гуногунҷабҳа ва 98,1 фоиз самаранокии бидуни тобишро нишон дод. Аз натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки барнома ба тағйирёбии ночизи рӯй, ба монанди ороиш, ороиши мӯй бе пӯшидани рӯ, табассум, ғам, пӯшидани чашм, риш, айнакҳои шаффоф тобовар аст. Аз ин лиҳоз, ҳоло ихтироъкори ин барнома тадқиқот бурда истодааст, ки барномаи мазкур чеҳраҳоро бо ниқоби тиббӣ ва дигар лавозимот низ шиносад. Ин барнома зимни татбиқ аҳамияти калон дошта, онро дар соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ истифода бурдан мумкин аст.

Зимни сӯҳбат У.Ахмедов иброз дошт, ки дар самти гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт як қатор корҳои тадқиқотӣ гузаронида шуд, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Хусусан, муваффақиятҳои илмие, ки таҳти роҳбарии академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физика ва математика, профессор З.Усмонов ба даст оварда шудаанд, назаррас аст. Шогирдони ӯ бори аввал ҷойгиршавии оптималии ҳарфҳои забони тоҷикиро дар клавиатура таҳлил намуда, дар ҷорӣ намудани забони тоҷикӣ дар системаи оператсионии Windows иштирок карданд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо ширкати умумиҷаҳонии Microsoft пакети барномаҳоро барои тафтиши автоматии имлои забони тоҷикӣ, тезаурус ва аз сатр ба сатр гузаронидани калимаҳо барои барномаи MS Office коркард намуданд.

Илова бар ин, барномаҳо барои синтез ва шинохти овоз, тарҷумаи автоматии матн, шинохти муаллиф аз рӯи матн коркард шудааст.

-Натиҷаи тадқиқоти илмии олимони ҷавони донишкада дар истеҳсолот ва ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандон васеъ истифода мешавад. Масалан, системаи қабули пардохтҳо тавассути терминали худхизматрасон (Express Pay), системаҳои автоматишудаи хизматрасониҳои коммуналӣ ва пардохти ғайринақдӣ дар нақлиёти мусофиркашони шаҳри Душанбе мебошанд, - афзуд номбурда.

Олимони ҷавони донишкада пайваста дар самти навоварӣ кӯшиш намуда, барои пешрафт ва шукуфоии кишвар саҳми арзандаи худро мегузоранд. Имрӯз муаммоҳои гузариш ба энергияи сабз ва расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат дар нақшаи кори илмию тадқиқотии донишкада мавқеи муҳимро мебозад. Дар ин самт олимони донишкада корҳои илмию тадқиқотиро доир ба ҳалли муаммоҳои самаранок истифодабарии энергия ва паст намудани талафоти қувваи барқ, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар иншооти шаҳрвандӣ ва саноатӣ, баланд бардоштани эътимодияти таҷҳизот ва шабакаҳои барқӣ иҷро намуда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегарданд.

 -Натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии олимони ҷавони соҳа дар идораи Шабакаҳои барқии вилояти Суғд ва корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла ҶДММ “Ҷавонӣ” татбиқи худро ёфтааст, - мегӯяд мавсуф. Ҳамчунин, Усмонҷон Ахмедов ҳангоми суҳбат баён намуд, ки олимони ҷавони донишкада дар ҳалли муаммоҳои таъмини амнияти озуқаворӣ низ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд, хусусан дар самтҳои технологияи истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ. Доир ба таҳлили сифати маҳсулоти хӯрока, коркарди технологияҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла, хӯроки функсионалӣ бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва таҷҳизоти муосир тадқиқот бурда мешавад.

Масалан, коркарди технологияи истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ бо арзиши биологии баланд, усули истеҳсол ва истифодаи хока аз хучи маҳаллӣ барои истеҳсоли шириниҳои шарқӣ, технологияи истеҳсоли маҳсулоти миллии ярмавӣ (истеҳсоли консентрат аз мош), усулҳои нигаҳдории ангур дар муҳити газӣ бо истифода аз мембранаҳои трекӣ ва бо яхкунонӣ вобаста ба намуди обёрӣ ба анҷом расонида шуда, дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ шудаанд. Дигар самти тадқиқот ба боғпарварӣ, аз ҷумла, ба парвариши зардолу ва ангур бахшида шудааст.

Хусусиятҳои парвариши ангурҳои баландтанаи нақшаи шинониданашон ҷуфтӣ ва парвариши зардолу аз рӯйи технологияи интенсивӣ дар шароити шимоли Тоҷикистон омӯхта шуда, тавсияҳо доир ба парвариши онҳо ба хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Суғд пешниҳод шудаанд. Дар ду соли охир зиёда аз 50 патент ва шаҳодатномаи зеҳнӣ ба даст оварда шуда, зиёда аз 350 мақолаи сатҳи байналхалқӣ, аз ҷумла 12 мақола дар нашрияҳои бонуфуз чоп гардидаанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh