Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо омӯзгорон аз Федератсияи Россия мулоқот кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо омӯзгорон аз Федератсияи Россия, ки дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд ба таълиму тадриси толибилмон машғуланд, мулоқот намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи маориф ва илм 14 нафар омӯзгорони рус дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии вилоят аз фанҳои забон ва адабиёти рус, биология, кимё, математика, алгебра, геометрия, технологияи иттилоотӣ, география ба хонандагон дарс мегӯянд.

Раиси вилоят дар мулоқот таъкид кард, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин муносибатҳои миёни кишварҳо дар соҳаҳои гуногун тавсеа ёфта, дар Тоҷикистон ба забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо таваҷҷуҳи зарурӣ дода мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ  «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015– 2020» тасдиқ гардида, дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст ва онро дар тамоми мактабҳои таҳсилоти умумӣ, шуруъ аз синфи дуюм меомӯзанд.

Таъкид гардид, ки дар асоси Созишномае, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ имзо шудааст, дар шаҳрҳои Душанбе, Кўлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода мактабҳои нав, ки таҳсилашон ба забони русӣ аст, бунёд мегардад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон оид ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии вилоят ба омӯзгорони рус маълумот дода,  қайд намуд, ки вилояти Суғд дар доираи созишномаҳои дуҷониба бо минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия, аз ҷумла Нижегород, Оренбург, Саратов, Астрахан, Иваново, Свердловск, Алтай, Доғистон ҳамкориҳои самаранок дорад. Ҷонибҳо аз имкониятҳои мавҷуда дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва илму маориф барои таҳқими ҳамкориҳо аз тамоми имониятҳо истифода менамоянд.

Раиси вилоят изҳори боварӣ намуд, ки омӯзгорони рус дар баробари таълими фанҳо бо забони русӣ барои таҳкими муносибатҳои дӯстонаи мардуми тоҷику рус низ хизмат менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh