ТАЛАБОТ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ХУСУСӢ МЕАФЗОЯД

Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, баҳри беҳтару хубтар намудани сатҳи таълиму тадрис барномаҳои мухталиф қабул шудааст. Боиси зикр аст, ки талабот нисбат ба таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ сол то сол зиёд шуда, аксар падару модарон фарзандони худро ба муассисаҳои таълимии хусусӣ шомил месозанд.

Ҳанӯз санаи 23 – юми сентябри соли 2014 қарори Раиси вилоят оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 – юми майи соли 2014 “Дар бораи Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” ба тасвиб расида буд. Дар доираи Барномаи мазкур давоми 6 сол дар миқёси вилоят таъсиси 280 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 135 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатӣ пешбинӣ гардида буд.

Бино ба иттилои Раёсати маорифи вилоят, дар муҳлати амали Барномаи рушди муассисаҳои хусусӣ 55 муассисаи таълимии томактабӣ ва 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ ва дар умум 60 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ таъсис шуда, фаъолият намуда истодаанд. Муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии “Афсона” – и шаҳри Зафаробод моҳи августи соли 2019 ба истифода дода шудааст. - Муассиса фаъолияти худро бо ҷалби 25 нафар тарбиятгиранда ва 50 нафар хонанда оғоз намуда буд.

Дар муассиса як синфи таълим бо забони тоҷикӣ, як синфи таълим бо забони русӣ ва як гурӯҳи омодагии томактабии омӯзиш бо забони русӣ ва як гурӯҳи миёна фаъолият менамояд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар муассиса ба ғайр аз таълими ҳатмӣ маҳфилҳои забони русӣ, забони англисӣ ва арифметикаи менталӣ ташкил шудаанд. Алҳол 135 нафар хонанда пас аз дарс ба дарсҳои иловагӣ ҷалб шудаанд, - гуфт директори муассиса Б.Рустамзода.

Боиси қайд аст, ки дар муассиса 12 нафар корманди дараҷаи олӣ ба корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ ҷалб шудаанд. Ҳамзамон барои ба сатҳи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ намудани сифати таълиму тадрис тарбиятгирандагон бо таҷҳизоти замонавии муосир ва аёниятҳои гуногуни таълимӣ таъмин ҳастанд.

Ҳамчунин Б.Рустамзода қайд кард, ки баҳри ба китобхонӣ ҷалб кардани хонандагон маҳфил ва озмунҳои дохилӣ баргузор мешаванд. Мастона Каримова сокини ноҳияи Зафаробод мегӯяд, ки се нафар фарзанд дорад ва ҳамаи онҳо дар мактабҳои хусусӣ таълиму тарбия гирифта истодаанд.

 - Фарзандонам дар мактаби хусусӣ хонда истодаанд, зеро соати машғулиятҳо нисбат ба мактабҳои давлатӣ дарозтар аст. Агар дар мактаб хонандагон то нисфирӯзӣ таълим гиранд, дар мактаби хусусӣ омӯзгорон то бегоҳ ба фарзандонамон таълиму тарбия медиҳанд. Баробари ин хонандагон бо хӯроки гарм таъмин ҳастанд. Азбаски дар соҳаи савдо ҳастам, бароям мактаби хусусӣ афзалият дорад, зеро соати кориам зиёд асту имконияти дар хона буданро надорам, - мегӯяд ӯ.

Дар шаҳри Исфара низ сохтмон ва бунёди муассисаҳои таълимии хусусӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Кӯлканди деҳаи Гулистон аз ҷониби соҳибкор Абдуваққоф Нишомов кӯдакистони хусусии “Гулистон” барои 150 нафар кӯдак моҳи апрели соли ҷорӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва маҳаллаи Зебунисо сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ оғоз гардида, айни замон корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар кӯчаи 50 - солагии Октябр бошад, сохтмони бинои кӯдакистони хусусӣ аз ҷониби омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 Рисолат Яҳёева идома дорад.

Айни ҳол девори ошёнаҳои якум ва дуюми бинои муассисаи мазкур бардошта шуда, корҳои ободонӣ давом дорад. Ҳамзамон, дар шаҳр мактаби байналмилалии хусусии “Академияи Контакт Интернэшнл” ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар 11 синфи он 136 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Боиси қайд аст, ки нақшаи иҷроиши барнома дар самти ташкил ва ба истифода супоридани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Конибодом, Хуҷанд, Ашт, Панҷакент, Спитамен, Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Исфара, Мастчоҳ, Гулистон таъмин шуда, аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Деваштич, Зафаробод, Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон барномаи мазкур иҷро нагардидааст. Иҷрои талаботи барнома дар миқёси вилоят, 30 фисадро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Раёсати маорифи вилоят айни замон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон таъкид гардид, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Раёсати маорифи вилоят рӯйхати соҳибкорон, саховатмандон, сармоягузорон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бахши хусусӣ, ки хоҳиши сохтмони бино барои ташкил намудани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусиро доранд, тартиб дода шуда, ба хоҳишмандон барои дар муҳлати кӯтоҳтарин аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бинои муассисаҳои таълимии хусусӣ аз мавзеи интихобшуда корбарӣ рафта истодааст.

Ҳоло ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 48 ариза аз тарафи соҳибкорон ва шахсони воқеӣ, ки хоҳиши сохтмони бино ва ташкили муассисаҳои хусусӣ кардаанд, ворид гаштааст.

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh