ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ - ТАЛАБИ ЗАМОН

Ҳанӯз соли 2003 – ум Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул шуда буд. Вале таҳлилҳо нишон доданд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд.

Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо супориш дода шуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи нави такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намоянд.

Вобаста ба ин дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд марказҳо ва курсҳои омӯзиши забони хориҷӣ зиёд шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишкадаву донишгоҳҳои олӣ нисбат ба омӯзиши забони хориҷӣ диққати махсус дода шуд.

Боиси қайд аст, ки талабот ба омӯзиши забони хориҷӣ сол то сол меафзояду хонандагону донишҷӯён баҳри аз худ намудани он мекӯшанд. Ин аст, ки солҳои охир сафи хонандагону донишҷӯёне, ки дар озмунҳои мухталифи байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, зиёд шуда истодаанд.

Абдувоҳид Раҳматов сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Ҷавонони асри навин ба азхудкунии технологияи муосир ва омӯзиш дар хориҷи кишварро бештар интихоб мекунанд. Фарзандам тӯли 11 сол дар мактаби хусусии Гёте, ки бештар забони олмониро меомӯзонанд, бо таҳсил фаро гирифта шуд. Имрӯз ӯ дар Ҷумҳурии Олмон забони олмониро пурра аз худ карда истодааст. Умед дорам, ки дар оянда донишҳои азхудкарда ва таҷрибаи гирифтаашро дар кишвари худ баҳри пешрафти забони хориҷӣ истифода хоҳад кард.

Доир ба талаботи имрӯзаи омӯзиши забони хориҷӣ корманди Ташкилоти Ҷамъиятии «Гурдофарид», омӯзгори забони англисӣ Робия Маҷидова гуфт, ки дар ҷомеаи кунунӣ нисбат ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ рӯз ба рӯз талабот зиёд шуда истодааст. Имрӯз хонандагони муассисаҳои таълимоти умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ дар хориҷи кишвар таҳсили илм мекунанду сатҳи забономӯзиашонро баланд мебардоранд. - Дар асоси забони давлатии худ омӯзиши забони хориҷӣ осон мегардаду ҷаҳонбиниро васеъ ва имкониятҳои навро мекушояд.

Ҳар як оила, падару модар ва ҳатто худи фарзандон дарк кардаанд, ки ба омӯзиши забони хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои англисӣ, русӣ ва олмонӣ аҳамият медиҳанд. Омӯзиши забон барои инсоне, ки мехоҳад ҷаҳонбиниашро васеъ гардонад, муҳим аст. Имрӯз барои нафароне, ки мехоҳанд забонро ба пуррагӣ аз худ кунанду аз рӯйдодҳои навин бохабар гарданд, имконият зиёданд. Аз ҷумла таҳсилоти фосилавӣ дар коллеҷу донишгоҳҳои бузурги давлатҳои хориҷ ва онлайн - омӯзишҳо барои азхуд кардани забони хориҷӣ зиёд шудааст. Соли 2012 дар назди Ташкилоти ҷамъиятии «Гурдофарид» Маркази омӯзиши забонҳо таъсис ёфта буд.

Аввал марказ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолият оғоз кард, сониян бинобар зиёд гардидани талабот соли 2017 дар шаҳри Гулистон ташкил шуд. Ташкилоти мазкур лоиҳаеро пешниҳод кард, ки дар асоси он хонандагоне, ки аз оилаҳои камбизоат ҳастанд, омӯзиши забони хориҷӣ ройгон ба роҳ монда шуд. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дастгирӣ шудааст ва амаликунандаи лоиҳа Ташкилоти ҷамъиятии «Гурдофарид» мебошад.

Яке аз нафароне, ки курси мазкурро хатм кардааст, Рухшона Ҳотамӣ мебошад. Ӯ мегӯяд, ки омӯзиши забони хориҷӣ барояш имкониятҳои зиёдеро дар бобати омӯзиш ва саёҳат дар хориҷи кишвар пеш овардааст. Барои насли нав ва ҷавононе, ки мехоҳанд ҷаҳонбиниашонро васеъ кунанду дар кишварҳои ҷаҳон барои сайқал додани дониши худ таҳсил кунанд, азхуд кардани забон ҳатмист, зеро донистани забон барои ояндаи неки онҳо муфид аст.

- Марказ лоиҳаи дигаре низ дорад, ки дар он 30 нафар рӯзноманигори вилоят ройгон забони англисиро аз худ мекунанд. Лоиҳаи мазкур аз соли 2016 ба роҳ монда шуда, давоми панҷ сол якчанд гурӯҳҳои журналистон ин курсро ба пуррагӣ омӯхта, соҳиби сертификат гардиданд. Ин барои тақвият ва ташаккул додани сатҳи забондонии онҳо муфид аст, - гуфт Робия Маҷидова. Соли равон низ 30 нафар журналисти вилоят курси яксолаи омӯзиши забони хориҷиро хатм карданд. Хатмкунандаи лоиҳа, рӯзноманигор Ӯғулой Раҷабова гуфт, ки омӯзиши забони хориҷӣ барояш хеле кӯмакрасон шуд, зеро бо лоиҳаҳои мухталиф сарукор дораду пеш аз омӯзиши забони англисӣ дар хондану тарҷума кардани онҳо мушкилиҳои зиёде пеш меомад.

Аммо имрӯз ӯ аллакай метавонад, озодона бо забони англисӣ гуфтугӯ ва матнҳоро тарҷума намояд ва ният дорад, дар соли дуввуми лоиҳаи Ташкилоти ҷамъиятии “Гурдофарид” низ таҳсилоти худро идома диҳад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh