Лоиҳаи қонуни дастгирӣ меёбад

Санаи 22 декабри соли равон ба унвони раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар мактуби расми оиди пешниҳоди лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор” аз Маҷлиси Намоядагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.

Донишҷӯи курси 4-юми шуъбаи рӯзонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар таҳти мавзӯи “Зарурияти қабули қонуни алоҳида дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор” рисолаи хатм ба итмом мерасонад. Донишҷӯ зимни паҷӯҳиш лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор”– ро, ки 6 бобу 39 модда фаро мегирад, омода намуда бо воситаи Раиси Маҷлиси Намояндагон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ба Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли равон пешниҳод намуда буд.

Тибқи дастури Раиси Маҷлиси Намояндагон пешниҳоди донишҷӯ дар хусуси қабули қонуни нав “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор” аз мавриди баррасӣ, таҳлил ва омӯзиш қарор гирифтаааст. Дар мактуб қайд карда шудааст, ки “ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакони ятим ва бепарастор масӣалаи актуалӣ ва муҳим барои ҷомеа буда, қабули санади меъёрӣ ҳуқуқӣ дар ин хусус саривақти мебошад. Зарурияти қабули қонуни пешниҳордгардида дар тавзеҳнома дарҷ гардида, муҳимияти он бо асосҳои зарурӣ нишон дода шудааст”.

Пешниҳоди Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии кӯдакони ятим ва бепарастор” ба Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар ҳамчун донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ қобили қабул ва дитгирӣ ёфтааст. Инчунин дар мактуб қайд карда шудааст, ки “натиҷаи омӯзиш нишон дод, ки лоиҳаи қонуни мазкурро мукаммал намудан лозим мебошад, зеро дар он масъалаи имтиёз ва маблағгузорӣ пешниҳод гардидааст, ки омӯзиши дақиқро талаб менамояд”.                                                       

Баъди коркард ва мутобиқаткунонӣ ба талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Лоиҳаи қонуни пешниҳоднамудаи донишҷӯ аз ҷониби Кумита оид ба масъалаи иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагон қабули қонуни нав “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқ ва дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Ҳайдарзода Муҳаммад Ҳайдар

Add comment


Security code
Refresh