1–УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2021 СТИПЕНДИЯ БА АНДОЗАИ 30 ФОИЗ ЗИЁД МЕГАРДАД

Бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷавонони донишманд дастгирӣ ёфта, бо ҷойҳои кории хуб таъмин шуда истодаанд, ки ин ҳам ба пешравии ҷавонон мусоидат мекунад. Чунончи дар Паёми навбатии хеш Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки аз ҷониби роҳбарони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа дода шавад.

Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин, вазифадор карда шуданд, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот – аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад. Таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳимми Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.

Мо бояд тавассути стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», барномаҳои байналмилалӣ ва дигар имконоти мавҷуда таҳсили ҷавонони боистеъдодро дар хориҷи мамлакат вусъат бахшем.

 Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо пешниҳод гардид, ки аз 1–уми сентябри соли 2021 стипендияи онҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда шавад.

Ба Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи бештар ба хориҷи кишвар фиристодани ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд аз рӯи равияи илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ «Барномаи тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»–ро таҳия карда, дар муддати се моҳ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст,  дар тамоми зинаҳои таҳсилот, ба сифати он диққат дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем.  Аз ин хотир мо, омӯзгорон бояд тамоми кӯшишу ғайрат ва донишу маҳоратамонро баҳри он сафарбар намоем, ки ҳамеша сазовори чунин эҳтирому боварӣ бошем. Ҷавобан ба арҷгузориҳои Роҳбари давлат нисбат ба меҳнати омӯзгор мо  мутахассисони соҳаи маориф боз ҳам масъулияти ҷиддӣ эҳсос намуда, кӯшиш намоем, ки дар раванди таълиму тарбияи насли ватандӯсту меҳнатқарин ва маърифатнок саҳмгузор бошем.

 Зебо Воҳидова,
омӯзгори кафедраи технологияҳои иттилоотию
комуникатсионӣ ва барномарезии донишгоҳи ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh