МАОРИФ: ВАЗЪИ ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ ЧӢ ГУНА АСТ?

Маориф яке аз соҳаҳое мебошад, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ва дар рушди маънавиёти ҷомеа хизмати беандоза дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Имрӯз барои пешрафти давлат неру ва ташаббуси ҷавонони болаёқат ва соҳибилм лозиманд. Бинобар ин омӯзгорони мактабҳои миёна мебояд, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ омода намоянд.

Бо суоли то кадом андоза муассисаҳои мактабӣ ва кӯдакистонҳои вилоят ба зимистони имсола омодаанд, ба масъулини соҳаи маорифи вилоят муроҷиат намудем. Тибқи иттилои Шӯҳрат Сатторов сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят, мактабҳои вилоят барои зимистонгузаронӣ, мутобиқи нақша 16587,8 тонна ангиштсанг ва 7066 метри мукааб ҳезум захира намудаанд. Мавсуф зимни суҳбат изҳор дошт, ки баҳри дар мавсим гарм нигоҳ доштани муассисаҳои мактабию томактабӣ дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд дар анборҳои муассисаҳои вилоят ангишт, ҳезум, инчунин сӯзишвории дизелӣ захира шудааст. Бино ба иттилои масъулини соҳаи маорифи шаҳри Истаравшан, бобати сари вақт омода намудани муссисаҳои соҳаи маориф ба зимистонгузаронӣ 1467 тоннаю 849 килограмм ангиштсанг, 352,8 метри мукааб ҳезум захира шудааст.

Ҳамчунин, дар 29 муассисаи таълимӣ, чор гимназия, як литсей ва ҳафт кӯдакистон системаи марказонидашудаи гармидиҳӣ васл шуда, тавассути 78 деги хурди гармидиҳӣ синфхонаҳо ва ҳуҷраи корӣ гарм карда мешаванд. Инчунин, масъулин иттилоъ доданд, ки 32 генератори хурди барқӣ омода шуда, барои гарм нигоҳ доштани синфхонаҳои мактаб 1257 печи аловӣ ва 331 гармкунаки барқӣ насб шудаанд. Бино ба иттилои директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 Дилафрӯз Мирзобобоева, барои зимистони имсола 6300 килограмм ангишт ва се метри мукааб ҳезум захира шудааст. Ҳамчунин, имсол тавассути деги хурди гармидиҳӣ (мини котёл) 14 синфхона гарм мешавад. Дар ҳамаи синфхонаҳо печҳои аловӣ ва барқӣ насб шуда, синфхонаҳо бо гармии мӯътадил таъминанд.

Алимардон Абдуллозода - сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен иброз дошт, ки дар 33 муассисаи мактабӣ, як литсей, як парваришгоҳ ва даҳ кӯдакистон 621 ҳазор тонна ангиштсанг ва 181 метри мукааб ҳезум захира шудааст. Аз аввали мавсим дар ҳамаи мактабҳо ва кӯдакистонҳо печҳои аловӣ насб намуда, бо 72 гармкунаки барқӣ ва 800 гармидиҳандаи аловӣ низ таъминанд. Ҳамчунин, 11 муассисаи таълимӣ бо барқи озод таъмин ва 33 муассисаи дигар бо системаи гармидиҳии ягона пайваст мебошанд. Ӯғулой Усмонова - директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №21 ба номи Комилҷон Эшалиеви Ҷамоати деҳоти Курушдеҳаи Ҳаштияк зимни суҳбат иброз намуд, ки барои дар фасли зимистон гарм нигоҳ доштани синфхонаҳои мактаб 12 тонна ангиштсанг ва беш аз чор метри мукааб ҳезум захира шудааст.

Дар муассисаи мазкур 241 адад печи бухорӣ насб гардида, инчунин, дорои як генератор ва буғхона мебошад. Аснои шиносоӣ аз синфхонаҳои мактаб маълум гардид, ки печҳои бухории аловдор синфхонаҳоро гарм нигоҳ медоранд. Масъули гарминигоҳдории синфхонаҳои муассиса қайд намуд, ки ҳамарӯза саҳарии барвақт ба печҳо алов мекунем. Масъулини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бошанд, даҳ тонна ангишт ва беш аз се метри мукааб ҳезум захира намудаанд. Инчунин, ба миқдори 196 метри кубӣ тирезаҳоро салафанпӯш намуда, чор метри мукааб оинабандӣ шудааст.

Тибқи иттилои ҷонишини директори мактаб Фазилат Холматова, муассиса дорои 24 синфхона буда, дар он 835 нафар муҳассилин дарс аз худ мекунанд. - Ҳавои сарди зимистон моро водор месозад, ки аз саҳар барвақт то анҷоми дарс синфхонаҳоро гарм нигоҳ дорем. Дар ҳамаи синфхона ва кабинетҳои фаннӣ печҳои бухорӣ ва генератори барқӣ насб гардида, гармиро мӯътадил нигоҳ медоранд, - гуфт дар охири сӯҳбат Ш.Сатторов. охири сӯҳбат Ш.Сатторов.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh