ЗАБОНОМӮЗӢ ИМКОНИЯТ БАРОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Дар соҳаи маориф баҳри беҳтар намудани сатҳи таълиму тадрис барномаҳои мухталиф қабул шудаанд. Талабот нисбат ба таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ сол то сол меафзояд. Моҳи сентябри соли 2014 Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 - 2020 ба тасвиб расида буд.  

Дар доираи он дар вилоят таъсиси 135 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатӣ пешбинӣ гардидааст. Бино ба иттилои Раёсати маорифи вилоят дар муҳлати амали Барномаи рушди муассисаҳои хусусӣ дар умум 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ таъсис ва фаъолият намуда истодаанд.

Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд ҶДММ “Гимназияи эҳёи маънавият” дар маҳаллаи 12-ум барои 540 нафар хонанда ва Институти ибтидоии “Аркон”, воқеъ дар маҳаллаи Сирдарё барои 500 нафар хонанда мавриди истифода қарор гирифт.

Боиси қайд аст, ки баробари пеш рафтани технология ва торафт баланд гардидани сатҳи ҷаҳонбинии хонандагон орзуи таҳсил дар хориҷи кишвар зиёд гардида мегардад. Баробари ин талабот нисбат ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ беш гардида, падару модарон мекӯшанд, то фарзандашон дониши худро ҳамаҷиҳата сайқал диҳанд, зеро дар мактабҳои хусусӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз синфи якум шуруъ мешавад.

Мактаби хусусии «Ганҷ» соли 2006 ташкил шуда, дар он 36 нафар омӯзгор ба 350 нафар хонанда таълим медиҳанд. Дар ин боргоҳи илм аз синфи якум оғоз карда, дарсҳои технологияи информатсионӣ (омӯзиши компютер), забонҳои англисиву русӣ ба роҳ монда шудааст. Аз синфи сеюм бошад, хонандагон ба омӯзиши фанни забони олмонӣ шурӯъ мекунанд.

Яке аз хонандагони фаъоли муассисаи мазкур, хонандаи синфи 11 Назирҷон Исмоилҷонов барои гирифтани гранти омӯзишӣ ба маблағи 223 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби компуси осиёии донишгоҳи Дюка мушарраф гардид. 

Ӯ дар суҳбат гуфт, ки аз синфи 5 – ум бо омӯзиши забони хориҷӣ мустақилона шурӯъ карда буд. Дар синфи 9 – ум донишашро дар ташкилоти ҷамъиятии Tajқғpt дар самти омӯзиши иқтисодиёти ҷаҳонӣ бо забони хориҷӣ сайқал дода, барои дохил шудан ба донишгоҳҳои бузурги хориҷ донишу нерӯи худро сафарбар карда буд. 

- Барои ба донишгоҳҳои хориҷ шомил гардидан дар оғози синфи 11 – ум бояд донишгоҳро ҷустуҷӯ ва интихоб кунем. Дар донишгоҳҳои Амрико таҳсил кардан маблағи зиёдеро талаб мекунад ва на ҳар кас шароити пардохтани онро дорад, зеро як соли таҳсил дар хориҷ тақрибан 50 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин замина дар баъзе донишгоҳу донишкадаҳои хориҷ имконияти гирифтани стипендия мавҷуд аст, ки ман аз он самаранок истифода кардам. Вақте барои гирифтани стипендия ҳуҷҷат  пешниҳод мекунед, аз рӯи дониш онҳо довталабро ҳаматарафа месанҷанд. Дар ҳолати ба талабот ҷавобгӯ будан грант ҷудо карда мешавад, - гуфт Назирҷон Исмоилҷонов.

Ҳамчунин ӯ қайд кард, нафароне, ки дониши баланди забондонӣ ва иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳоро доранд, имконияти  ба даст овардани стипендияро пайдо мекунанд. Назирҷон Исмоилҷонов 4 сол дар донишгоҳи давлатии Чин аз рӯи ихтисоси технологияи информатсионӣ таҳсил хоҳад кард.

- Донишгоҳи интихобкардаам дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шаҳри Куншан ҷойгир аст. Азбаски донишгоҳ ба давлати Амрико тааллуқ дорад, таҳсил бо забони англисӣ сурат мегирад. Баробари ин дар давоми 4 соли таҳсил ду сол дар донишгоҳ забони хитоӣ низ ба донишҷӯён омӯзонида мешавад, - гуфт Назирҷон Исмоилҷонов.

Баробари ин ӯ дар ҳунари навозандагии асбоби миллии ғиҷҷак санъати баланд дорад. Ҳанӯз аз овони наврасиаш барои омӯзиши санъати волои ғиҷҷакнавозӣ дар мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералӣ ва Боймуҳаммад Ниёзӣ таҳсил кардааст.

- Назирҷон Исмоилҷонов яке аз хонандагони беҳтарини мактаб ба ҳисоб меравад, зеро дар ҳама чорабиниҳо фаъол буда, дар олимпиадаву озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок мекунад. Соли равон дар Академияи ҷумҳуриявӣ ва дар олимпиадаи шаҳриву вилоятӣ аз фанни технологияи информатсионӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён шуд. Маҳз дониши андӯхтааш боис шуд, ки ӯ ба донишгоҳи амрикоӣ дохил гардад. Дар ин ҷода омӯзгорон низ саҳми беандоза доранд, зеро онҳо барои пешравӣ ва ғолибияти хонандаи худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Барои ба дастоварди назаррас ноил гардидани Назирҷон саҳми омӯзгори фанни технологияи информатсионӣ Моҳира Икромова низ калон аст, - гуфт директори мактаби хусусии «Ганҷ» Фируза Файзизода.    

Ӯ қайд кард, ки омӯзгорон аз синфи 5 – ум берун аз дарс  хонандагонро барои иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ омода мекунанд, зеро маҳз иштирок дар олимпиада, омӯзиши забонҳои хориҷӣ боиси баланд гардидани савияи дониши хонандагон мегардад. Ҳамасола хонандагони муассисаи мазкур дар олимпиадҳо иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён мешаванд.

Боиси қайд аст, ки дар мактаб барои азхудкунии дониш ба хонандагон шароити хуби таҳсил ба роҳ монда шудааст. Хонандагон аз компютер, тахтаи электронӣ ва китобхона самаранок истифода мебаранд. Баробари ин дар ҳар як синф китобхонаи алоҳида мавҷуд аст, ки хонандагон дар вақти танаффус имконияти мутолиаи онро доранд.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh