ИХТИСОСҲОИ МУОСИР ТАЪСИС МЕЁБАНД

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар он муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар масъулони сохторҳои донишгоҳ ширкат намуданд. Муовини ректор оид ба таълим, профессор Абдуфаттоҳ Раҳимов оид ба фаъолияти солонаи донишгоҳ маълумот дода, аз ҷумла қайд кард, ки дар раванди таълими соли таҳсили 2020 - 2021 ба курси якуми донишгоҳ 3735 нафар донишҷӯ тариқи Маркази милли тестӣ дохил шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 181 нафар зиёд мебошад.

Фаъолияти таълимии донишгоҳ дар 18 факулта ва 80 кафедра ба роҳ монда шудааст. Ҳоло дар донишгоҳ аз рӯи 80 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва аз рӯи 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил ҷараён дорад. Қайд гардид, ки шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 23130 нафар буда, аз он 10302 нафар (3752 буҷавӣ) дар шуъбаи рӯзона ва 12828 нафар (1144 буҷавӣ) дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Тибқи Квотаи Президентӣ 870 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин миқдор 494 нафар духтар мебошанд. Дар соли таҳсили 2019 - 2020 донишгоҳро 4623 донишҷӯ хатм намуданд, ки аз онҳо 1997 нафар шуъбаи рӯзона ва 2492 нафар шуъбаи ғоибонаро хатм намудаанд.

Боиси қайд аст, ки соли равон навгониҳои назаррас дар самти таълим таъсис ва иҷозатнома гирифтан барои фаъолияти ихтисосҳои наву замонавӣ аз ҷумла ихтисосҳои рӯзноманигори телевизион, WЕВ – рӯзноманигорӣ, иттилоот ва робита, танқиди бадеӣ, забонҳои муосири хориҷӣ (тадрис бо (забонҳои арабӣ - хитойӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (арабӣ - фаронсавӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (форсӣ - фаронсавӣ), санъати мусиқӣ ва таҳсилоти томактабӣ ба назар мерасад. Алҳол донишгоҳ бо 7 Муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонид ва дар маҷмуъ, бо 70 донишгоҳ ва ташкилотҳои илмӣ - тадқиқотии хориҷӣ дар асоси шартномаҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Дар рафти нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти донишгоҳ, аз ҷумла таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, ҳолати санитарию эпидемиологии хобгоҳҳо, дигаргунӣ дар раванди таълимоти фосилавӣ, ташкили ихтисосҳои нав дар кафедраи журналистика, гирифтории кормандони донишгоҳ ба коронавирус, дастгирӣ ва имтиёз ба донишҷӯёни камбизоат ва ятимон, пардохти саривақтии идрорпулии донишҷӯён, асардуздии номзадҳо ва амсоли ин суолу ҷавоб доир гардид.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh